Наимҷон Махкамов. Писар пайрави падар

Дар олами мусиқӣ ва ҳунар бисёр кам иттифоқ меуфтад, ки фарзандон пайроҳаи падарро тай кунанд ва аз гузаштагон муваффақтар шаванд. Агар дар бораи падари ҳунарманди маъруф Наимҷон Махкамов маълумот камтар дорем, вале роҳи тайкардаи писари ӯ гувоҳ аст, ки талошҳои падар дар касбомӯзии фарзанд шоистаи таҳсин будааст.

НАИМҶОН МАХКАМОВ 15 июни 1952 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшани вилояти Суғд) дар оилаи аҳли санъат ба дунё омадааст.

Ў нозукиҳои санъати мусиқӣ ва сарояндагиро аз падараш Махкам Ғафуров (сароядаи халқӣ) омўхтааст. Падари ҳунарманд на ин ки созҳои мусиқиро ба наво меовард, балки худ бо чирадастии ҳайратовар онҳоро месохт.

Пас аз хатми факултети механикии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикстон (1973), чун муҳандис дар фабрикаи трикотажии шаҳри  Уротеппа ба номи «60-солагии СССР» (солҳои 1973-1986) кору фаъолият намудааст.

Аз соли 1987 муассис ва роҳбари бадеии Ансамбли тарона ва рақси «Дилшод»-ро ба зима гирифтааст. Наимҷон Махкамов дар мусобиқаҳои ҳунарии ҳаваскорони санъат ҳамчун сароянда ва роҳбари бадеӣ мунтазам баромад мекунад. Ӯ иҷрокунандаи сурудҳои классикию  халқии  тоҷикӣ, таронаҳои халқҳои ҷумҳуриҳои бародарии Иттиҳоди Шуравии собиқ ва Шарқи хориҷа буда, барномаҳояш аз таронаҳо дар васфи ватан, ишқу муҳаббат, насиҳату ахлоқ ва ғайра саршоранд.

То кунун таронаҳои эҷодкардаи ӯ «Ватан» (оҳанги Наимҷон Махкамов, шеъри Файзулло Ансорӣ). «Комсомол» (оҳанги Наимҷон Махкамов, шеъри Сайдали Маъмур), «Шукр ба даврони мо» (оҳанги Наимҷон Махкамов, шеъри Ғафор Мирзо), «Дили Модар» (оҳанги Ҷурабек Муродов, шеъри Мирзо Турсунзода), «Ба Дилбар (оҳанги Наимҷон Махкамов шеъри Абулқосим Лоҳутӣ), «Наргиси Шаҳло» (оҳанги Наимҷон Махкамов, шеъри Наимҷон Назирӣ), «Ушоқи Содирхон» шеъри Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Чоргоҳи 1» (шеъри Камоли Хуҷандӣ), «Ушшоқи Мулло Туйчӣ» (шеъри Алишери  Навоӣ), сурудҳои  «Модарам» (шеъри И.  Отабоев), «Марши комсомол» (шеъри С.  Аюбӣ), «Ба Мирзо Турсунзода» (Н.Тихонов), «Боди насим» (ғазали Ҳофиз) ва ғайра намунаҳои беҳтарини маҳсули эҷодии ў мебошанд.

Дар тули фаъолияти 50-солаи худ зиёда аз 300 тарона эҷод ва иҷро кардааст. Ў устодони ҳунар марҳум Боймуҳаммад Ниёзов ва Ҷўрабек Муродовро утодони худ медонад.

Зиёда аз 80 таронаи Наимҷон Махкамов дар Фонди тиллоии радиои тоҷик сабт ва маҳфуз аст.

Наимҷон Махкамов соли 1983 ба унвони Сарояндаи мардумии Тоҷикистон ва дар соли 1998 ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ сарфароз шудааст.

Дар таҳияи ин матлаб аз ин матолиб истифода шуд:

Махкамов Наим: Маълумотнома // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. – Ҷ.2. – С. 221.

Ҳақназаров, Ш. Найистони наво // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 19 январ.

Таҳияи Наимҷон Набиев

корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