Намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо дар толори хониши матбуоти даврӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдат

Ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ дар шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши рўзномаву маҷаллаҳо ташкил гардид.

Ҳадаф аз баргузории намоиш тарғиби арзишҳои ваҳдату ҳамдилӣ, муаррифии дастовардҳои даврони  истиқлол ва баланд бардоштани завқи мутолиаи хонандагон мебошад.

Дар намоиш шумораи зиёди нашрияҳои ватанӣ, ки мавзуъҳои сулҳу субот, ваҳдат ва пешрафти кишварро инъикос менамояд, ба намоиш гузошта шуданд.

Барои хонандагон ва пажӯҳишгарон зарфи чанд рӯз имкони хубе фароҳам оварда шудааст, ки беҳтарин мақолаву таҳлилҳо дар  матуботи даврӣ дар мавзуи Ваҳдати миллӣ пайдо ва мутолаа кунанд.

Чунин иқдомҳо дар тарбияи  маънавию  ватандўстии насли ҷавон ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ мо кормандони Шуъбаи матбуоти даврӣ,  хостанд дар ин гуна иқдомҳо ҳиссае гузошта бошанд.

Гуфтанист, ки шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ дар толорҳои хониши худ дар ҳар ҷашну маросимҳо ин гуна намоиши мавзуии рӯзномаву маҷаллаҳоро ба роҳ мемонад.

Рухшона Каримова,

сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.