Наваду нуҳ соли академик Раҷаб Амонов
Агар умр бақо мекард, имрўз Раҷаб Амонов – ин чеҳраи шинохтаи илму фарҳанги ҷумҳурӣ, доктори илмҳои филология, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба синни мубораки 99 мерасид. Соли 1998, ба муносибати 75-солагии олими маъруф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрикотеро бо ин матни пурмуҳтаво ҷоиз дониста буданд:
Ба узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Р.А. Амонов
Мўҳтарам Раҷаб Амонов!
Шуморо ба муносибати 75-солагии зодрўзатон аз таҳти дил табрик мегўям.
Дар тўли умри пурфайзи худ Шуморо роҳи пуршарафи адои хизмати халқу Ватанро тай намудед, ки барои наслҳои ҷавони имрўза ва оянда намуна аст. Беш аз панҷоҳ соли фаъолияти пурбаракати илмиву эҷодиатон дар як муассиса – Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, тавассути меҳнати бедареғ ва шоиста ба тамоми унвонҳои расмӣ ва ифтихории илмӣ мушарраф гардидед. Аз ходими хурди илмӣ то мудири шуъба ва аз номзади илм то академик Шумо марҳалаҳои камолоти корманди илмиро паймуда, ҳамчун муҳаққиқ, мураббӣ ва ташкилотчии илм дар пешрафти филологияи тоҷик саҳми назаррас гирифтед.
Асарҳои зиёди илмӣ ва адабии Шумо дар пешбурди ҳаёти маънавии халқамон нақши муҳим доранд ва чанде аз онҳо бо ҷоизаиҳои давлатӣ, номӣ ва соҳавӣ тақдир шудаанд.
Шуморо солҳо боз ба сифати нависанда, омўзгор ва донишманди адабиёт дар тамоми гўшаву канорхои мамлакатамон ва берун аз он ба хубӣ мешиносанд. Шумо аз зумраи ҳамон зиёиёни равшанзамир ва дурандеш мебошед, ки дар лаҳзаҳои ҳасос ва сарнавиштсози Ҷумҳурии тозаистиқлоламон ҳамроҳи халқу ватани худ буданд.
Эҳсоси баланди ватанхоҳиву ватанпарастӣ, ки дар қалби Шумо ҳанўз аз овони иштирокатон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба зуҳур омада буд, дар рўзҳои сахти ба сари кишвари азизамон омада тамоюли асосии фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятиатон гардида, шуморо ба сафи муборизаи фаъоли барқарор намудани сулҳу оштӣ ва ба эътидол овардани аъзои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ овард. Чанд сол Шумо дар роҳи ба вучуд овардани барномаи ваҳдати миллӣ заҳмат кашидед, ки дар натиҷаҳои он дар фароҳам сохтани санадҳои муҳими Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон кўмак расонид.
Дар ин мавриди таҷлили зодрўзатон барои Шумо умри дароз, саломатӣ ва муваффақиятҳои нави эҷодӣ хоҳонам.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Аз моҳи феврали соли 2013 китобхонаи шахсии доктори илмҳои филология, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шодравон Раҷаб Амонов ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» туҳфа карда шудааст. Ҳоло дар «Толори академикон ва докторони илм» ба теъдоди зиёда аз 800 нусха маҳфуз аст, ки барои кулли хонандагони Китобхона дастрас мебошад.
АКАДЕМИК РАҶАБ АМОНОВ рӯзи 1-уми августи соли 1923 дар шаҳри Ўротеппа (ҳозира Истаравшан)-и вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1938 Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Истаравшанро хатм карда, солҳои 1938-1939 ба хайси муаллими мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Ўротеппа кор мекунад.
Аз соли 1939 то соли 1941 дар Интитути давлатии педагогии ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Сталинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсил менамояд. Аз соли 1941 то 1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст. Солҳои 1945-1946 ба ҳайси методисти шуъбаи маорифи халқи шаҳри Ўротеппа кор карда, ҳамзамон солҳои 1945-1947 дар Интитути зикршуда таҳсили худро идома медиҳад.
Аз соли 1948 ба аспирантураи филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР шомил гардида, таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи улуми Иттиҳоди Шўравӣ Е.А. Бертельс ба таҳқиқоти илмӣ мепардозад. Соли 1953 рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, соли 1958 сарварии шуъбаи фолклори навтаъсиси Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар уҳда мегирад.
Профессор Раҷаб Амонов дар давраи фаъолияти корӣ дар Институти номбурда тўли 40 сол зиёда аз 20 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ, аз ҷумла «Очерки эҷодиёти даҳонакии аҳолии Кўлоб» (1963); «Лирикаи халқи тоҷик» (1968); маҷмўаи мақолаҳои «Каломи бадеии халқ ва замон» (1971); «Таърихи адабиёти бачагонаи тоҷик» (1981); наздики 250 мақола ва тақриз дар мавзўъҳои муҳим, ки бо таҳлилу баррасиҳои асосноку методологӣ фаро гирифта шудаанд, ба табъ расонидааст.
Устод Раҷаб Амонов ҳанўз аз соли 1939 ҳамчун шоир, рўзноманигор, нависанда ва адабиётшинос бо эҷоди шеъру ҳикоя, очерку мақолахои оммавию илмии шогирдона аз тариқи матбуоти даврӣ худашро муаррифӣ намудааст. Шеърҳои ў «Гулистони мо» (1939), «Дар таманнои туем» (1940), мақолаҳои «Ленин дар соли 1918» (1939), «В.Г. Белинский» (1948), «Оинаи ҳақиқат» (А.М. Горкий) (1948), тақриз ба китоби Обидхўҷаев «Достони Назарпаҳлавон» (1948), очерки «Ба октябри аъзам» (1947), ҳикояҳои «Шаҳри зебо» (1947), «Дугонаҳо» (1948) ва ғайра шаҳодати ин гуфтаҳоянд.
Устод аз соли 1952 дар таҳия ва ба чоп расонидани китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ширкат меварзад. Ў муаллифи «Китоби хониш» барои синфи 3 (1951-1979) ва «Адабиёти ватан» (бо ҳаммуаллифии М. Шукуров) барои синфи 6 (1953-1979) мебошад. Инчунин бо ҳамкории профессор Воҳид Асрорӣ ў китоби дарсии «Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик»-ро барои мактабҳои олии кишвар таълиф намудааст, ки асари мазкур соли 1985 дар Кобул низ бо ҳҳуруфи ниёгон ба дасти чоп расида, мавриди истифодаи даризабонони Афғонистон қарор гирифт.
Мавсуф маҷмўаҳои фолклории зеринро низ ба табъ расонидааст: «Эҷодиёти даҳонакии аҳолии Кўлоб» (1956, 1963); «Чистонҳо» (1957); «Намунаи фолклори диёри Рўдакӣ» (1958, 1963 бо ҳамкории М. Шукуров); «Афсонахои тоҷикӣ» (Москва, 1960, Душанбе, 1963, 1975,1980) ва ғайраҳо.
Қобили зикр аст, ки китоби «Афсонахои халқи тоҷик» ба забонҳои олмонӣ (Берлин, 1950, Вена, 1962), англисӣ (Берлин, 1960), венгерӣ (Будапешт, 1970) тарҷума шудаанд.
Очеркҳои илмӣ-бадеии «Аз пайи дурдонаҳои эҷодиёти халқ» (1963), повести «Беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд» (1977), «Афсонаи сеҳазорсола» (1973) ва асарҳои «Дар доманаи кўҳҳои кабуд» (1961), «Дар нимароҳи умр» (1985), «Қиссаҳои сари кўҳи баланд» (1990), «Нимкосаҳои таги коса» (1994), «Арўс ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя» (1994), «Қиссаи диёри чашмасор» (1995), «Пушаймонӣ» (1996) ва ғайра ба қалами ў тааллуқ дошта, кайҳо дар миёни мардум маълуму машҳур гаштаанд. Бояд гуфт, ки «Афсонаи сеҳазорсола» таҳти унвони «Амударё дар пиёла» ба забони русӣ (дар маҷаллаи Помир, 1973 ва дар нашриёти Ирфон, 1977) чоп шудааст.
Фонди илмии фолклори тоҷик ва каталогҳои он, ки таҳти роҳбарии Раҷаб Амонов ташкил ёфтааст, бо равияи навине дар фолклоршиносии шўравӣ, яъне бо усули таҳлили миқдорӣ баррасӣ намудани маводи филологӣ асос ёфтааст. Ин усул дар фолклоршиносии байналмилалӣ маъмул буда, он ҳамчунин дар фолклоршиносии давлатҳои ҳамсоя низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Мактаби фолклоршиносии Раҷаб Амонов аз тарафи аҳли илм эътироф шудааст.
