НАВИДИ ВАРЗИШӢ

Дастаи футболбозони Китобхонаи миллии Тоҷикистон пас аз рақобат бо дастаҳои Агентии тоҷикстандарт, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба даври 8/1 ниҳоии мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идора ва муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст, роҳ ёфтанд.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи футболи хурди Китобхонаи миллӣ дар даври гурӯҳии мусобиқа дар бозии аввал аз дастаи Агентии тоҷикстандарт шикаст хурда дар бозии дуюм бо дастаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ҳисоби 5-5 бозиро мусовӣ намуд ва дар бозии сеюми худ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳисоби 3-0 ғалаба ба даст овард ва бо гирифтани 4 имтиёз ба даври 8/1 ниҳоии мусобиқа роҳи худро ҳамвор кард.

Қарор аст, ки дастаи футболи Китобхона рӯзи 2-юми июл соати 17:00 бо дастаи СРИҶ-Адлия вориди майдон шавад.

Мо дар ин ҷода ба ҳамкоронамон барор мехоҳем!