Навиди озмун. Ширкаткунандагони гурӯҳи сеюм пурра пурсида шуданд

ШиркаткунандагонШиркаткунандагони даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумлаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ то имрӯз пурра пурсида шуданд. Гуфта шуд, ки  ҳакамони ҳамаи 5 номинатсияҳои озмун 382 нафар довталабонро пурсиданд

Аз ин гурӯҳи якум хонандагони синфҳои ибтидоӣ 109 нафар, хонандагони синфҳои 5-11 -и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 179 нафар ва гурӯҳи сеюм  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ 104 нафар баромад карда, ғолибон муайян гардиданд.

Мувофиқи омори ба дастомада 60 нафар дар номинатсия адабиёти кӯдакона, 80 нафар адабиёти классикӣ, 81 нафар адабиёти муосир  ва инчунин дар номинатсия эҷоди назму наср  91 нафар ширкат варзиданд.

Бояд гуфт аз фардо гурӯҳи 4 -ум яъне  омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва кормандони касбу кори гуногун пурсида хоҳанд шуд.

Дар назар аст озмуни “Фурӯги субҳи доноӣ” то 15 уми ноябр пурра ҷамъбаст гардад.

Наргис НАЗАРЗОДА