Навопардозиҳои Лоҳутӣ
Мақолаи мазкур, ки соли 1967 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст, гоми муҳиме дар лоҳутипажӯҳишӣ ба шумор меравад. Муаллиф талош кардааст бо мисолҳои дақиқ дар хусуси навУстод Лоҳутӣ шоирест, ки бо осори дилписандаш мухлисони бешуморе пайдо кардааст. Силсилаи ғазалиёту достонҳо, суруду таронаҳо, дубайтиву рубоиҳо ва масалу тарҷимаҳои шоир кайҳост, ки дар дилҳои ҳассоси дӯстдорони шеъри тоҷик маскан ёфта, гӯяндаи худро ба шӯҳрати абадӣ мушарраф намудаанд.
Идома ёфтани беҳтарин анъанаҳои адабиёти классикии форсу тоҷик, ифодаи ғояҳои олии инсонӣ, гуногунии воситаҳои тасвир, шаклу вазн ва ғайра аз асоситарин хусусиятҳои эҷодиёти шоир мебошад.
Аз тарафи дигар, пойбанди анъана нашуда, аз пайи навҷӯиҳо афтода ба комёбиҳои шоён ноил гардидааст. Аз ин рӯ, таҳқиқу тадқиқи ҳаматарафаи ин анъанаю навовариҳо аҳмияти калони илмӣ дошта, аз бисёр ҷиҳатҳо таърихи ташаккул ва инкишофи адабиёти тозабунёди советии тоҷикро муайян менамояд. Дар ин соҳа пеш аз ҳама омӯхтани хусусиятҳои поетикии ашъори устод, аз ҷумла вазни шеърҳои вай материали фаровоне хоҳад дод.
Ҳарчанд ки дар осори устод Лоҳутӣ арӯзи анъанавӣ мавқеи асосиро ишғол кардааст, тамоюли навҷӯӣ бештар бо дигар шудан ё худ андак тағйир ёфтани шаклҳои шеърӣ зоҳир мегардад.
Бояд гуфт, ки Лоҳутӣ дар асарҳои худ аз имкониятҳои арӯзи анъанавӣ хуб истифода бурдааст. Вале ба ин қаноат накарда рӯз ба рӯз зиёд шудани вазифаи ҷамъиятии шеър ва зарурати ба миён овардани намудҳои нави шеър Лоҳутиро водор кардааст, ки вазнҳои нав низ ихтироъ кунад.
“Эътироф кардан лозим аст, – менависад М. Занд, дар боби Абулқосим Лоҳутӣ, дар китоби очерки таърихи адабиёти тоҷик, қисми дувум, – ҳар он чизи наве, ки шоир аз ин мактаби сотсиализм ба даст меовард, ҳоло дар соҳаи шакли бадеӣ самараноктар зоҳир мешуд. Шоир акнун на фақат шакли жанрии ғазали сиёсиро бо муваффақият кор мефармояд, шакли анъанвии назираро мувофиқи мақсадҳои нав ба тарзи аз нав дарккунии деалектикӣ бо маҳорати баланд истифода мекунад, имкониятҳои бепоёни арӯзро, то ҳадди имкон ба кор мебарад”.
Кӯшишҳои навопардозонаи Лоҳутӣ дар соҳаи вазн ва солҳои пурҷӯшу хурӯши инқилоби Эрон бо навиштани суруду таронаҳои маршӣ, ки ба қиём даъват мекарданд, зоҳир шуда буд. Мутаассифона, аз онҳо суруди мукамале, ба ҷуз як ду порчаи алоҳида, ба мо нарасидааст. Яке аз онҳо порчаи зерин аст, ки тахминан солҳои 1905-1906 навишта шудааст:
Ҷавонмардони Эрон
Мардона кӯшиданд,
То ҷомаҳои фатҳ
Бар тан бипӯшиданд.
Гузаштанд аз сару тану ҷон
Ҳама дар роҳи Эрон,
Ҷавонмардӣ бингар,
Ҳиммат тамошо кун!
Сарчашмаҳои адл
Якбора ҷӯшиданд.
Дар ин порча аз қоидаи шеъри классикӣ ва арӯз баромадани шоир ҳувайдост.
Аз эҳтимол дур нест, ки ин суруд ба таснифҳои халқии давраи машрутаи Эрон алоқае дошта бошад. Вазни ин суруд ба вазни ҳиҷо низ қаробате дорад. Мисраъҳои ҳар банди он (ба ғайр аз мисраи якуми банди аввал, ки 7 ҳиҷо дорад) аз 6 ҳиҷо (3+3) иборат аст, вале ин ҳаргиз далели ҳиҷоӣ будани вазни он шуда наметавонад. Осори давраи советии шоир барои муайян кардани моҳияти навоварии ӯ чӣ аз ҷиҳати вазн ва чӣ аз ҷиҳати шаклҳои шеърӣ материали басо фаровон медиҳад. Бояд қайд кард, ки Лоҳутӣ баъди ба Иттифоқи Советӣ омаданаш навҷӯиҳои худро дар вазн бештар дар таронаву суруд анҷом додааст. Ин бесабаб нест. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ дар адабиёти халқҳои СССР низ навоварии шоирона бештар дар ҳамин таронаву сурудҳо зоҳир мешуд. Сабаби навопардозӣ дар вазни таронаву суруд, эҳтимол дар таҳти таъсири сурудҳои халқӣ руй дода бошад. Дар айни замон қонунҳои зуд тағйирёбандаи мусиқӣ ва тақозои оҳангҳои шӯху дилошуб, ки худи ҳаёт ҳарҷӣ бештар ривоҷ ёфтани оҳоро ба миён мегузошт, дар масъалаи ба тағйирот дучор шудани вазни таронаву суруд роли калон бозидааст.
