Нақши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи ҳувийяти миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа табдил ёфтааст. Пешрафти технологияҳои иттилоотӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун ба зиндагии мардум аз як тараф имкониятҳои нав фароҳам меорад, аммо аз ҷониби дигар метавонад ба заиф гардидани арзишҳои миллӣ ва фарҳангии миллатҳо оварда расонад. Дар чунин шароит омӯзиш ва тарғиби мероси гаронбаҳои адабӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Яке аз чунин осори беназир “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки дар тули зиёда аз ҳазор сол ҳамчун сарчашмаи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ хизмат кардааст.

Қобили зикр аст, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллӣ буда, таърихи чандҳазорсолаи халқҳои эронитаборро дар бар мегирад. Фирдавсӣ дар ин асар воқеаҳои таърихӣ, афсонавӣ ва қаҳрамониро ба риштаи назм кашида, симои миллат, фарҳанг ва арзишҳои маънавии онро таҷассум намудааст.

Фирдавсӣ дар тамоми асар ба масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, нишон медиҳад, ки бақои ҳар миллат аз эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳанги он вобаста аст. Аз ин рӯ, Фирдавсӣ бо эҷоди ин шоҳасар тавонист забони форсӣ-тоҷикиро ҳамчун забони пурқудрати адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ устувор намояд. Дар замоне, ки Фирдавсӣ зиндагӣ мекард, забони форсӣ зери таъсири шадиди забонҳои дигар қарор дошт. Шоир бо эҷоди “Шоҳнома” тавонист мақоми забони форсиро баланд бардошта, онро ҳамчун забони адабӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам намояд.

Байти машҳури ӯ:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ,

нишон медиҳад, ки Фирдавсӣ забонро асоси ҳастии миллат медонист. Имрӯз низ Шоҳнома ҳамчун намунаи олии забони адабӣ барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва рушди тафаккури миллӣ аҳаммияти калон дорад.

Ғайр аз забон, дар асар расму ойинҳо, анъанаҳо, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои фарҳангии мардум таҷассум ёфтаанд. Аз ин рӯ, Шоҳнома ҳамчун махзани фарҳанги миллӣ барои наслҳои имрӯз ва фардо хидмат мекунад.

Яке аз мавзуъҳои меҳварии Шоҳнома ватандӯстӣ мебошад. Қаҳрамонони асар барои ҳифзи Ватан ва манфиатҳои миллат мубориза мебаранд. Образҳои Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Гударз ва дигарон намунаҳои баланди садоқат ба сарзамин ва мардум мебошанд.

Рустам ҳамчун ҳомии кишвар тамоми ҳаёти худро барои ҳифзи амният ва оромии Ватан сарф мекунад. Сиёвуш бошад, рамзи поквиҷдонӣ ва адолат мебошад. Ин образҳо ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эҳсоси масъулият нисбат ба ҷомеа тарбия мекунанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки баъзан арзишҳои миллӣ зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор мегиранд, чунин ғояҳои ватандӯстона аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Ҷаҳонишавӣ раванди ногузири рушди ҷомеаи башарӣ буда, дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нав барои робитаҳои адабиву фарҳангӣ ва ҳамкории байни миллатҳо, метавонад ба яксоншавии фарҳангҳо ва коҳиш ёфтани баъзе хусусиятҳои миллӣ низ сабаб гардад. Аз ин рӯ, барои ҳифзи ҳувийяти миллӣ ва пешгирӣ аз заиф шудани арзишҳои фарҳангӣ ҳар миллатро зарур аст, ки ба сарчашмаҳои таърихӣ, адабиву фарҳангӣ ва маънавии худ такя намоянд.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои “Шоҳнома” бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ мебошад. Хонандаи асар аз таърихи ниёгони худ огоҳ гардида, аз корномаҳои қаҳрамонони миллӣ ифтихор мекунад. Ин ифтихор ба гузашта барои ташаккули эҳсоси масъулият нисбат ба ояндаи миллат мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, “Шоҳнома” яке аз воситаҳои муҳими муқовимати фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Асар ҷавононро бо таърихи миллат, арзишҳои миллӣ ва қаҳрамонони халқ шинос намуда, дар онҳо эҳсоси ифтихори миллӣ ва худшиносиро тақвият мебахшад.

Тавассути омӯзиши Шоҳнома насли наврас дарк мекунад, ки миллати тоҷик дорои таърихи қадимӣ, фарҳанги ғанӣ ва мероси бузурги маънавӣ мебошад. Ин дониш барои ҳифзи ҳувийяти миллӣ дар муҳити ҷаҳонишавӣ нақши муҳим мебозад.

Аз ҷониби дигар, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ танҳо асари бузурги таърихӣ ва ҳамосавӣ нест, балки мактаби пурғановати ахлоқ ва маънавиёт мебошад. Дар саҳифаҳои ин шоҳасар масъалаҳои муҳимми зиндагии инсон, муносибати байни одамон, адолат, некиву бадӣ, масъулият ва нақши хирад дар ҷомеа бо забони баланду таъсирбахш баён шудаанд. Фирдавсӣ тавассути саргузашти шоҳон ва паҳлавонон арзишҳои волои инсониро тарғиб намуда, хонандаро ба роҳи некӣ ва камолоти маънавӣ раҳнамун месозад.

Яке аз муҳимтарин арзишҳои ахлоқии «Шоҳнома» хирад мебошад. Фирдавсӣ асари худро бо ситоиши хирад оғоз намуда, онро асоси тамоми некиҳо ва пешрафти ҷомеа медонад:

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Дар ҷаҳонбинии шоир инсон танҳо бо қувваи ҷисмонӣ не, балки бо ақлу дониш ва андешаи дуруст метавонад ба камол расад. Қаҳрамонони оқилу дурандеш дар асар ҳамеша соҳиби обрӯ ва эҳтиром мебошанд, дар ҳоле ки бехирадӣ сабаби шикаст ва нобудӣ мегардад.

Ҳамин тавр, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ на танҳо ёдгории бузурги адабӣ, балки мактаби худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳувийяти миллӣ мебошад. Асар дар тули асрҳо барои нигоҳдории забон, фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллат хизмат кардааст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳаммияти “Шоҳнома” боз ҳам бештар мегардад, зеро он ба ҷавонон имконият медиҳад, ки аз таърихи пуршарафи ниёгони худ огоҳ гардида, ҳувийяти миллӣ ва ифтихори ватандӯстии худро ҳифз намоянд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва тарғиби мероси Фирдавсӣ яке аз роҳҳои муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ дар ҷомеаи муосир мебошад.

Зуҳуров Абдухолиқ,

мутахассиси шуъбаи Дастхатҳои Шарқ

ва китобҳои нодири Муассисаи давлатии

“Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон