Намоиши китоб бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ намоиши китоб ташкил намуд, ки дар он китобҳои мухталиф дар мавзӯи ваҳдати миллӣ гирдоварӣ шудаанд.
Хонандагон метавонанд китобҳои “Достони ваҳдати миллат”, “Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ”, “Баёзи ваҳдат”, “Ваҳдат, давлат, президент”, «Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ», Раҳмонов Эмомалӣ Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. Иборат аз се ҷилд. Ҷилди дуюм, “Ваҳдати миллӣ: Китобнома”, “Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон” ва ғайраро, ки солҳи гуногун аз ҷониби муаллифони гуногун навишта шудаанд, мутолиа намоянд.
Азиза Ниёзова