Нақши Паёмҳои Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм (2000-2025)
Муаллифи рисолаи мазкур Ноилшоҳ Нурализода буда, он ба нақш ва аҳамияти маорифу илм ҳамчун рукнҳои асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо такя ба Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, равандҳои сиёсати давлатиро дар се марҳила: оғози ислоҳот (2000-2010); таҳкими сифат ва стандарт (2010-2020); рақамикунонӣ ва иноватсия (2020-2025) мавриди таҳлили таърихӣ-муқоисавӣ қарор додааст. Сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва илм дорои самти рушдёбанда, муттасил ва устувор мебошад, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мутобиқсозӣ ба меъёрҳои ҷаҳониро таъмин месозад.
Муаллиф дар муқаддима овардааст, ки маориф ва илм дар ҳамаи давлатҳои мутамаддин ба сифати рукнҳои бунёдии рушди устувор ва пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта мешавад. Дар шароити ҷаҳони муосир онҳо на танҳо обзори омодасозии кадрҳои баландихтисосу рақобатпазир ба шумор мераванд, балки нақши ҳалкунанда дар ташакулли тафаккури миллӣ, худшиносии ҷомеа, таҳкими арзишҳои давлатдории миллӣ ва тавсеи иқтидори зеҳнии кишвар мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин равандҳои ҷаҳони истисно набуда, тайи се даҳсолаи охир ба рушди маориф ва илм аҳамияти стратегӣ зоҳир менамояд. Ин соҳаҳо пайваста дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рузҳои аввали фаъолияти худ дар маснади Сарвари давлат ба рушди муассисаҳои илмию таълимӣ пояҳои устувори давлатдории навин ва арзишҳои маънавии ҷомеа нигоҳи амиқу дурнамо доштанд. Бо ташаббус ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти рушди маориф ва илм ислоҳоти фарогир амалӣ гардида, барномаҳои стратегии миёнаҳадаф ва дарозмуддат таҳия ва ба иҷро расонида шуданд. Дар ин замина, муҳаққиқ С. Ятимов саҳми Пешвои миллатро чунин арзёбӣ мекунад: “Давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бахти миллати тоҷик зиёда аз чоряк асрро дар бар мегирад, замони гул-гул шукуфоии асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон, аз ҷумла соҳаи мактабу маориф мебошад”.
Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз муҳимтарин санадҳои сиёсии стратегӣ маҳсуб меёбанд, ки тавассути онҳо самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа муайян мегардад. Ҳар як Паёми нав таҷассумгари мувозинати ҳасос миёни таҳлили воқеияти ҷорӣ ва дурнамои рушд буда, ҳамчун оинаи равшани равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар хидмат мекунад ва самти ҳаракати стратегиро мушаххас менамояд.
Аз рӯзҳои аввали истиқлол, хусусан, дар марҳалаҳои ҳасос баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, Паёмҳои Президенти мамлакат ҳамчун омили таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таҳарруки равандҳои ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ нақши муассир бозиданд. Ин анъанаи муҳимми сиёсии миллӣ, ки Пешвои миллат бо масъулияти баланд онро идома медиҳанд, имрӯз ба як унсури ҷудонашавандаи фарҳанги давлатдорӣ табдил ёфтааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки Паёмҳои сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ на танҳо дурнамои сиёсати давлатиро муайян месозад, балки ҳамчун роҳнамо дар таърихи муосири тоҷикон нақши таърихӣ дорад. Онҳо заминаи таҳлили сиёсӣ, омӯзиши илмӣ ва амал дар сатҳҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Дар Паёмҳои ҳарсола соҳаи маориф ва илм мавқеи меҳварӣ дорад. Пешвои миллат ба ин ду самт таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, афзалиятҳои стратегӣ ва дурнамои рушди онҳоро пайваста таъкид менамояд. Маориф ва илм дар Паёмҳо на танҳо ҳамчун бахшҳои инфрасохторӣ, балки ҳамчун пояи ташаккули тафаккури миллӣ, таҳкими арзишҳои маънавӣ ва неруи инсонӣ арзёбӣ мегардад.
