Навиштаи хеле ҷолиби Шаҳоб Фаррухёр, рӯзноманигори маъруфи Эронӣ

Эмомалӣ РаҳмонДар миёни ҳамаи раҳбарони кишварҳои Хуросони бузург, Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсе буд, ки ҳеҷ гоҳ бо навои амрикоиҳо он гуна ки онҳо мехостанд, ҳамнаво нашуд. Баръакс, дар тамоми солҳои охир, бахусус бо ба сари қудрат омадани Трамп, ба шакли нозук ва дар ҳадде ки ба Тоҷикистон марбут буд, шаъну манзалати кишвари худро ҳифз кард.

Ҳамагон ба ёд доранд, ки президенти Тоҷикистон дар як ҷамъомади умумӣ бо раҳбарони бархе кишварҳои ҷаҳон чӣ гуна дасти Трампро сахт фишурда, ӯро ба сӯи худ кашид, то тасвири ягонае эҷод шавад. Тасвире, ки фавран дар расонаҳои ҷаҳон бозтоб ёфт ва то муддатҳо ҳаҷвнигорони амрикоӣ онро мояи тамасхури Трамп қарор доданд ва ҳанӯз ҳам гоҳ-гоҳ онро ба ёд меоранд.

Рафтори дигари иззатмандонае, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Трамп анҷом дод, ба сафари соли гузаштаи президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Вашингтон бармегардад. Фарои шеваи таҳқиромезе, ки бисёре аз кишварҳо зери унвони “фалон кишвар + Осиёи Марказӣ” пеш гирифтаанд ва камтар ба ҳувияти мустақили ин ҷумҳуриҳо эътибор медиҳанд, бархе аз саркардагони ин ҷумҳуриҳо низ ба чунин рафтор роҳ медиҳанд.

Дар ҳамин сафар буд, ки президенти Қазоқистон Трампро шахси “худодод” тавсиф кард ва Мирзиёев ӯро “президенти ҷаҳон” хонд. Дар тасвирҳое ҳам, ки аз нишасти берун аз ин мулоқот пахш шуданд, дида мешавад, ки дигарон чӣ гуна дар атрофи Трамп ҳаракат мекунанд ва ҳисси худписандӣ ва худбартарбинии ӯро қонеъ месозанд.

Дар миёни онҳо танҳо касе, ки худро аз ҷамъ канор кашид, президенти Тоҷикистон буд. Баъдтар, ҳамаи онҳо дар як акси муштарак бо Трамп бо дастони худ нишонаи “муваффақият”-ро нишон доданд, то бо ӯ ҳамнаво шаванд, ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон, ки дасти худро боло набардошт ва зиракона паём дод, ки аз дигарон фарқ дорад.

Дар қазияи ҷанги кунунии Амрико ва Исроил бо Эрон низ, танҳо Эмомалӣ Раҳмон буд, ки интихоби раҳбари навро табрик гуфт, дар ҳоле ки дигарон хомӯш буданд. Бо боло гирифтани ҷанг ва устувор шудани мавқеи Эрон, ҳукумати Боку фавран се мошини боркаши кӯмак фиристод ва Ӯзбекистон 7 мошини кӯмакҳои башардӯстона равон кард, аммо Тоҷикистон ногаҳон корвони бузурге иборат аз 110 мошини боркашро ба роҳ андохт.

Ин шумораи қобили таваҷҷӯҳ, бо дарназардошти имконоти Тоҷикистон дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои дигаре, ки нафту газ доранд, танҳо аз назари теъдод муҳим набуд, балки интихоби дақиқи ин рақам шояд паёме дошт ё дорад, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ кард ва онро паёми вижаи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанони таърихии худ донист. Шумораи 110 дар ҳисобҳои абҷадӣ маънои “Али”-ро медиҳад.

Ғайр аз он, ки номи имоми аввал ё халифаи чаҳорум “Али” аст ва дар миёни ҳамаи мусулмонон эҳтироми вижа дорад. Номи раҳбари марҳуми Эрон низ Али буд, ҳамчунон ки номи раҳбари Тоҷикистон низ Эмомалӣ аст. (Интихоби мусиқии суруди ҳамосии “Ман аройиам” барои видеои нашршуда аз ҷониби дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ паёми вижаи худро дорад).