Намоиши сайёри “Нақши халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар Ғалабаи бузург”  

Китобхонаи миллии Белоруссия бахшида ба 80-солагии Ғалабаи Хокимияти Шуравӣ бар истилогарони фашистӣ, ҳамчунин иштироки халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар ин мубориза ва воқеаҳои муҳими шикастдиҳандаи замони ҷанг моҳи феврали соли 2025 таҳти унвони “Нақши халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар Ғалабаи бузург” лоиҳаи намоиши аксҳои хуҷҷатии давлатҳои пасошуравиро созмон додааст.

Ин лоиҳаи намоишӣ ба саҳми халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар Ғалабаи бузург бахшида шуданақши марказии Иттиҳоди Шуравиро дар наҷот додани инсоният аз натсизм қайд мекунад.

Дар намоиш фактҳои асосии иштироки ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Чанги Бузурги Ватанӣ, ки китобхонахои онхо (Белорус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон) ба хайати Асамблеяи Китобхонаҳои Авруосиё шомиланд, инъикос меёбанд. Ҳар як аз ин 18 лавҳа бо истифода аз маводи картографӣ ва фотографӣ, ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои тасвирӣ (аз қабили маркаҳо), маводдҳои нодир ва қаблан нашрнашуда омода шудаанд.

Аксҳову ҳуҷҷатҳое, ки дар лавҳаҳо гузошта шудаанд, воқеаҳои мухимтарин ва асосии Чанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла:  ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ, оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ, вусъати миқёси ҷанг, гардиши куллӣ дар ҷанг, шикаст хӯрдани стратегияи ҳуҷуми блоки фашистӣ ва ба дасти мамлакатҳои коалитсияи зиддигитлерӣ гузаштани ташаббуси стратегӣ, ба охир расидани Чанги Бузурги Ватанӣ, аз истилои немис озод карда шудани мамлакатҳои Апрупо ва рӯ ба гурез ниҳодани фашистони олмониро инъикос мекунанд.

Ҳар яке аз ҷумҳуриҳо лавҳаҳои алоҳидаи худро дошта, дар он қаҳрамонони чанг инъикос шудаанд. Диққати махсус ба плакатҳои нодири замони ҷанг, ки дар солҳои 1941—1945 нашр шудаанд, дода мешавад.

Ҳамзамон барои сабтҳои овоз ва нотаҳое (номаҳои дипломатии як давлат ба давлати дигар), ки солхои 1941—1942 дар Алма-Ато, Боку, Сталинобод (Душанбе), Тошкент, Фрунзе (Бешкек) ва соли 1944 дар Арманистон нашр шудаанд, лавҳаҳои алоҳида ҷудо гашта, матнҳо бо забонҳои миллӣ пешниҳод ва ба русӣ тарҷума шудаанд.

Бояд гуфт, ки ин намоиши аксҳову ҳуҷҷатҳои даврони ҷанг таҳти унвони “Нақши халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар Ғалабаи бузург” намоиши сайёр буда, дар шаҳрҳои Ижевск, Витебск ва Санк -Петербург ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Намоиши сайёри “Нақши халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар Ғалабаи бузург”  аз моҳи феврали соли 2025 фаъол гашта, то моҳи январи  соли 2026 идома хоҳад ёфт.

Зимнан, Белоруссия лоиҳаи калонҳаҷми “Нақши халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар Ғалабаи бузург”-ро моҳи майи соли равон дар Ҳамоиш (Саммит)-и Китобхонаҳои миллии Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ижевск муаррифӣ намуд, ки дар он директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумахон Файзализода ширкат дошт.

Ҳадафи лоиҳа таҳкими ҳисси ваҳдату поси хотир ва нишон додани рисолати башардӯстонаи китобхонаҳо ҳамчун посбони хотираи таърихӣ ва пули байни наслҳо мебошад. Шакли электрони (рақамӣ)-и намоиш низ сохта шудааст, ки барои тамошои мустақил ва паҳн гардонидани ин ҳуҷҷатҳои таърихӣ пешбинӣ шудааст.

Муҳидинова Махфират, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа