Нависандаи халқии Тоҷикистон Марямбонуи Фарғонӣ

Нависанда, шоир ва рӯзноманигор Марямбонуи Фарғонӣ (Марям Эшонҷонова) 11 –уми ноябри соли 1956 дар шаҳраки Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.
Марямбону баъди хатми мактаби ҳамагонии зодгоҳаш (1973) ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ шомил гардида, онро бо муваффақият хатм кард ва аз соли 1977 дар зодгоҳаш ба фаъолият пардохт.
Соли 1984 ба Тоҷикистон кӯч баст ва дар Маркази методии Вазорати маорифи Тоҷикистон ба ҳайси методисти калон ба кор оғозид.
Дар суҳбате бо “Азия-плюс” сабаби ба Душанбе кӯч бастанашро чунин шарҳ дода буд: Аслан, ба Душанбе омадан бароям орзуи чандинсола буд. Аз муҳити адабии Душанбе огаҳӣ доштам, китобҳои шоирону нависандагони тоҷикро мутолиа мекардам, рӯзномаву маҷаллаҳоро пайгирӣ менамудам. Дар андешаи худ фазои Душанберо тасаввур мекардам ва бароям ҳаяҷоновар буд.
Бинобар вазъи номусоиди ҳаво чун парвози ҳавопаймои мо аз Хӯканд ба Тошканд ба таъхир афтод, аз имконияти пешомада истифода карда, азми тамошои шаҳри орзуҳоям кардам. Билети дастамро иваз кардаму ба тайёраи Хӯканд – Душанбе нишастам. Дар пойтахти Тоҷикистон саргум назадам, балки худро ёфтам. Бо устодони соҳибқаламу худогоҳ шиносоӣ пайдо кардам, чунон ки мегӯянд, бо гули миллат шину хез кардам.

Солҳои дар Маркази методӣ фаъолият карданаш ба нашрияҳои “Газетаи муаллимон”, “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаҳои бонуфузи “Садои Шарқ” ва “Машъал” мақолаву ҳикояҳо чоп мекунонид. Ӯро шавқи эҷод ором намегузошт. Ниҳоят охирҳои соли 1989 ба рӯзномаи навтаъсиси “Паёми Душанбе” ба сифати шореҳ ба кор даъват шуд. Ӯ солҳои минбаъда дар газетаву маҷаллаҳои “Садои мардум”, “Фирӯза”, “Истиқбол”, “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор” ва инчунин дар Радиои Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият кардааст. Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ бештар ба худшиносии миллӣ даст мезанад. Махсусан дар чеҳранигорӣ дасти боло дорад.
Марямбонуи Фарғонӣ ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ ба адабиёти ҷаҳон дил баста, дар чаҳордаҳсолагӣ нахустин ҳикояашро таҳти унвони “Шаби боронӣ” дар рӯзномаи маҳаллии “Ҳаёти нав” ба чоп дода буд. Солҳои донишҷӯйӣ ва баъдан низ пайваста чакидаҳои қаламаш манзури хонандагони “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, “Маориф ва маданият”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Хорпуштак” … мегардид.
Аз ӯ то имрӯз ба дасти ҳаводорони каломи бадеъ мураттаб аз ҳикояҳо, қиссаҳо, роман таҳти унвонҳои “Афсонаи тамаддун”, “Ҳадиси Риштон”, “Хуморшикан”, “Чаҳорқисса”, “Шаҳболи хаёл”, “Таманно”, “Ман чунин девонаам”, “Садои зангӯлаҳо”, “Хуморат мегирад, ҳампартаи ман”, се дафтари шеър бо номҳои “Исои ман шав”, Нури ахтарпораҳо” ва “Табъи гуҳаррез” расидааанд. Бархе аз осори насрии Марямбону тавассути маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва дар шакли аудиоподкаст низ интишор ёфтаанд, намунаҳое аз қиссаву ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ ва ӯзбекӣ баргардон шудаанд. Маҷмӯаи “Ман чунин девонаам” дар нашриёти “Ҷӯҷа”-и Теҳрон дар баргардониши дуктур Маҷиди Асадӣ дастраси ҳаводорони насри бадеи эронӣ гардидааст.Ҳамакнун дӯстони эронӣ романи “Таманно”- ро бо хатти ниёкон омодаи чоп намудаанд.

Марямбонуи Фарғонӣ узви Иттифоқи журналистон (1992), узви Иттифоқи нависандагон (1996), Аълочии маориф, матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон буда, барои нахусткитобаш “Афсонаи тамаддун” ба Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак (1995) ва барои маҷмӯаи “Шаҳболи хаёл” ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2013) шарафёб гардидааст. Мавсуф инчунин дорандаи “Нишони сухан” ва нишони 100-солагии матбуоти тоҷик мебошад.
Ин иқтибос ҳам аз мусоҳибаи ёдшудаи Марябонуи Фарғонӣ бо хабарнигори “Азия-плюс”: Кори хосе надорам, бознишаста ҳастам. Кам менависам, мехоҳам як навиштаам аз аввалааш фарқ кунад. Сари ҳар ҷумла ва мисраъ амиқ фикр мекунам. Ҳар вақт чизи наве гуфтан осон нест…
Кори эҷодиро бидуни илҳом хубу дилписанд анҷом додан душвор аст. Аммо парии илҳоми ман басе серноз буда, баъзан моҳҳо сӯям тоб намехӯрад. Дар чунин авқот ман на шоираму на нависанда. Бар замми ин синну сол ба ҷое расидаву вазъи саломатиам низ таърифӣ нест.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сазовори унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон шуд.