Намоиши китоб дар Рӯзи забон

Намоиши-китобҲар к-ӯ ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.

Забон рукни асосии миллат ва давлат аст, тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи забон иброз дошта буданд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои истифода мешавад ва омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Ҳамаи коргузорӣ ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар вазорат, муассиса ва сохторҳои давлатӣ бо забони давлатӣ баргузор мегарданд.

Ба ин муносибат шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худи шуъба, намоши китоб доир намуданд. Маҷмӯи осори гуё аз мавқеву мароми Забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.

Абдуғаюр САЛОМОВ,
сардори шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