Наврӯз мояи ифтихори тоҷикон

Дар ҳақиқат бо дархости Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ҷашнҳои ҷаҳонӣ дохил шудани Наврӯз мояи ифтихору сарбаландии тоҷикон аст. Маҳз ин ҷашни бошукӯҳ имрӯз ба муарифгари тоҷику тоҷикистониён дар тамоми олам гаштааст. Тоҷикистон ватани Наврӯз гуфтани мардумон бесабаб нест, зеро тамоми фасли ин сарзамин чун баҳорон зебову дилнишин ва зебост. Хусусан баъд аз ҷаҳонишавии Наврӯз ҷашни он дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз ҳам бошукӯҳу шаҳомат гашта, ривоҷу равнақ меёбад. Ва мардуми тоҷик бо суннатҳои он ошнотар мегарданд.

 

Ногуфта намонад, ки суннатҳои Наврӯз дар тарбияи ҷавонон низ, ки яке аз самтҳои муҳимми давлату ҳукумати кишвар аст, саҳми босазо дорад. Самти дигари ҳадафи стратегии мамлакат тарғиби сулҳу ҳамбастагӣ низ дар ниҳоди Наврӯз нуҳуфтааст.

Тарануму васфи баҳору Наврўз на танҳо дар осори шуарову уламо, балки дар қалбу замири ҳар як фарди ҷомеаи тоҷик бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Зеро инсон бо табиат робитаи қавӣ ва ногусастанӣ дорад. Мо бояд Наврӯзро ҳамчун мероси муқаддаси аҷдоди соҳибфарҳангамон бе нуқсон ба ояндагон боқӣ гузорем. Ва онро бо бунёдкориву созандагӣ мукаммалтар гардонем.

Набояд фаромўш кард, ки ба даст овардани сулҳу ваҳдати ин Ватани соҳибистиқлол бо посдории расму суннатҳои Наврӯзӣ, ки ботини инсонҳоро аз бори гарони адовату кина соф мегардонад ва онҳоро водор месозад, ки ба адлу инсоф оянд, алоқамандии зич дорад. Ва мо ифтихор аз он дорем, ки ҳамчун сарчашмадори ин ҷашни бузург онро пос медорему баҳри пойдории суннатҳои он талош меварзем.

Агарчи Наврӯз таърихи куҳани беш аз панҷҳазорсола дошта бошад ҳам, эҳёи он ба шарофати истиқлолияти давлатӣ комилтар мегардад. Таҷлили Наврӯз сатҳи фарҳангии мардумро боло мебарад. Ҳукумати мамлакат ба рушди он пайваста иқдом менамояд.

Дигар фазилати Наврӯз, ки аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона иборат аст дар маркази диққати Ҳукумати кишвар қарор дорад. Рӯз то рӯз гулгулшукуфоии хусусусан пойтахти кишвар гувоҳи ин гуфтаҳост.

Ҳадафи муҳими дигари мамлакат баромадан аз бунбасти комуникатсинӣ низ, ки ба пайванди роҳҳо марбут аст ба суннатҳои Наврӯз тавъам дорад. Ҳамчунон таъмини шароити арзанда ва зиндагии осоиштаву баробарии иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид мешавад, аз суннатҳои Наврӯзӣ сарчашма мегирад.

Фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ – пиндори нек, гуфтори нек, ва рафтори нек метавонад инсонро ба рисолати аслии хеш водор намояд.

Ҳар як фадро зарур аст, ки бо дарки ҳикмати Наврӯз баҳри эҳёву пойдории он талош намояд, чунки эҳтиром ба Наврӯз, эҳтиром ба гузаштаву оянда ва суннати ниёгон аст.

Фарорасии Наврўзӣ байналмилалӣ ба мардуми шуҳратёру устувори тоҷик, ҳамчунин тамоми ҳамзабонону соҳибватанон фархундаву пирўз бод!

 

Мунира САИДБЕКОВА, мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.