Нахустин иқдоми шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ дар соли 2025
Нимаи аввали рӯзи 4-уми январи соли 2025 бо ибтикороти шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 нафар аъзоён ва кормандони он ба тамошои намоишномаи солинавии театри дармавии русии ба номи Маяковский рафтанд.
Намоишнома бо дастгириву кӯмаки роҳбари театри драмавии русии ба номи Маяковский Гулнора Ахмедова ва Клуби нафақахӯрони фаъол “Ҳамдилон – Оптима”, ширкати Rukh agency баргузор гардид.
Ин аввалин иқдоми шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконоташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ дар соли 2025 аст, ки бо даъвати Клуби нафақахӯрони фаъол “Ҳамдилон – Оптима” ва сарвари ширкати Rukh agency Рухшона Мирзоширинова сурат гирифт.
Ширкати Rukh agency бо шуъбаи хизматарсонӣ ба шахсони имконоти маҳддуди Китобхонаи миллӣ ҳамкории хубу сармабахшро ба роҳ монда, чанде пеш-дар Рӯзи ҷаҳонии маъюбон низ, ки дар ошёнаи 9-и Китобхона доир гардид, саҳми арзанди хешро гузошт.
Дар намоишномаи солинавӣ, ки барои кӯдакони камбизоат, ятим ва дорои нуқсонҳои ҷисмонидошта ройгон барпо шуд, қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдакон Бобои Барфӣ, Барфак, Аҷузкампир ва роҳзан нақшофарӣ намуда, бо иҷрои нақшҳои ҷолибу хотирмон дар хотири кӯдакон нақш бастанд.
Дар поёни намоишнома ба кӯдакону наврасони бечораву ниёзманд, ятим ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд туҳфаҳои солинавӣ иборат аз халтачаҳои солинавӣ, шириниву мева ва нушобаҳои ширин аз ҷониби сарпарастон тақдим гардид.
Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ бо тетару синамохона ва сирки давлатӣ ва дигар ниҳодҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамкориҳои пурбори дуҷонибаро ба роҳ монда, зуд-зуд ба синамову театрҳо ва Сирки давлатӣ даъват мешаванд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот в аробита бо ҷомеа.