Намоиши китобу маҷаллаву рӯзномаҳо бахшида ба Конференсияи байналмилалӣ

Бахшида ба Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳуввиятофари миллат»  дар Китобхонаи миллӣ намоиши густардаи китобу рӯзномаву маҷаллаҳо ташкил шудааст. Қарор аст ин Конференсия имрӯз, соати 14:00 оғоз ба кор кунад.

Ин лаҳзаҳо аввалин меҳмонони Конференсия вориди Китобхонаи миллӣ шудаву аз намоиши китобу мсаҷаллаву рӯзномаҳо дидан мекунанд.

Хонандагон фурсат доранд то оғози Конференсия бо даҳҳо номгӯ китобҳои Пешвои муаззами миллат ва дар бораи фаъолияти сиёсиву иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар маводдҳои чопӣ ошно шаванд.

Аз ҷумла, китобҳои: “Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ”, “Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин”, “Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ” дар се ҷилд, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, дар ду ҷилд, 21 ҷилди китоби “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, солҳои 2002–2022, “Масъулият барои фардои миллат”, “Дар бораи дин”, “Мероси Ҷалолуддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, “Забон нигаҳбони ҳувияти миллист”, “Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ”, “Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор”, “Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам”, “Варзиш – қосиди сулҳу дӯстӣ”, “Забони миллат – ҳастии миллат” дар ду ҷилд, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои Истиқлол”, “Саразм – хазинаи тиллои таърихи халқи тоҷик” ва даҳҳо номгӯ китобу маҷалаву рӯзномаҳои дигар ба ин намоиши китоб ҳусну ҷилои тоза бахшидаанд.

Шукрона ШЕРЗОДА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа