Нависандагон дар замони ҷанг
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳимояи Ватан вазифаи ҳамаи халқҳои СССР, аз он ҷумла коркунони эҷодии Тоҷикистон низ буд. Дар ин ҷода саҳми қаламкашон хеле калон аст. Нависандагон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ ва дигарон нафақат ба асрҳои худ, балки баъзе аз онҳо бо иштирок дар ҷабаҳоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам душманро қир мекарданд.
Дар ин ҷанг соҳибсуханони ватанпарвар Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим, Ашўрмат Назаров, Ҳабиб Аҳрорӣ, Лутфулло Бузургзода ва дигарон иштирок намуда, душманро дар ҷангҳои рў ба рў низ нобуд карданд. Барои нишон додани ҷасорат дар ҷанг Ҳ. Юсуфӣ, С Улуғзода, Ф. Ниёзӣ, М. Фарҳат, Х Аҳрорӣ, А. Қаҳҳорӣ бо ордену медалҳо мукофотонида шуда буданд.
Дар ҷанги зидди фашистон Ҳабиб Юсуфӣ, Абдушукурзода, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода ҳалок шуданд. Дар тўли солҳои 1941-1945 нависандагон ва шоирон 240 номгўӣ асарҳои бадеӣ, аз он ҷумла Мирзо Турсунзода, М Миршакар, М. Раҳимӣ, Р.Ҷалил, маҷмўъаи асарҳои нави худро навишта буданд.
Дар солҳои ҷанг бахши русии Иттифоқии нависандагон ба кор шурўъ кард. Нависандагон ва шоирони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон эвакуатсияшуда – А, Файко, С. Горетский, А. Адалис, Н.Павлович, Л. Лесная ва дигарон бо асарҳои худ халқро дар рўҳи ватандўстӣ тарбия менамуданд.
Хусусан, асарҳои публистистии С.Айнӣ дар рўзномаҳою маҷалаҳо тез-тез чоп мешуданд. Масалан, «Чингизи асри 20» «Деви ҳафтсар» (1941). «Хари бедум” (1943). Садриддин Айнӣ дар повести таърихии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқанаъ» қаҳрамонҳои халқи тоҷикро дар дарозои таърих нишон дода, халқро дар рўҳи ватандўстӣ тарбият мекард.
Асарҳои Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ»( 1942), «Одамони боми ҷаҳон» (1943) дар бораи заҳмату меҳнатӣ помириёни давраи ҷанг аҳамияти калони тарбиявӣ доштанд.
Асарҳои Ҷалол Икромӣ «Шинел», песаи ў «Дили модар»( 1942) ва «Хонаи нодир» (1943) ҳам Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муборизаи зидди фашистӣ даъват менамуданд.
Дар асарҳои нависандагон ва шоирони давраи ҷанг хусусусияти асосии давраи советӣ, ватанпарварӣ воқеъбинона ба тасвир омаданд.Ҳамин тавр нависандагон ва шоирони Тоҷикистон барои ғалаба бар Германияи фашистӣ барҳақ ҳиссаи хубу сазовор гузошта буданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷомеаи институти педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров ҷавобан ба даъвати ватан аз рўи шиори «Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба» амал мекарданд. Аз рўзи аввали саршавии ҷанг барои ҳимояи Ватан 150 нафар омўзгорону донишҷўён ба сафи армияи Советӣ сафарбар карда шудаанд. Дар байни муаллимони донишгоҳ Асад Онаев, Карим Дадобоев, Абдусаттор Қобилов, Д.Фарастян, Н. Акрамов, Абдулаҳай Сулаймонов, Н . Пономарев, Зайниддин Осимӣ, А. Хўҷаев, ва дигарон буданд.
Манбаъ: Ш.Аҳмадов: “Саҳми Тоҷикистон дар фронт ва аибгоҳ” (1941-1945). Хуҷанд, соли 2010.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.