Нақши Паём дар рушди низоми китобдорӣ
“Миллати тоҷик дар гузашта ва имрўз, пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ва маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳими ояндасоз хизмат намудааст.”
Эмомалӣ Раҳмон
Соҳаи фарҳанг дар ҳама давру замон аз соҳаҳои муҳим дар таърихи мавҷудияти давлату миллат ба ҳисоб меравад. Қобили таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқу миллат, муттаҳидсози неруҳои ақлонию зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаю навин ва фарогирандаи анъанаю расму оинҳо, муқаддасоти миллӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, аз ҷониби Роҳбари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба марҳилаҳои ниҳоии рушду пешрафт расондани coҳa иқдому ташаббусҳои бузург анҷом дода мешаванд.
Баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва тавассути сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат мақоми арзандаеро дар ҷомеа соҳиб шуд ва ба дастовардҳои бузурге ноил гардид.
Фарҳанги миллии тоҷик, бо вуҷуди собиқаи таърихӣ, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар хусусияти хоссаро касб карда, эҳёи суннатҳои тоҷикӣ, тақвияти худшиносӣ, ватанпарварию арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат ва ягонагию якпорчагии кишвар ба масъалаҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ табдил ёфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ, дар баробари таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бесобиқа нисбат ба дигар соҳаҳои ҷомеа, ба рушду такомули фарҳанги миллӣ низ аҳаммияти зарурӣ зоҳир намуда, дар як муддати кӯтоҳ ба эҳё ва шуҳратманд намудани фарҳанги миллӣ ноил гардиданд.
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардонидани шароити китобхонаҳои мамлакат ва бештар моил намудани аҳли ҷомеа ба фарҳанги китобдорию китобхонӣ низ дар кишвари соҳибистиқлоламон тадбирҳои зиёде роҳандозӣ гардида истодаанд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муҳимтарин санадҳои раҳнамо барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатии кишвар ба шумор меравад. Дар Паём масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди фарҳанги миллӣ ва ташаккули ҷомеаи донишбунёд мавқеи хос доранд, ки фаъолияти китобдорӣ бевосита ба онҳо иртибот мегирад.
Дар Паёми навбатии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ, – соли омодагиҳо ба сиюпанҷумин солгарди истиқлолу озодии Ватанамон ба соҳаи фарҳанги кишвар, китобу китобхонӣ бори дигар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда аз ҷумла қайд карданд:
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»–и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
Рӯй овардан ба таърихи халқи хеш, иншо ва чопи китобҳои «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва тақдиму дастраси мардум гардонидани он падидаи бузурги фарҳангии даврони исттиқлол ва муаррифи таъриху фарҳанги миллат ба шумор рафта, дар ташаккули маънавиёти ҷомеа, худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва таҳкими Истиқлоли миллӣ такони бузурге хоҳад дод.
Ҳадяи ин арзишҳои волои фарҳангӣ ба ҳар як оила, худ гувоҳи эҳё намудани таърих ва фарҳанги миллӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар маркази пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави баландошёнаи замонавии Китобхонаи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст, таъмиру навсозии муассисаҳои бахши китобу китобдорӣ ва таъмини ин муассисаҳо бо технологияҳои навтарини китобдорию китобхонӣ, инчунин, афзун намудани захираи китобхонавии кулли муассисаҳои соҳа шаҳодат аз он медиҳанд, ки ин бахши муҳимми соҳаи фарҳанги мамлакат аз таваҷҷӯҳи роҳбарияти сатҳи олии кишвар дур намондааст.
Боиси ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҳаштум аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баланд гардонидани доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Ин иқдомҳои шоистаи сарвари давлат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, таваҷҷуҳи мардум ба китобу китобхонӣ хело зиёд гардид ва ин гувоҳи он аст, ки мардуми мо аз қадим марифатпарвар, китобдўсту китобхон ва донишманд буданду ҳастанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равандҳои фарҳангиву иттилоотӣ масъалаи ҳифз ва тақвияту таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд, ки: азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Дар ин раванд китоб ҳамчун воситаи асосии интиқоли дониш, таҷрибаи таърихӣ ва арзишҳои миллӣ нақши калидӣ мебозад. Омӯзиши нақши китоб дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ барои рушди тафаккури миллӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангии ҷомеа аҳаммияти назаррас дорад.
Китоб дар рушди худогоҳии миллӣ ҳамчун воситаи бедорсозандаи ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ хидмат мекунад. Шиносоӣ бо таърихи миллат, марҳилаҳои ташаккули давлатдорӣ ва дастовардҳои фарҳангӣ тавассути китоб заминаи таҳкими худогоҳии шаҳрвандиро фароҳам меорад. Дар ин замина китоб ба унвони абзори муқовимат ба равандҳои бегонапарастӣ, фаромӯшии арзишҳои миллӣ ва заъфи ҳувийяти фарҳангӣ баромад менамояд.
Паёми Пешвои миллат барои рушди фаъолияти китобдорӣ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ва стратегӣ хидмат мекунад. Татбиқи пурраи дастурҳои Паём имкон медиҳад, ки китобхонаҳо ба марказҳои воқеии маърифат табдил ёфта, дар тарбияи инсони комил, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва донишманд саҳми арзанда гузоранд.
Паёми Президент ахтари дурахшони фарҳанги миллат аст ва ин ахтар роҳи моро мунаввар сохта, ба сӯйи ояндаи неку дурахшони миллат, ташаккули маънавиёт, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва рушди устувори ҷомеа мебарад.
Ҳомидова Замира: корманди шуъбаи маълумотдиҳию библиогирафии
МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.