Намоиши китоб бахшида ба зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода
Шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 11–умин солгарди таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода намоиши китоб ташкил намуд.
Устод Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефахриду миллат бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ўро дар бар мегирад. Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии халқи тоҷик, балки идеалҳои инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик беш ба панҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд.
Устод Мирзо Турсунзода на танҳо як шоири тавоно буд, балки муддати 31 сол Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро сарварӣ кард ва даҳҳо қаламкаши ҷавонро ба шоҳроҳи бузурги эҷодӣ раҳнамоӣ намуд. Аз миёни шогирдонад даҳҳо тан шоиру навсандае шуданд, ки имрӯз бо номашон ифтихор мекунем.
Мактаби адабии Мирзо Турсунзода мисли мактаби устод Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик роҳу равиши тозаи эҷодӣ ва навҷўиро бунёд гузошт. Ӯ на танҳо ҳамчун шоири бузург, балки арбоби шоистаи давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ ва ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шўҳрат дошт.
Абдуғаюр Саломов