Намоиши китоб бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар Китобхонаи миллӣ
Дар ошёнаи якуми бинои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода намоиши китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо ташкил шуд.
Дар ин намоиш китобҳои устод Боқӣ Раҳимзода, ки дар бойгонии Китобхонаи миллӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳамчунин ба ифтихори ин ҷашн шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ рӯзномаву маҷаллаҳоро, ки ба вобаста ба ин шахсияти бузург маводҳои гуногунро чоп намудаанд, ба намоиш гузоштааст.
Хонандагон ва меҳмонон ба Китобхона омада, метавонанд аз ин гӯшаи намоиши дидан намуда, бо осори ин шоири бузург аз наздик ошно гардида, инчунин мақолаву очеркҳои гуногунро аз саҳифаҳои матбуот бихонанд.
Маврид ба зикр аст,ки Боқӣ Раҳимзода аз зумраи чеҳраҳои адабии маъруфи тоҷик буда, бо осори мондагори худ маҳбуби ҳазорон дилбохтагони адабиёти тоҷик мебошад. Аз ҷумла, осори ӯ бо номҳои «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан»-1955, «Чашма» — 1957, достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» — мунтахабот, 1966, «Илҳом»- 1973, дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул», дуҷилдаи «Осор» (1982—1983), «Шеъру достонҳо»-1983 ва ғайра ба табъ расидаанд.
Марҳамат намоед, гӯшаи намоишии мо баҳри фароғати маънавии шумост…
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа