«Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии миллӣ». Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ миёни сухансароён, шоирону орифони адабиёту фарҳанги оламшумули форсу тоҷик ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш беш 800 сол инҷониб маъруф аст. Ҷаҳони тафаккури ин алломаи ирфону адаб ҳамеша андешаҳои инсонгароиву инсонсозиро ба ҳукми шиори зиндагӣ ва ҳикмати пурбори маънавӣ ҷилвагар месозад. Ин нукта 21 сентябр зимни ҳамоише, ки бо ташаббуси Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Нақши Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии миллӣ» баргузор шуд, баён гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода иброз намуд, ки «даврони начандон тӯлонии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мо ба таърихи илму фарҳанги хеш, ки собиқаи чандинҳазорсола дорад, аз мавқеи тоза назар андозем ва аз ин ганҷинаи пурбори сухану маънӣ боз ҳам сермаҳсултар истифода намоем. Дар ин муддат мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ чандин ҷашнвораҳои бузургро, ки ба посдории ниёгон бахшида шуда буданд, гузаронид ва ҷаҳонро бо дастовардҳои дирӯзу имрӯзи худ аз наздик шинос намуд”.
Мавсуф гуфт, ки шинохти ҳамаҷонибаи Мавлоно ва дастрасӣ ба осори ӯ дар кишвари мо асосан ҳангоми ҷашни 800-солагии шоир, соли 2007, яъне дар замони истиқлолият ва баъд аз он бо тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуд. Осори пурраи ӯ ба хатти кириллӣ нашр гардид, пажӯҳишҳои зиёд дар бораи зиндагӣ ва ашъораш ба анҷом расонида шуданд, ноҳияи Колхозобод номи Ҷалолиддини Балхиро гирифт ва 30 сентябр Рӯзи Мавлоно эълон гардид.
Имрӯз орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза пиру ҷавон, марду зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ҳамчунин кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Туркия, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Италия ва ғайра барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ин орифи покманиш ҳамасола баргузор мекунанд, ки гувоҳи эътирофи Мавлоно Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонист.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир гуфт, ки “аз зумраи классикони адабиёт, бузургмардони адабу фарҳанги мо, ки дар ҷаҳон шӯҳрат доранд, Мавлоно Ҷаллуддини Балхӣ нодиртарин аст, зеро тамоми тадқиқотчиёни Ғарб ва Шарқ ба ин хулоса омаданд, ки ӯро назир нест. “Мисол, агар Фирдавсиро ба Гомер, Ҳофизро ба Гёте ва Саъдиро ба файласуфи фаронсавӣ қиёс карда бошанд, то ҳол назири Мавлоноро дар ҷаҳон наёфтаанд. Ақидаву ғояҳои инсонпарваронаи ӯ хеле волоянд, барои Мавлоно миллат, қавм, нажод, мазҳаб, равия аслан вуҷуд надошт, ба андешаи ӯ ҳама бандагони Худо маҳсуб мешаванд”.
Дар ҳамин маврид Мавлоно таъкид медорад, ки:
Эй басо ҳиндиву турку ҳамзабон,
Эй басо ду турки чун бегонагон,
Пас забони маҳрами худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Адиб ва рӯзноманигор Маҳмудҷон Ализода изҳор дошт, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз миёни орифон ягона касе буд, ки инсонро дар маҳзари ом, дар маҳзари мушоҳида гузошт ва ӯро аз ҳама чиз болотар гузошт. “Ҳамин нуктаро дар хати сурхи осораш қарор ва ба ояндагон ҳушдор медиҳад, ки ҳама бояд дар ваҳдату ҳамбастагӣ зиндагӣ кунем, дар дӯстию иттифоқ умр ба сар барем. Ӯ дар ҳамин маврид мегӯяд, ки “Паркандагӣ аз нифоқ хезад, пирӯзӣ аз иттифоқ хезад”. Агар мо муҳаббат ба ҳамдигр надошта бошем, агар аз нифоқи ҳамдигар дур нашавем, ҷудоӣ бармехезад. Аз ин рӯ неруи мо дар ваҳдат, ҳамбастагиву муттаҳидист, ки Мавлонои бузург бо сароҳат таъкид доштаанд”,- гуфт Маҳмудҷон Ализода.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 30 сентябр дар қаламрави кишвар Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфонс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҳамоише, ки бо ташаббуси Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Нақши Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии миллӣ» баргузор гардид, маърӯзачиён роҷеъ ба осори адабии Мавлоно ва нақши ӯ дар худшиносии миллӣ, шарҳи “Маснавии маънавӣ” аз назари ҳинду аврупошиносӣ, шуҳрати ҷаҳонии Мавлоно ва дигар паҳлуҳои осори ин орифи покзамир андешаронӣ намуданд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»