Намоиш бахшида ба ҷашни “Меҳргон”

МеҳргонБо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рўзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол моҳи октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар ҷашни Меҳргон деҳқон ҳамчун пири кишоварз мавқеи меҳварӣ дорад. Аз ин ҷашн нишонаҳои зиёде дар Осиёи Миёнаву Афғонистон ва Эрон боқӣ мондаанд, ки гувоҳ аз густариши фарҳанги кишоварзӣ ва мавҷудияти гурӯҳи иҷтимоии деҳқонон мебошанд.

Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст.

Намоиши китоб бахшида ба иди ниёкон – Меҳргон  дар шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ, воқеъ дар ошёнаи панҷуми Китобхонаи миллӣ ташкил шуд. Аз китобҳои дар намоиш буда хонанда ба ҷуз ин ки бо таърихи ҷашни Меҳргон ошно шавад, боз маълумотҳои хубу ҷолиб барои ипҳофили ҷашнӣ ва баргузидаи ашъори бузургон дар васфи Меҳргонро низ метавонанд мутолиа намояд.

Абдуғаюр Саломов