Намоиши китоб бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Намоиши китобҚувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои асосӣ ва қудратии давлат аст. Ин сохтори бонуфуз дар лаҳзаҳои сангину ҳассос ва қисматсоз 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта, вориди амал шуд.

Хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи мамлакат мактаби муҳими ҳаётист. Маҳз дар ҳамин ҷо инсон сабақи ҳаётӣ, ҷавонмардиву матонат мегирад ва худро барои тамоми умр ба ҳифзи марзу буми кишвараш омода месозад.

Тавле Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд: “Хизмат ба халқ, саъю кӯшиши пайваста ба хотири ҳифзи истиқлолият, якпорчагии қаламрави Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати тамоми сокинони он ва дастгириву пуштибонии сулҳу оромӣ-бузургтарин вазифа ва муқаддастарин қарзи ҳар кадоми мову шумост.

Ва ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси худро фаромӯш кунад.”    

Шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ намоиши китоб баргузор кард. Хоҳишмандон метавонанд бо чанд китоби соли чопашон гуногун, ки аз гузаштаву имрӯзи Артиши миллӣ ҳикоят мекунад, аз наздик ошно шавад.

Азиза НИЁЗОВА,
мутахассиси шуъбаи
тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