Нашри китобе аз равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Муаллифи китоби нави «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар фазои байналмилалӣ» Марворид Салимзода буда, тавре аз номаш пайдост, оид ба равобиту ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо марказу созмонҳои муътабари илмӣ-таълимии ҷаҳон баҳ мекунад. Муаллиф мутолааи китобашро ба донишҷӯёну магистрантон, докторантони PhD ва муҳаққиқону муаррихон тавсия додааст.
Дап пешгутори китоб омадааст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар соли 1947 бо номи Университети давлатии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, дар тули 75 соли фаъолияташ ба бузургтарин маркази таълимию илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, то имрӯз дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб нақши мондагор гузоштааст.
Бояд тазаккур дод, ки хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат дар тамоми сохтору мақомоти олии давлатӣ ва идоракунии соҳаҳои мухталифи кишвар кору фаъолияти назаррас нишон дода, дар рушду нумуи Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар соли аввали таҳсил донишгоҳ дорои 3 факултет аз ҷумла: геологӣ-хокшиносӣ, биология ва таъриху филология иборат буд. Вобаста ба факултетҳои зикршуда 13 кафедраҳои соҳавӣ амал мекард, ки дар он 200 нафар донишҷӯ ба таҳсили илм ҷалб гардида буданд.
Донишгоҳ аз ибтидои фаъолияташ равобиту ҳамкориҳоро бо марказҳои таълимию илмии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бо Федератсияи Русия роҳандозӣ намуда, бо кумаки онҳо иқтидорашро мустаҳкам гардонид.
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ба марҳилаи нав ворид гардида, сол то сол бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи роҳбарияти ин боргоҳи илм густариши бештар ёфт. Ҳамзамон нуфузи донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ боло рафта ҷойгоҳи махсус касб намуд.
Ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 19 факултет, 125 кафедра, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, Маркази илмӣ-тадқиқотии Пешвои миллат, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ, Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий ва дигар марказҳои таълимию илмӣ мебошад. |
Дар 125 кафедраи донишгоҳ (118 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедараи умумидонишгоҳӣ) 1334 нафар омӯзгор, аз ҷумла 12 нафар академики АМИТ, 192 нафар доктори илм, профессор, 649 нафар номзади илм, дотсент ба 22 787 нафар донишҷӯ таълим медиҳанд. Чанд сол боз дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ДМТ пайваста соҳиби ҷойи аввал мегардад.
Айни замон ДМТ бо 326 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муасисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордодҳои ҳамкорӣ дорад. Тибқи ин шартномаҳои дуҷониба дар донишгоҳ 274 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси донишҷӯ, магистр, докторанти доктори фалсафа РhD ва шунавандаи озод ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бояд афзуд, ки ДМТ узви донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи Созмони Хамкории Шанхай (СҲШ), Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, узви Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ) ва дигар созмону консорсиумҳои байналмилалӣ низ мебошад.
Аз ин лиҳоз равобит ва ҳамкории ДМТ бо марказҳои бузурги таълимию илмии кишварҳои гуногуни олам ва созмонҳои байналмилалӣ хеле густурда аст.
Мавзуъ ва муҳтавои китоби мазкурро масъалаҳои муҳими фаъолият ва сиёсати байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил дода, дар он роҷеъ ба ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо Марказҳои таълимию илмии кишварҳои Узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Марказҳои илмию таълимии кишварҳои Осиё, Марказҳои илмию таълимии кишварҳои Аврупо ва Амрико, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти грантҳо, эътирофи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Марказу Созмонҳои байналмилалӣ ба шумор мераванд.
Хонандагон метавонанд китоби Марворид Салимзодаро дар Китобхонаи милли мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.