Аз ҳамаи чиҳил, таронае, ки дар куллиёти шоир ҷо дода шудааст, бистуяктояш мувофиқи қонунҳои арӯз гуфта шуда, вазни нуздаҳ тарона аз доираи қоидаҳои арӯз берун аст. Илова бар ин агар шаклҳои шеъри ин 21 таронаро ба назар гирем, танҳо 7 тарона ҳам аз ҷиҳати вазн ва ҳам аз ҷиҳати шакл ба шаклҳои маъмули классикӣ наздик аст. Чаҳордаҳ таронаи дигар ё дар шакл ё дар вазн навигарие дорад.
Аз ҳафт таронае, ки шоир дар онҳо қонунҳои шеъри классикиро нигоҳ доштааст, як тарона дар баҳри хазаҷи мураббаъ, ду тарона дар баҳри рамали мураббаъ, як тарона дар рамали мусамман ва се тарона дар баҳри раҷази мураббаъ гуфта шудааст. Чунон ки мебинем, таваҷҷуҳи шоир нисбат ба шакли мураббаъи баҳрҳои рамалу раҷаз бештар будааст.
Интихоби шакли мураббаи баҳрҳои мазкур мусиқавияти ҳар як тарона ва бештар оҳанги шӯх касб кардани онҳоро таъмин кардааст.
Аз ин рӯ, ба завқу ҳаваси хонандаву шунаванда хеле наздик будани ин қабил таронаҳо низ, ба ақидаи мо, маҳз дар муъҷазбаёнии шоир ва истифодаи авзони нисбатан кӯтоҳ мебошад.
Дар таронаҳое ки бо вазнҳои кӯтоҳи арӯз гуфта шудааст, зоҳиран навигарие дида намешавад, вале дар ҳақиқат шоир барои то ба ин дараҷа дилошӯб ва салису шӯх баромадани онҳо кам меҳнат накардааст. Ин ҷо дар шакли шеърӣ, агар мо аз мусамман ба мураббаъ табдил додани онҳоро ба назар нагирем, асосан ҳамон қонунҳои шеърсароии анъанавӣ риоя шудааст, вале дар аксари таронаҳои ба вазни арӯз гуфта шудаи шоир ҳам вазн ва ҳам шакли шеърӣ тағйир ёфтааст.
Маълум аст, ки дар арӯз миқдори ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ дар ҳар мисраъ риоя мешавад ва ин принсипро аввалин маротиба устод Айнӣ дар шеъри “Суруди озодӣ” вайрон карда буд. Дар натиҷа нобаробарии адади ҳиҷоҳо дар мисраъҳо ба амал омад ва шакли қонуниро гирифт. Бояд қайд кард ки дар арӯзи аслӣ ҳам аз ҳисоби ҳиҷоҳои дарози якунимтоӣ як-ду ҳиҷо кам омадани мисраъҳо дида мешавад. Вале он ҷо чунин ҳолат танҳо дар мисраъҳои алоҳида мушоҳида шуда, аз аввал то охири шеър бо тартиби муайян давом намекунад. Дар шеъри устод Айнӣ бошад, аз аввал то охири шеър мисраъҳои нуҳ ва даҳ ҳиҷоӣ якдармиён ба тартиби муайяне меояд, ки ин як навъ низом пайдо кардааст:
Эй ситамдидагон, эй асирон
Вақти озодии мо расид.
Муждагонӣ диҳед эй рафиқон,
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.
Ин кори устод Айнӣ қадами аввалин буд дар роҳи аз нуқтаи назари эҷодӣ наздик шудан ба қонунҳои арӯз.
Чунин равияро дар эҷодиёти устод Лоҳутӣ низ мушоҳида мекунем. Навҷӯиҳои Айнӣ ва Лоҳутӣ як навъ умумияте доранд ва дар баҳри мутадорик бештар мушоҳида мешаванд.
Ҳарду ҳам қаробати баҳрҳои рамал ва мутадорикро дуруст дарк кардаанд. Аз инҷост ки чанд навопардозии Лоҳутӣ дар атрофи аркони ҳамин ду баҳр анҷом ёфтааст.
Агар аз рукни солими баҳри рамал, ки дар шакли фоилотун аст, як ҳиҷои охирро партоем, фоилон, дурустараш фоилун боқӣ мемонад, ки ин рукни солими баҳри мутадорик мебошад. Ё баръакс ба рукни солими баҳри мутадорик як ҳиҷо илова шавад, шакли “фоилотун”-ро мегирад, ки аз аркони солими баҳри рамал аст.
Таронаи “Тӯдаи заҳмат”-и Лоҳутӣ дар асоси рукнҳои солими ҳамин ду баҳр навишта шудааст.
Тӯдаи заҳмат, баровар
Сар зи хоби ду сад қарни мавҳум.
Чашм бикшо, гӯш, бишнав
Бонги шайпури дунёи мазлум
Яъне:
Фоилотун фоилотун
Фоилун фоилун фоилотун
Фоилотун фоилотун
Фоилун фоилун фоилотун.
Инҷо мисраъҳои ҳашт ва даҳ ҳиҷои якдармиён омадаанд, ки мисраъҳои якуму сеюми ҳар як банд аз ду бор омадани рукни фоилотун таркиб ёфтааст ва рамали мураббаъи солим ном дорад. Вале мисраъҳои дӯйум ва чаҳоруми ҳар банд аз ду фоилун ва як фоилотун сохта шудаанд, ки дар гузашта ин тарз омехта шудани рукнҳо дида намешуд.
“Садои шарқ” соли 1967 №2
Носирова Шавқинисо, мутахассиси шӯъбаи матбуоти даврӣ