Муҳақиқ ва сиёсатшинос С. Ятимов дар ин замина дуруст таъкид мекунад, ки “дар ин ҳуҷҷати роҳнамо (Паём-Н.Н.), мавқеъ ва манзалати инсон, маданият ва маърифати ӯ тавассути мактабу маориф-хамирмояи ҷавҳари одамӣ дар шоҳроҳи андешаи миллӣ ва бунёди давлати миллӣ дар ҷойи аввал меистад”.
Дар ҳақиқат,маърифати инсон, ки тавассути низоми маориф ташаккул меёбад, бунёду пояи андешаи миллӣ ва давлатдории миллӣ мебошад. Бидуни инсони соҳибмаърифат ва бофарҳанг, на миллат маънои воқеӣ меёбад ва на давлат метавонад пойдор монад. Инсонро аз остонаи мактаб тарбия намуд, бо китобу дониш роҳашро равшан сохт ва бо фарҳанги миллӣ муҷаҳҳаз гардонид. Аз ин рӯ Пешвои миллат бо масъулияти баланд таъкид менамоянд, ки “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад” .
Бо назардошти аҳамияти омӯзиши таҷрибаи солҳои гузашта истифодаи усули таърихӣ-муқоисавӣ ҳамчун як василаи муҳимми таҳқиқотӣ барои таҳлили амиқ ва арзёбии равандҳо, тамоюлҳо ва тағйироти сиёсати давлатӣ дар бахшҳои маориф ва илм шароити мусоид меорад. Ин усул имкон медиҳад, ки муҳтавои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2000-2025 бо назардошти заминаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ислоҳоти марҳалаи мавриди муқоиса қарор дода шуд, самтҳои асосии сиёсати маориф ва илм дар раванди таҳаввули миллӣ муайян гарданд. Дар робита ба ин, муҳаққиқ ва сиёсатшинос С. Ятимов ба дурустӣ таъкид менамояд, ки “боиси эътироф, эҳтиром ва қадршиносист, ки матни Паём дар чаҳорчӯбаи талаботи илмӣ, бо назардошти таҳаввулот ва дигаргунии мавзуъ, омода гардида, нуқтаҳои аслии он бо истифода аз методи муқоисавӣ-таърихӣ асоснок карда шудаанд.
Воқеан ҳам, чунин таҳлил ба дарки амиқтари заминаҳо, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар сиёсати давлатӣ мусоидат намуда, имкони воқеъбинона барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки ислоҳоти минбаъда ва таъмини рушди устувор дар бахшҳои маориф ва илмро фароҳам месозад
Бо такя ба муҳтавои Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар солҳои 2000 то 2025, раванди ташаккул ва такомули сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илмро метавон шартан ба се марҳалаи муҳимму асосӣ ҷудо кард :
Марҳалаи аввали ислоҳот (2000-2010).
Марҳалаи таҳияи заминаҳои ибтидоии сиёсати маориф дар шароити истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар ин давра иқдомҳои аввалин дар самти ислоҳоти сохторӣ, танзими низоми таълим, таҷдиди муасиссаҳои таълимӣ ва ҷустуҷӯи моделҳои миллии мутобиқ ба шароити нави таърихӣ андешида шуданд.
Марҳалаи таҳкими сифат ва стандарт (2011-2020). Ин даҳсола давраи таҳия ва таҷдиди асосҳои меъёриву ҳуқуқии низоми таҳсилот, ҷорӣ намудани стандартҳои давлатии таҳсилотӣ, такмили муҳтавои барномаҳои таълимӣ баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва сифати раванди таълим бо такя ба арзишҳои миллӣ ва ниёзҳои ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад
Марҳалаи рақамикунонӣ ва инноватсия (2021-2025). Марҳалаи мутобиқсозии низоми маориф ва илм ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ мебошад. Дар ин фосила, равандҳои ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, рушди таҳсилоти фосилавӣ, такмили инфросохторҳои рақамӣ ва ташкили муҳити мусоидати таҳқиқоти илмӣ ва навоварӣ ба марҳалаи сифатан нав ворид гардиданд
Рисолаи мазкуо барои муҳақиқону кормандони соҳа илму маориф пешбинӣ гардидааст.
Китоби Ноилшо Нурализода “Нақши Паёмҳои Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм (2000-2025)” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассисии Медиатекаи Президентӣ