Нақши озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ташаккули тафаккури миллии насли наврас
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба ҳамаи соҳаҳо, бахусус соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, инкишофу такомули онро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор доданд. Сарвари давлат ҷавҳари ҳастии миллатро дар пойдории фарҳанги миллии он дониста, таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи моро маҳз аз китобдорию баҳрабардорӣ аз китоб ва китобофарии халқи тоҷик маънидод кардаву яке аз воситаҳои боэътимоди наҷот ва бақои миллат донистанд.
Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат тайи чанд соли охир бо мақсади рушди соҳаи китобу китобдорӣ дар кишвар чанд иқдоми шоиста, аз қабили қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ, таҷлили «Рӯзи китоб», чопи асарҳои бадеӣ, бознашри осори адибони классику муосири тоҷик бо унвони «Ахтарони адаб», бо теъдоди зиёд нашр намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рӯйи даст гирифтанд, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа бо камоли хушнудӣ истиқбол ёфтаву ба барномаи мукаммалу суфташудаи ҷомеаи навини мо мубаддал шудаанд.
Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ зикр менамоянд, ки «…тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад. Доир ба ин масъала ман дар Рӯзи дониш Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намудам, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва азёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд».
Дар ин самт Пешвои муаззами миллат роҳбарону масъулони соҳаро муваззаф гардонданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд. Дар робита ба ин, ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки дар он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон шурўъ аз мактаб то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда мешавад.
Дар ин росто, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро аз рӯйи се самт: миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.
Воқеан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷанбаи умумимиллӣ дошта, дар он новобаста аз касбу ҳунар, сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмию оммавӣ аксари кулли аҳолии кишвар ширкат меварзанд. Аз ҷумла, дар Низомномаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оид ба ҳадафҳо ва номгӯйи иштирокчиёни он зикр шудааст, ки: «Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намоядагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад».
Соли панҷум аст, ки даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад ва чун анъана ҷамъбасти он дар Театри давлатии академии Опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад. 15-уми ноябр соли 2023 даври ҷамъбастии озмун нишон дод, ки он ба ҳадафи асосии худ расида, теъдоди мутолиакунандагони доимии китоб дар кишвар бамаротиб афзудааст. Ва ин аз он далолат мекунад, ки ҳақиқатан мардуми тоҷик мисли гузаштагони хеш китобофар, китобдору китобхону китобдӯст мебошанд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» низ бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани озмуни мазкур бо фармоиши ректори Донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳамасола комиссияи озмун таъсис дода мешавад. Ба озмун зиёда аз 40-нафар донишҷӯ аз факултетҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, фарҳангшиносӣ, журналистикаи телевизион ва радио, санъати театрӣ ва режиссурӣ барои иштирок даъват карда мешаванд.
Дар ҷамъбасти даврҳои донишкадавӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада Наимова Фарзона, Ғафурова Сайро ва донишҷӯён Содирзода Ҳалима, Дилшодова Зуҳро, Самадзода Шукрона аз факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, Сайфуллоев Беҳрӯз, Шарифова Мавлуда, Ҳомидов Шамшер ва Шарифова Мавҷуда аз факултети журналистикаи телевизион ва радио, Кенҷаев Абдуқаюм аз факултети санъати театрӣ ва режиссура ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ноҳиявии озмун аз донишкада 2-нафар омӯзгор ва 2-нафар донишҷӯ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ширкат варзид. Аз байни онҳо омӯзгор Ғафурова Сайро ва донишҷӯён Самадзода Шукрона ва Шарифова Мавҷуда ширкат варзида, ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Омӯзгор Ғафурова Сайро ва донишҷӯён Самадзода Шукрона ва Шарифова Мавҷуда дар даври шаҳри ғолибият ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Ҳамин тавр Самадзода Шукрона дар номинатсияи «Эҷоди назм» дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, бо маблағи 20 000 (бист ҳазор сомонӣ) мукофотонида шуд. Ҳамчунин, Шарифова Мавҷуда низ дар ҳамин номинатсия сазовори ҷойи дуюм гардида, бо маблағи 25 000 (бисту панҷ ҳазор сомонӣ) мукофотонида шуд.
Ба ин муносибат 16-уми ноябри соли 2023 дар доираи чорабини бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори «Арғунун”-и Донишкада ҷаласаи идона бо ширкати ҳайати профессорон ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор шуд. Дар доираи чорабинӣ ректори Донишкада ба донишҷӯён Самадзода Шукрона ва Шарифова Мавҷуда, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолиб гардидаанд, сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим намуд.
Боиси қаноатмандист, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд ва мардум онро бо шавқи зиёд тамошо карданд.
Бо итминон метавон гуфт, ки инъикоси чунин озмунҳо барои баланд бардоштани завқи китобхонии мардум, бавижа насли наврас такони ҷиддӣ мебошад. Гузашта аз ин, озмуни мазкур барои тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мусоидат намуд. Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳавасмандгардонии иштирокчиён ва ғолибони озмун, истиқболи гарми онҳо дар шаҳру навоҳии кишвар, баргузории вохӯриҳои самимӣ ва тақдими гулу туҳфаҳои хотиравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Мутмаинем, ки дар соли равон теъдоди иштирокчиёни ин озмун бамаротиб афзуда, он дар фазои сулҳу субот бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»