“Наҳви забони тоҷикӣ”

Баҳриддин КамолиддиновИн китоби устод Баҳриддин Камолиддинов аст, ки соли 2010 дар нашриёти “Собириён”-и шаҳри Душанбе чоп шудааст. Чун китоби дарсӣ ҳамаи ҷанбаҳои наҳви забони адабии ҳозираи тоҷикиро дар бар гирифтааст. Азбаски дар таълими забони модарӣ як қисми машғулият амалист, пас аз маълумоти мухтасари назарӣ доир ба ҳар мавзўъ барои машғулияти мустақилонаи донишҷўён супоришҳо дода шудааст. Дар қисмати замима усулҳои таҳлили ибора, ҷумлаҳои сода ва мураккаб зикр ёфта, аломатҳои шартии таҳлили он воҳидҳои наҳвӣ нишон дода шудааанд.

Профессор Баҳриддин Камолиддинов дар сарсухани кито навишта , ки аз нашри охирини китоби дарсии наҳви забони тоҷикӣ барои донишуёни факултетҳои суханшиносӣ (филология), рўзноманигорӣ (журналистика) ва омўзандагони забонҳои хориҷии Шарқу Ғарб хеле муддат гузаштааст. Дар ин миён чанд китоби дарсии мухтасар ва дастурҳои таълимии қисматҳои ҷудогонаи наҳви забони тоҷикӣ, ба миқдори кам ҳам бошад, нашр гардидаанд, вале онҳо эҳтиёҷоти омўзандагони ин ҳиссаи сохтори грамматикии забони тоҷикии имрўзаро пурра қонеъ гардонида наметавонанд. Бар замми ин,  донишҷўйи мактаби олии имрўзаи мо ба он ҳам  ниёзмандӣ дорад, ки китоби дарсии наҳви забони тоҷикӣ танҳо масъалаҳои назариро дар бар нагирифта, барои машғулияти мустақилонаи омўзиш дорои машқу супоришҳо низ бошад. Ин ҳама эҳтиёҷоти омўзандагони наҳви забони тоҷикиро дар назар дошта хостем, ки як дастури таълимӣ таълиф намоем, ки ҳам масъалаҳои назарии наҳвро ва ҳам ҷанбаҳои амалан корбаст карда тавонистанро дар бар гирад.

Дар сохтор ва ҷобаҷогузории маводи назарию амалӣ тартиби  анъанавии китобҳои дарсии наҳви забони тоҷикӣ риоя шуд. Танҳо дар шарҳи хелҳои ҳол аз ҷумлаҳои пайрави ҳол лозим донистем, ки дар навбати аввал диққати хонандагон ба хелҳои маъмулу бонуфузи ҳол, аз қабили ҳолҳои замону макон, сабабу мақсад, шарту хилоф ҷалб карда шавад, зеро ин навъҳои ҳол, бар замми он ки дар забон нуфузи бештар доранд, дар гуфтору навиштор зиёдтар истифода мешаванд, дар сохтори маъноию наҳвии ҷумла ва умуман ифодаи фикр ҳам мақеи муҳимтар доранд.

Ҳоло дар таълими сарфу наҳви забони тоҷикӣ чи дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ  ва чи дар мактабҳои  олии ҷумҳурӣ тартибу қоидаи ягонаи таҳлили матн риоя намешавад. Бинобар ин дар замимаи китоб усул ва аломатҳои шартии таҳлили ҷумлаҳои содаю мураккабро пешниҳод намудем. Ҳангоми интихоби тарзи таҳлил ва интихоби аломатҳои шартӣ таҷрибаи таълили забони модарӣ дар мамлакатҳои дигар ба назар гирифта шуд.

Азбаски дар таълими сарфу наҳви забон аз рўйи матн шарҳ додани ҷанбаҳои мухталифи грамматикӣ аҳамияти хоса касб намудааст, мо ҳам пас аз супоришҳое, ки бевосита ба масъалаи матраҳшавандаи наҳв алоқамандӣ доранд, гоҳе аз рўйи матн супоришҳои иловагӣ додем, ки ба такмили дониши шогирдон дар мавзуъҳои аллакай омўхташуда ёрмандӣ кунанд. Маҳз ҷиҳати амалии омўзиши наҳви забони тоҷикиро  дар назар дошта баъзан баён, аз ҷумла комилан мутобиқат доштани сохтори ибора ё ҷумла ба қоидаҳои грамматикӣ ва меъёрҳои наҳвии забони адабии тоҷикӣ марбутанд. Дар ин маврид бештар аз маводи забони матбуоти имрўза ва баъзан аз матни асарҳои бадеӣ истифода карда шуд.

Китоби Бадриддин Камолиддинов “Наҳви забони тоҷикӣ”-иро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул  Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои  фарҳангӣ.