Нашри шарҳи “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ дар Тоҷикистон

   Бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол шарҳи ду шаҳкори бузурги адабиёти олам – “Бӯстон ва “Гулистон”-и Шайх Саъдии Шерозӣ дар як замон чоп шуд. Ин асари бузург бо талоши донишманди тоҷик Обиди Шакурзода рӯи чоп омад. Суҳроби Зиё, як тан аз рӯзноманигорони маъруфи кишвар бо интишори ин хабар дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст: Бо саъйю эҳтимоми Обиди Шакурзода, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари шинохташудаи тоҷик шарҳи нахустини “Бӯстон” дар Тоҷикистон таҳияву тадвин ва ин ҳафта дар интишороти “Бебок” ба теъдоди 500 нусха чоп шуд.

   “Саъдинома” ё “Бӯстон” аз осори дурахшони адаби порсист ва дар канори “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоҳкори беназири ҳунарӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Он гуна ки Обиди Шакурзода дар пешгуфтори шарҳи “Бӯстон” ёдовар шуда, матни комили ин асари Саъдӣ дар кишвари мо сиву ду сол пеш ба ҳиммати зиндаёд Саҳобиддин Сиддиқов, пажӯҳишгари тоҷик мунташир шуда буд. “Достонҳои дилангез аз “Бӯстон”-и Шайх Саъдӣ”, ки дар соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Абдулманнони Насриддин, донишманди даргузаштаи тоҷик ба нашр расида, аз нахустин ибтикорҳое дар заминаи шарҳи “Бӯстон” бо ҳуруфи сириллик дар Тоҷикистон ба шумор меояд.

Обиди Шакурзода шарҳи худро бо муқоясаи нусхаҳои муътабари “бузургтарин маснавии ахлоқию тарбиятии адаби форсӣ”, яъне “Бӯстон”, ки тайи ним қарни ахир аз сӯи саъдипажӯҳони бузурги эронӣ Ҳусайнустоди Валӣ, Муҳаммадалии Носеҳ, Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ ва Муҳаммади Хазойилӣ дар Теҳрон ба зевари чоп ороста шудаанд, таҳия ва тадвин кардааст. Аз вежагиҳои дигари шарҳи оқои Шакурзода бахши “Кашф-ул-абёт” бар ҳасби ҳарфи аввал аст. Яъне бар асоси тартиби ҳуруфи алифбои сириллик калимоти аввали ҳар байти “Бӯстон” оварда шуда ва дар канори он шумораи байт сабт шудааст. Масалан:

Бизоъат наёвардам 4056

Байти комилро дар шарҳи “Бӯстон” таҳти шумораи 4056 метавон пайдо кард, ки охарин байти ин асари Саъдии Шерозист:

Бизоъат наёвардам илло умед,

Худоё, зи афвам макун ноумед.

Он гуна, ки дар поёни пешгуфтори шарҳи “Бӯстон”-и худ Обиди Шакурзода менависад, ӯ барои анҷоми ин кори басо муҳим ва пурарзиш тақрибан чаҳор сол заҳмат кашида, ки воқеъан қобили сипосу ситоиш аст. Ба эътиқоди шореҳи ин асари “Шайхи зебокаломи Шероз” “Ҷаҳоне, ки Саъдӣ дар “Бӯстон” ба тасвир мекашад, аз имону ихлос бо Худованд мунаввар аст ва бо чаҳор аркони некномиву ростиву покдилӣ барпо шудаву ҳамчунон барнову файёзу пурнур аз ҳақиқати ростист ва дар он инсон метавонад ҳамаи арзишҳои имонию инсонии хешро ба беҳтарин сурат таҳаққуқ бахшад.”

Аз вежагиҳои дигари шарҳи “Бӯстон” ин аст ки ношири он Донишнома ё Энсиклопедияи миллии тоҷик мебошад. Ин нукта бидуни шак ба эътибору шукӯҳи ин китоби гаронбаҳо хоҳад афзуд.

Заҳмати муҳарририи шарҳи “Бӯстон”-и киё Шакурзодаро Шоҳмансури Шоҳмирзо, адиб ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик ва кори виростории онро Абдуқодири Рустам, нависанда ва донишманди соҳибноми мо кашидаанд.

Обиди Шакурзода ин кори заҳматталаб ва мондагори худро ба равони поки падару модари азизаш тақдим карда. Воқеъан дуруд бар рӯҳи ин ду азиз, ки фарзанди фозилу донишмандеро барои илму адаби миллати тоҷик эҳдо кардаанд.

Ҷоиз аст ин ҷо ёдоварӣ кунам, ки авоили моҳи милодии ҷорӣ интишороти “Бебок” чопи сеюми шарҳи “Гулистон”-и Саъдии Шерозиро ба хатти сириллик бар иловаи “Кашф-ул-абёт” чоп карда буд. Он ҳам ҳосили заҳмати сангини Обиди Шакурзода аст ва нахустин шарҳи “Гулистон”-и Шайх Муслиҳуддин Саъдии Шерозӣ бо ҳуруфи сириллики тоҷикӣ ба шумор меояд. Ин шарҳи “Гулистон”-и Обид Шакурзода дар соли 2019 аз сӯи маҳфили фарҳангии “Боргоҳи Сухан” “Китоби Сол” эълом шуда буд.

Ба таваҷҷӯҳи дӯстдорони осори Саъдии бузургвор расонда мешавад, ки ин ду китоби тозанашр, яъне шарҳҳои “Гулистон” ва “Бӯстон”-ро метавонанд аз китобфурӯшии “Китобкада”, воқеъ дар наздикии синамохонаи “Ватан”, дар шаҳри Душанбе дастрас бикунанд.