Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад…

 Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобҳои таьрихи омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифтааст шоҳ Ҷамшед  буд. Дар бораи чӣ гуна ин рӯз ба ҷашни умумӣ табдил ёфт, ривоятҳо зиёданд. Тибқи як ривоят шоҳ Ҷамшед сайри ҷаҳон мекард. Чун ӯ ба Озорбойҷон расид, фармон дод тахте тайёр карданд. Онро дар ҷои баландтарин баробари нури офтоб гузоштанд. Шоҳ дар сар тоҷи шоҳӣ бар тахт нишаст тобиши офтоб якҷоя бо нури гавҳарҳои тоҷ равшании офтобро ду баробар зиёд кард. Мардум шод шуданд ва он рузро Рўзи нав эьлон кард.

Дар ҳар як  шаҳрҳо  ин идро одамон бо расму русуми гуногун ҷашн мегиранд Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21 март ҳудуди шабу рўз баробар шуд Наврўз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони милали Мутаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Дар баробари фарорасии Наврўз мардум хонаҳоро аз чангу ғубор тоза мекунанд. Баъди анҷоми рубу чин бурё палосу қолин кўрпачаву болиштро афшонда ба хона медароранд. Одамон бо либосҳои тоза ба сайру гашт мебароянд. Дар ҷашнгоҳ ҳар гуна бозиҳои шавқовари варзишиву ҳунарӣ барпо мекунанд. Ровиён аз таърихи Наврӯз ҳикоят мекунанд, машшоқон мусиқӣ менавозанду ҳофизон таронасароӣ мекунанд.

Аз Наврўз мардуми тоҷик умеду орзуҳои зиёд доранд. Бигзор ин ҷашни қадимаву ҳамешаҷавон барои мардуми тамоми дунё бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ ва рўзгори нек ва сулҳу оромӣ орад.

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,

           Булбул ба тамошои дафу ҷанг баромад.

           Мурғони чаман ҷумла бикарданд парвоз,

           Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

 

Фазолат НАБОБОВА,

Сармутахассиси шуьбаи хизматрасонии библиографӣ.