Намоиши китоб ба муносибати Рўзи гиромидошти Абулқосим Лоҳутӣ
Ба муносибати зодрӯзи нобиғаи адабиёт, шоири тавоно ва адиби инқилобӣ устод Абулқосим Лоҳутӣ имрӯз дар шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” намоиш китобҳои адиб ташкил шуд. Хонандагон имкон доранд зарфи чанд рӯзи оянда бо ин гӯша, ки аз муҳимтарин китобҳои шоир ва адабиёт дар бораи ӯ мураттаб шудааст, дидан кунанд.
Устод Лоҳутӣ, бешубҳа, рамзи ваҳдати адабию фарҳангии мардуми форсизабони ҷаҳон, махсусан Тоҷикистону Эрон, мебошад. Соли 1987, мутобиқи Қарори вижаи ЮНЕСКО, тамоми мардуми мутамаддини олам 100-умин солгарди зодрӯзи марди муборизи ҷабҳаи озодӣ ва тараннумгари сулҳу саъодати башарро ба таври мутантан таҷлил намуданд.
Яке аз калонтарин асарҳои шоир достони «Парии Бахт» аст, ки дар сабки достонҳои афсонавии рамзӣ-тамсилии халқӣ нигориш ёфта, ба воситаи образу ифодаҳои рамзиву тамсилӣ муборизаи халқи русу мардумони дигари Иттиҳоди Шӯравиро дар роҳи ба даст овардани бахту саодат ва озодию ҳуррият тасвир намудааст. Силсилаи дигари шеърҳои устод Абулқосим Лоҳутӣ ба тасвири воқеаҳои байналхалқӣ («Фестивали ҷавонони демократи ҷаҳон дар Берлин», «Ба халқи Куба»), ба Эрон ва муборизони роҳи озодии он («Зиндагӣ пирӯз мешавад», «Ба халқи зодгоҳам», «Ба дафъи қувваи бегона бархез!») бахшида шудаанд.
Имрӯз бисёре аз деҳаву мактабу муассисаву кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ номи некашро зинда медоранд. Инчунин Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон, ҷоизаи махсуси Иттифоқи журналистон номи ӯро дорад. Китобхона ва Осорхонаи ӯ дар шаҳри Душанбе зиёратгоҳи умум аст.
Абдуғаюр Саломов