Профессор Раҷаб Амонов дар ҷумҳурӣ барои гирд овардани осори фарҳанги мардум ва танзиму таҳқиқи он, чопи осори шифоҳии халқ заҳмату хидмати арзишманд анҷом додаанд. Ғамхориву масъулиятшиносӣ ва заҳматҳои шодравон Раҷаб Амонов буд, ки дар илми тоҷик як зумра фолклоршиносони боистеъдод тарбия ёфта, имрўз кори устодро идома медиҳанд. Воқеан саҳми устод дар таъсиси мактаби хуби фолклоршиносӣ хело зиёд ва назаррас мебошанд. Зеро устод Раҷаб Амонов бештари фаълолияти илмии хешро сарфи илми фолклоршиносӣ намудааст, ки инро таълифоти фаровони вай дар ин ришта ба хубӣ собит менамояд. Як силсила очерку повестҳои устоди зиндаёд ғайриодианд. Дар онҳо фолклоршиносӣ бо адабиётшиносӣ тавъам омадааст. Яъне устод Раҷаб Амонов натанҳо муҳаққиқи нуктасанҷ дар соҳаи фолклор, балки дар бахши адабиёт низ мебошад. Мавсуф чун муҳаққиқи нозукбин моҳияти намунахои ин ва ё он жанрҳои эҷодиёти шифоҳиро дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқи заҳматкаши тоҷик ошкор сохтааст.
Заҳматҳои академик Раҷаб Амонов бо ҷоизаҳои ҳукуматӣ қадр карда шудааст. Ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1945), Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1948), Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1954), узви Иттифоқи нависандагони СССР (1959), нишони «Аълочии маорифи халқ»-и Вазорати маорифи Тоҷикистон (1960), дорандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1959), бо медали «Бист соли ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1965), Грамотаҳои фахрии Кумитаи матбуоти Шўрои вазирони ИҶШС ва КМ иттифоқӣ касабаи ходимони фарҳанг (1969), Комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон (1970), ба ифтихори 100-солагии зодрўзи В.И. Ленин бо медали «Барои меҳнати шоён» (1970), медали «50 соли Қувваҳои мусаллаҳи СССР» (1970), «Сӣ соли ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1975), медали ҷашни 25-солагии Комитети советии ветеранҳои ҷанг (1981), нишони «Барои комёбиҳои эҷодиёти ҳаваскорони бадеӣ»-и Вазорати маданияти СССР ва Комитети марказии Иттифоқи касабаи ходимони соҳаи фарҳанг (1983), Грамотаи Президиуми Олии ҶШС Тоҷикистон (1983), медали «Ветерани меҳнат» (1985), медали «40-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (1985), Грамотаи фахрии шуъбаи Тоҷикистонии фонди советии сулҳ (1985), ордени Ҷанги ватании дараҷаи 2 (1985), медали ҷашнии «70 соли Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС» (1988), унвони ифтихории «Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1991), Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1997) ва ғайра сарфароз гардидааст.
Соли 1968 дар мавзўи «Лирикаи халқии тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1976 узви вобаста ва соли 1981 узви пайвастаи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон гардидааст.
Академик Раҷаб Амонов то охири умри худ (25.05.2002) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ў шахсе мебошад, ки ниҳоли умрашро дар замини сахти омўзиш, тахқиқ, эҷод, тарбия, ковишу нашри китобҳо то нафаси охирон парвардааст. Бале, Раҷаб Амонов дар олами илми соҳаи худ фидоӣ буд.
Агар умр бақо мекард, имрўз яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷумҳурӣ, доктори илмҳои филология, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шодравон Раҷаб Амонов ба синни 99 мерасид.
Ҳоло ҷойи эшон дар кошонаи илми мардумшиносӣ ва фарҳанги халқ холист. Аммо ёди эшон дар дили дўстон, ҳамкорон, шогирдон ва фарҳангиён ҷовидон хоҳад монд.
Ёдаш ба хайр ва равонаш шод бод!
Бибираъно Ҷўраева, сардори шуъбаи
нигоҳдории рисолаҳои илмӣ.