Нашъамандӣ – хатар барои оила ва ҷомеа

Оё метавон мутмаъин буд, ки наврасон аз ҳавас ба сӯитеъмоли маводи нашъаовар даст мезананд ва ин оқибат ба фоҷеа меанҷомад? Магар ин он эҳсосеро ба миён намеорад, ки  чун наврас мехоҳад ҳама чизро донад, мо бояд ин имконро барояш фароҳам оварем? Майлу рағбат ва ҳисси кунҷковиро метавон бо дарёфти маълумот дар бораи маводи мухаддир ва сўҳбатҳои пайваставу пайгирона фурў нишонд. Ин метавонад комилан мантиқӣ бошад, вале дар зиндагӣ мо акси онро мушоҳида мекунем. Пурсиши беунвон дар мавриди  иқдомҳои аввалини ба истеъмоли маводи нашъадор ҷалб шудани наврасон нишон додааст, ки бори нахуст ба наврас шахси ба дил наздики ў дар бораи маводи мухаддир ва «кайфияти басо аҷиби он» маълумот медиҳад ва ҳатман пешниҳод мекунад, ки тамъи онро бичашад.  Маҳз ҳамин ҷиҳат боис мешавад, ки навраси ҳанўз аз асли матлаб бехабар ба истеъмол ҷалб шавад.

 Ин ва боз чанд масъалаи вобаста ба маводи мухаддир ва фоҷеаҳои башарии он дар мизи мудавваре маввриди баҳс қарор гирифт, ки рӯзи ҷумъа бо ибтикори Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Нашъамандӣ – хатар барои оила ва ҷомеа» баргузор шуд.

 Ҷалолуддин Нурзода, муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ аз нашъамандӣ ба унвони вабои аср ёд кард ва гуфт  ин падидаест, ки оламро фаро гирифта ва ҳамасол садҳо ҳазор танро аз ҳаёт маҳрум мекунад, миллионҳо ба он сироят мешаванд. Мақсад аз баргузор кардани ин мизи  мудаввар хотиррасон кардани хатарест, ки метавонад дар пешорӯи ҳар кадоми мо қарор бигирад.

 Сипас Ш. Низомӣ нозири шуъбаи назорати муомилоти  маводи нашъаовар ва пешгирии  нашъамандии  Агентии  назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Стратегияи  миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, Қодирова Зебо, сармутахассиси шуъба аз муассисаи давлатии Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Д. Давронова, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Рӯзноманигор Идигул  Файзалиева  китоби  тозанашри худро,  ки бо номи “Аз нашъамандӣ то домони  марг” муаррифӣ кард ва дар бораи китоб ва ҳадафҳои он нақл намуд. Идигул Файзалиева ҳамчунин дар бораи хатари ин беморӣ ба оила ва насли ҷавон муфассал ва бо далелҳо сухан ронд.

   Дар қисмати хотимавии нишаст Ҷӯрахонзода Ҷумъахон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Таҳмина Исматова, мутахассиси давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёратшо Аҳмад муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон ширкат намудаанд.

Саодат Набиева,

Сурайё Одинаева.