Нашри китобе аз матолиби як конфронси байналмилалӣ дар Вазорати саноат
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон матолиби баррасишуда дар “Конфронси илмию амалии байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли китоби алоҳида чоп кардааст. Ин конфронс дар мавзӯъи “Таъмини амнияти озуқаворӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ” баргузор шуда буд.
Дар сарсухани китоби мазкур аз ҷумла омадааст: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳаммияти ин рўйдоди муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чунин гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд: «Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихе фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Давлати мо дар рушду тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироаи паёми худ аз 26- уми январи соли 2021 қайд намуданд: «Дар соли 2021 ба истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи нав камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рўзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад». Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд. Дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳама бештар талош намоем.
Бо ин хотир мо тасмим гирифтем, конференсияи илмию амалиро дар мавзўи «Таъмини амнияти озуқаворӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони Ватанӣ» баргузор намоем. Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, тавваҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештарин манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд.
Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ паркҳои техналогӣ, бизнес – инкубаторҳо ва марказҳои иттилоотиву техникӣ таъсис ёфта, ҷиҳати ба корҳои илмиву пажўҳишӣ машғул шудани олимону донишҷўён заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Солҳои охир бо мақсади дастгирии илмҳои бунёдӣ барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар бахши илм амалӣ шуда истодаанд.
Пайвастани илм бо истеҳсолот ҳадафи асосӣ ва бунёдии филиал маҳсуб шуда, кормандони он дар ин ҷода собитқадаманд, бо пуштибонӣ аз сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ таҳқиқотро идома дода талош мекунанд, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Аз ин рў, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ва замину фазов ва ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу ва замину фазов ва ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта, дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.
Таҳияи Мавзуна Назарова, сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.