Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Китобхонаи миллӣ
4-уми сентябри соли 2025 дар доираи баргузории Рӯзи китоб ва оғози Рӯзи дарҳои боз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ доир шуд.
Рӯзи Дарҳои боз имкони хубест барои муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ. Дар он корхонаҳо ва ширкатҳои гуногун маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд, аз ҷумла ширкати ватании Мегафон, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, корхонаҳои қаннодии “Амирӣ” “Шоколатье” ва Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон.
Инчунин шуъбаҳои адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, матбуоти даврӣ, нигоҳдории китоб, китобҳои бачагона, Маркази “Тоҷикшиносӣ”, рисолаҳои илмӣ, адабиёти ҷаҳон, китобҳои нодир, дастурҳои библиографӣ, адабиёти техникӣ китобҳо ва рузномаву маҷалаҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Ширкатҳои мобилӣ ва корхонаҳои қаннодӣ бо истифода аз фурсат маҳсулоти худро ҳам муаррифӣ намуданд.
Ганҷина Ҷолаева, мутахассиси
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.