НАСР. Ҳабиб Саид. “НОМА”

Мошини бошаст омада дар назди бинои баландошёнае боз истод ва аз он зани миёнсоле берун омад. Вай ба ронанда боз бӯсае бахшида, бори дигар хайру маъзур карда, вориди бино гашт. Аз қуттии почта рӯзномаву маҷаллаҳоро гирифта ба хонааш даромад. Борониашро кашида ба оина наздик омад ва ба чеҳраи коҳидааш, ки далели ишратпарастиҳои бардавом буданд, зеҳн монд.

Гесувонаш аз пардозу ранги зиёд мӯи сунъиро мемонд. Бо беҳавсалагиву сарддилии шахси аз ҳамаи кайфиятҳои ҳаёт сершуда худро болои диван ҳаво дод. Як муддат гӯё чизеро меҷуста бошад, ба сақфи хона чашм дӯхт. Чизе ба хотираш расидагӣ барин бедилона аз ҷояш нимхез шуда магнитофонро ба кор даровард. Фазои маҳдуди ҳуҷраро навои мағрибӣ фаро гирифт. Дили бедилон маҷаллаҳои нав аз қуттии почта гирифтаашро варақ зад. Ногоҳ аз байни саҳифаҳо лифофае афтод. Магнитофонро хомӯш карда саросема номаро кушод.

