Намоиши ройгони «Арвоҳи беқарор» барои хонандагони дорои имконоти маҳдуди Китобхонаи миллӣ

Арвоҳи беқарорИмрӯз дар театри академӣ- дармавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ намоиши «Арвоҳи беқарор» дар таҳияи  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзами Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва гурӯҳе аз аъзоёни шӯъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд.

Намоишнома аз рӯйи асари актёр, коргардон ва драматурги англис Ноэл Кауард таҳия гардида, дар бораи хурофоту тахаюл ва боварҳои мардум қисса мекунад. Қаҳрамони намоишнома мардест, ки арвоҳи ҳамсари аввал ба хонааш омада, боиси ғавғову шўр ва дарди бисёре мегардад. Бозингарони нақшҳо ҳама ҳунарпешаҳои ҷавон буданд, ки кўшиш мекарданд нақшашонро олӣ бибозанд.

Арвоҳи беқарор

Тамомошои намоишнома барои аъзоёни шуъбаи хизматрасонӣ ба имконияташон маҳдуди китобхонаи миллӣ ройгон буд. Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ба роҳбарияти театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ   ҷиҳати кўмаку ҳамкорӣ изҳори сипосу миннатдорӣ менамояд.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот
ва
робита бо ҷомеа