Намоиши китоби Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Ҷавонон
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони вазорату кумитаҳо, меҳмонону сокинони пойтахт ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ин ҳамоиш ярмарка ва намоиши китобҳо бахшида ба “Моҳвораи ҷавонон” таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия” низ доир шуд.
Намоиши китоб бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани онҳо роҳандозӣ шуд. Дар намоиши мазкур Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази “Тоҷикшиносӣ” ва шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунарӣ Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Зиёда аз 150 номгӯи китобҳо доир ба корнамоиҳои Пешвои миллат, китобҳо аз силсилаи Тоҷнома, тоҷикон дар масири таърих ва вобаста ба соҳаи санъату фарҳанги кишвар ба маърази тамошо гузошта шуд, ки меҳмонони маҳфил аз онҳо дидан карданд.
Бояд қайд кард, ки ин тадорукот бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – С. Чоршанбезода, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе – Р. Ғаниев, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Саторов ва Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, чунин маҳфилу ҳамоишҳои фарҳангӣ давоми ҳафтаи охир аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои дахлдор ҳамарӯза баргузор карда шуда, доир ба нақши ҷавонон ва арзишҳои миллӣ сухан гуфта мешавад.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки бо иштироки аҳли фарҳанг пешкаш гардид, боиси болидарӯҳии сокинон ва меҳмонони пойтахт шуд.