«Бонуи мӯҳтарам! Шояд шумо дар лифофа номи каминаро дида дар ҳайрат афтед? Ба ғайр аз хома ба даст гирифтан дигар роҳе набуд, корд ба устухон расид. Дар кулбаи паҳну парешон, ки харобаи баъди набарди шадидро мемонад, ҳоло танҳоям. Лаҳзае пеш аз бемористон, аз аёдати Робия баргаштам. Шояд шахси аз ҳама бароям азизтару маҳбуб, ки мояи ҳастии ман аст, бо ҳаёт падруд бигӯяд. Дирӯз шомгоҳ ҳамсоягон ӯро нимҷон шишаи сирко дар даст дарёфтанд. Ва он расмҳои сохтаи фисқу фуҷуре, ки ба онҳо маро часпонданӣ шудаед, дар наздаш будаанд ва он суратҳо ӯро ба ин қадами вопасин ҳидоят кардаанд. Албатта, ин паёмро шунида дар лабони шумо табассуми манфуре падид хоҳад омад. Табассуме, ки дар он тинату хислати манфуратон таҷассум меёбад. Аз пирӯзмандиатон биболеду табли шодмонӣ занед. Шумои сиёҳтинат ҳамеша дар бадбахтии дигарон хушбахтӣ меҷӯед, то руҳи дарандавори худро ором бисозед, нашъае баред. Ва ин шояд ягона омиле бошад, ки шуморо барои зистан водор месозад. Мутаассифона, на ҳамаи атрофиён сифатҳои манфуратонро пай мебаранд. Чунки ба симоятон ниқоби олиҷаноберо кашидаед. Айёме каминаро ҳам ин ниқоб мафтун сохта ба вартаи шумо – наҳангон тела дода буд. Ҳангоме, ки падари бузургворатон баъди тӯямон маро ба курсии мансаб шинонданӣ шуда, ҳимояи рисоларо дар муддати кӯтоҳ ваъда карданд, ман баъзе сабабҳоро пеш оварда, ҷавоби радро додам ва он кас инро бар шаъни худ таҳқир ҳисобиданд. Дар куҷо шунида шудааст, ки ҷавони бекасукӯ аз чунин имконият рӯй тобад? Охир, ин рафтор бурҳони он буд, ки шавҳаратон аблаҳи сирф аст. Пас аз ин нигоҳи каҷи падару модаратон боз ҳам каҷтар гашт. Ман кӣ будам барои онҳо? Шахсе ки на авлод дораду на мавқеи ҷамъиятӣ ва на пулу мол. Оё шахсеро, ки дорои чунин сифатҳост, одам номидан мумкин аст? Асло не! (ба ақидаи шумоён). Ман бояд ба шикам мехазидам, пойҳояшонро мебӯсидам, ҳамчун яздони пок парастишашон мекардам. Чунки ба ман барин кас духтари яккаву ягонаашонро, «гули сари сабади даврон»-ро ба занӣ додаанд. Пеш аз тӯй ҳам онҳо ба ин издивоҷи нобаробари ашрофу авом бовиқорона менигаристанд. Танҳо нею нестони шумо, онҳоро маҷбур сохт, ки ба тӯй рухсат бидиҳанд. Сонитар орзую хаёлҳои ширин сари сабуки шуморо тарк карданд. Акнун дар назди шумо «Маҷнун» не, балки «ношуду ноуҳдабаро» меистод. Шавҳаратон ба ҷои он ки ба воситаи хешу ақрабоятон ба зинаи мансаб часпад, дар корхонае ходими одӣ шуда кор мекард. Оё ин рафтори ӯ даҳшатангез набуд? Наход бо дипломи сурх ба кори сиёҳ машғул шавад? (ба фикри шумоён). Сонитар пайхас намудед, ки дар бисёр масъалаҳои ҳаёт фикру ақидаҳоямон рост намеояд (ҳоло ҳам). Ин шахсан ба падаратон дучанд сахттар мерасид. Чӣ тавр мешудааст, ки ким-кадом тирончаки беному беунвон, ақидаҳои ӯ барин олимро инкор мекардааст? Падаратон, ки бо хушомаду пешомади зиёде соҳиби унвону мавқеъ гащштаанд, аз дигарон ҳам чунин рафторро талаб менамоянд. Дар ин роҳ худашон баринҳоро гирд овардаанд. Ҳангоме, ки он кас баромад мекунанд ва ё  сухан меронанд, шогирдонашон «бале»-гӯён ба сарҷунбонӣ медароянд. Шумо падаратонро ливобардори собиқи илм мехонед. Афсӯс, ки ин тавр нест. Падари шумо ва шогирдонашон дар илму мансаб мавқеъ ва нуфуз ҷустан мехоҳанд, бо ҳар роҳе, ки набошад. Эшон хаёл доранд, ки ашхосе, ки унвони илмӣ надоранд, бояд фикри фардӣ ҳам надошта бошанд. Ва гумон доранд, ки он кас меваи беҳтарини дарахти инсонианд. Барои як либоси нестандарҷаҳонро ба даст овардан шумо дар назди пасттинатон ишвафурӯшӣ мекунед. Кӯшиш кардед, ки тасвири маро ҳам дар чорҷӯбаи худ кашед. Вале ҳамааш барабас рафтанд. Лӯхтаки дасти шумоён нагардидам. Чунки ба гуфтаи падари «пайғамбаратон» «нокас» будам, «нокас» мемонам. Ҳангоме, ки шумо аз таваллуд кардан рӯй гардондед ва хостед, ки пайкари нозукатонро ҳамеша ботароват нигоҳ доред, дигар ҳамроҳ зистан аблаҳӣ буду бас. Косаи сабр лабрез гардид. Шумо аз он вазифаи олие, ки табиат ба зиммаи зан вогузоштааст, даст кашидед. Барои хешро ба мақсаде фидоӣ кардан дил доштан лозим. Бале дил! Диле, ки метаппад, месӯзад, мегиряд. Мутассифона, дили шумо сарду якнавохт буд. Воқеан, барои шумо дили инсон чӣ зарурияте дошт? Чӣ тавре, ки шумо мегуфтед, ба ҳама чиз аз назари фоида бояд нигарист (назарияи савдогарона нисбат ба ҳаёт). Вақте волидайнатон фаҳмиданд, ки барои ҷудо шудан ба суд ариза додаам, ба даҳшат афтоданд. Чӣ хел «мани нокас» аз духтари «олинасабашон» рӯй мегардондаам? Шумо ҳам чунин анҷомро интизор набудед. Суд баъди кашокашиҳои зиёде маҷбур, шуд, ки моро ҷудо кунад. Шумоён чун мурғи посӯхта оромӣ намеёфтед, ҳазору як роҳи қасосгириро фикр мекардед, то кӣ будани худро ба ман нишон диҳед. Акнун шикоятномаву туҳматномаҳои манфур, ба ҷои кор, милитсия, суд, прокуратура, редаксияҳо паи ҳам ба парвоз даромаданд. Падари «муҳтараматон», ки худро зиёии асил меҳисобиданд, кунун аз туҳматҳои қабеҳтарин дар ҳаққи камина даст намекашиданд ва дар ин ҷабҳа фашанги устувори ёру ошноҳояшонро ба кор дароварданд. Бале, шумоён дар ин набарди нобаробар дастболо гардидед. Оқибат маро маҷбур сохтанд, ки худ ариза навишта, ҷои корро тарк гӯям. Баъди ғалабаи хоинона муддате ором гардидед. Баъди чанде хабар ёфтед, ки ман дар дигар шаҳр, дар маркази илмие кор карда истодаам ва ҳатто рисолаи илмӣ дифоъ кардааму аз нав оиладор шудаам. Ин хабар барои шумоён зарбаи марговаре буд. Боварӣ доштед, ки ман фарди руҳан танназулёфтааму рӯзҳои худро дар майкадаҳо шом мекунам. Вақте ки маро ба марказ ба кор даъват карданд, дар дилҳои сиёҳатон он ифлосию нопокиҳо аз нав ба ҷӯш омаданд. Ҳангоме ки сайд дар атроф сайру гашт дорад, магар даранда хомӯш нишаста метавонад? Асло не! Борони мактубҳои беимзо, ки дар бораи бевафоиву нокасиҳои ман ҳарф мезаданд, ба сари завҷаи бечораам мерехт. Дар аввал ӯ ба ҳамаи ин бо шубҳа менигарист. Вақте ки мактубҳои беимзо паи ҳам аз номи ким-кадом духтарҳои ҷабрдидаву шоҳидони фиребхӯрда пайдо шудан гирифтанд, суханони самимиву савгандҳои ман азоби руҳии ӯро сабук карда наметавонистанд. Агар одамон дар бораи шавҳараш чунин фикру ақида пайдо карда бошанд, пас дар зери коса нимкосае ҳаст? Дигар чӣ гуна собит карда метавонистам, ки ману он шахсе, ки дар мактубҳо тасвир ёфтаанд, умумияте надорем. Ҳамаи ин буҳтонҳо дар байни мо девори нобовариро афрохт, деворе, ки нурҳои хуршеди бахтро панаҳ мекунад.

Шумоён алафҳои дар торикию ифлосӣ рустаед, нури хуршедро надидаед, чӣ будани ҳарорати онро дарк накардаед, ҷуръати ба рӯшноӣ баромадан ҳам намекунед. Ман ҳайронам, ки чӣ тавр шуморо дӯст дошта тавонистаам? Чи гуна маро лӯхтаке, ки дил надорад, мафтун сохта буд? Ё ин ки ҳусни зоҳириатон? Не, балки дар ботини шумо падидаҳои инсоният зуҳур дошт ва ин шукуфаҳои нумӯъ накардаро муҳите, ки дар он шумо  вуҷуд доред (на ин ки застан) ноаён ба коми худ даркашид. Он муҳити сунъие, ки дар он ҳама чизро дар зоҳир ба намоиш гузоштан мехоҳанд. Шумо худро инсони ба зинаҳои олии тамаддун расида меҳисобед. Агар шумо ба хеш, ба чашмони дигар назар мекардед, ин сифатро асло намеёфтед. Шумо бо ҳазору як услуб мехоҳед, ки ҳуснатонро нигоҳ доред. Агар инсон он заҳмате, ки ба зоҳираш сарф мекард, ба ботинаш равона месохт, ӯ чӣ қадар зебо мебуд ва боз чӣ зебогиҳои беҳамтое меофарид.

Оё он хушбахтие, ки модар дорост, шумо дарк карда метавонед? Чунин хушбахтӣ шояд насибатон нагардад. Барои ин модар будан, ҳастии худро ба тифл бахшидан, хешро фаромӯш сохтан лозим аст. Оё ба чунин қурбонӣ қодиред? Асло не! Ҳоло ҳам ба худ намеоед, ки шумо барин зани «беҳамто»-ро шавҳараш тарк кардааст. Ба шахсе, ки аз шумо чанд дараҷа паст меистад (ба фикри шумо) хонадор шудааст. Аммо бовар кунед, Робия барин занҳоро, ки чун марвориди нодири зеро уқёнус хуфтаанд, на ҳар як ғаввос ёфта метавонад. Бале, ҳамин зани ба назари аввал одиву назарногир буд, ки баъди ҳамаи ин нокасию нокомиҳо маро руҳ бахшид. Оё баъди ҳамаи он даҳшатҳо аз нав ба одам бовар намудан осон аст? На ба ҳар фард муяссар мегардад, ки дар симои як зан-маҳбуба, модар, хоҳарро биёбад. Тоифаи шумоён ҳеҷ гоҳ бартарии дигаронро эътироф карда наметавонанд. Афзалиятро шумо дар намуди зоҳирӣ, дар мавқеъ, дар мансаб дидан мехоҳед. Шумо дар бораи бартарии ботинӣ ҳатто тасаввурот надоред. Зебоии ботинӣ бароятон зарурате надорад. Афсӯс, ки ин зебоиро ба намоиш гузошта намешавад, то дигарон низ бубинанд.

То кунун сабр кардам, ки шояд рӯзе дар ботини шумо нури хирад роҳ ёбаду шуморо аз ин пешаи паст раҳо созад. Вале шӯълаи идрок дар назди нокасиҳои шумо оҷиз будааст. Барои ин кирдорҳоятон дар назди қонун ҷавоб хоҳед дод!».

Мактубро хонда авзояш тамоман дигаргун гашт, рӯяш дуд кард, гӯё тамоми сиёҳии ботинаш берун зада бошад.

 

Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, 1988 №1.

         Таҳияи Мадина Ҳамидова.