Наврўз ва навоварӣ. Чанд пешниҳод барои оянда

Ҷашни байналмиллалии Наврўз–иди баҳор ва соли нави кулли кишварҳои Шарқ ба шумор меравад. Пайдоиши ҷашни Наврўз ва решаҳои он ба қаъри асрҳо рафта мерасанд.

Ҷашни Нарвўз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва кўҳанбунёди мардуми тоҷик буда, умри дарози беш аз шашҳазорсола дорад.

Навруз–яъне «Рўзи нав»-рўзи Ҳурмузи моҳи Фарвардини солшумории офтобӣ ба шумор рафта, чун ҷашни соли нав қайд карда мешавад. Ин рўз рўзи баробаршавии шабу рўз аст.

Ҷашни Наврўз 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рўзи ҷаҳонии Наврўз» қабул гардид ва дар асоси ин қарорнома аз соли 2010, 21 март ҳамчун рўзи байналмиллалии Наврўз таҷлил карда мешавад.

Наврўз таърихи қадима ва бою рангине дорад. Доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврўз маълумотҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ таълиф шуда, «Наврўзнома»-ҳои зиёде низ эҷод шудаанд.

Маълумотҳои ҷолибро мо метавонем аз «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва дигар мутафаккирони классикию муосир пайдо менамоем, ки аксари онҳо шоҳ Ҷамшеди пешдодиро асосгузори ҷашни Наврўз номидаанд.

Аз боби идгузории мардуми Ирон, ба хусус Наврўз Абурайҳон Берунӣ аз рўзгори Ҷамшед ривояте меорад.

«Чун Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил карда буд, ба қисме, ки ҳар андоза хўрданию ошомиданӣ тановул мекардаанд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт бивазад, ки сабаби рўидани дарахтон шавад. Ва наздик шуд, ки дунё нобуд гардад. Пас Ҷамшед бо амри Худованд ва роҳнамои ў, ба қасди манзили Иблису пайравони ў ба сўи ҷануб шуд ва дер гоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки расвоиро бартараф намуд. Он гоҳ мардум ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ва Ҷам дар ин ҳангом ба дунё баргашт ва дар чунин рўзе монанди Офтоб толеъ шуд ва Нур аз ў метофт. Ва мардум аз тулўи ду Офтоб дар як рўз дар шигифт намуданд ва дар ин рўз ҳар чўбе хушк шуда буд, сабз шуд. Ва мардум гуфтанд: «Рўзи нав!» Яъне рўзи навин!

Дар ин рўз буд, ки Ҷамшед ба ашхосе, ки ҳозир буданд, амр намуд ва бо онон, ки ғоиб буданд навишт, ки гўристонҳои кўҳнаро хароб кунанд ва гўристони тозае насозанд. Ин кор дар Ирониён боқӣ монд ва Худованд онро писандиду подоше, ки эзиди таоло Ҷамшедро барои ба ин кор дод, ин буд, ки раиятҳои ўро аз пирию беморӣ ва ҳасаду фано ва ғаму мусибати дигар ҳифз намуд. Ва ҳеҷ гоҳ ҷонваре дар муддати подшоҳии Ҷамшед намурд…».

Мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ баъди пирўзии Ҷамшед, ки онро Ирониён «Рўзи нав» хонданд «Ҳар шахсе аз рўи табаррук ба ин рўз дар таште ҷав кошт. Сипас ин расм дар Ирониён пойдор монд, ки рўзи Наврўз дар канори хона ҳафт хел ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рўйидани ин ғалла ба хубию бадии зироат ва ҳосили солиёна пешгўӣ кунанд».

Истиқлол ба ҷашни Наврўз, анъана, урфу одат ва маросимҳои миллӣ умри дубора бахшид.

Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои  ид» ба иди Наврўз додани мавқеи иди миллӣ ва чаҳор рўзи онро ҳамчун рўзҳои истироҳат эълон намудан гувоҳи файзи истиқлолият ва сиёсати фарҳангии сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрўз иди Наврўз ҳамчун иди миллӣ аз нав эҳё гардида, бо шукўҳу шаҳомати хоса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Иди Наврўз дар даврони Истиқлол аз вохўрии анъанавии Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар оғоз гардида, тантанаҳои идона дар пойтахти кишвар ш.Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бевосита бо иштироки сарвари давлат баргузор мегарданд.

Дар рўзҳои иди Наврўз кўмакҳои ашхоси сарватманд ба ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, ба хонаҳои бачагон, оилаҳои камбизоат, ба мўҳтоҷон ба ҳукми анъана даромадаст, ки яке аз суннатҳои башардўстонаи Наврўзӣ ба шумор меравад ва боиси дастгирист.

Бунёдгузорию созандагӣ дар даврони истиқлол ва дар рўзҳои ҷашнвораҳо ба истифода додани онҳо фоли неки наврўзӣ ба шумор мераванд. Чунки чизи нав дар рўзи наву иди Наврўз хос аст.

Истиқлол имкон дод, ки ҷашни аҷдодии Наврўз дар ҳар хона, кўча, деҳа, ҷамоат, хоҷагӣ, шаҳру ноҳия, боғчаю мактаб, муасисаҳои таҳсилоти олӣ ва дар тамоми қаламрави кишвар ботантана таҷлил карда шавад.

Имрўз дар ташкилу гузаронидани ҷашни Наврўз бояд ғояи нав, диди нав, навоварӣ ҷой дошта бошад. Ин навоварӣ пеш аз ҳама дар таҳияи барномаҳои ҷашнӣ, маводҳои илмӣ-тадқиқотӣ, суруду мусиқӣ, шеърҳои наврўзӣ, намоишномаҳо зоҳир гардад.

Пеш аз ҳама бояд дар чор рўзи ҷашни Наврўз барномаҳои мушаххаси фарҳангӣ омода карда шавад. Мисол: рўзи якум бигзор рўзи Наврўзи кўдакон бошад. Дар ин рўз таҳияи барномаҳои кўдакона, намоиши ҳунарҳо ва озмунҳои кўдакона, намоиш ва фурўши маводҳои кўдакона, ташкили олами кўдакон, олами афсона, атраксиону марказҳои  дилхўшӣ барои кўдакон ва ғайра мувофиқи матлаб мебошад.

Рўзи дуюми ҷашн аз нигоҳи мо бояд рўзи назму навои Наврўзӣ ном гирифта, рўзи базмҳои ширу шакар, вохўрӣ бо шоирону нависандагон, озмунҳои гуногуни наврўзӣ аз қабили байтбарак, навои наврўзӣ, сурудҳои наврўзӣ ва намоишномаҳои наврўзии театрӣ ва ғ. бошад.

Рўзи сеюми ҷашни Наврўз рўзи бозиҳои наврўзӣ ном гирад. Дар ин рўз бозиҳои миллии наврўзӣ аз қабили гўштингирӣ, аспактозӣ, хурўсҷанг, тухмҷанг, бандкашӣ, сангбардорӣ, камонкашӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда шавад.

Рӯзи чорум намоиши оммавӣ-театронидашудаи наврўзӣ дар наврўзгоҳҳо, идгоҳ ва дар оғўши табиат. Ин рўз аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастурхонҳои ҳафт «син» ва ҳафт «шин», шириниҳо, маводи хўрока ва дастовардҳои корхонаю муассисаҳо оғоз гардида, бо намоиши калони театронидашудаи наврўзӣ ҷамбаст карда мешавад. Ё аз диди коргардон ва гурӯҳҳои эҷодӣ бо таҳияи барнома вобаста ба рӯзҳои ҷашн консепсияҳои таҷлили ҷашнро пешниҳод  намоянд.

Муассисаҳои фарҳангу фароғати ҷумҳурӣ метавонанд дар рўзҳои таҷлили ҷашни Наврўзи оламафрўз нақшаи чорабиниҳои фарҳангии худро вобаста ба маҳал ва минтақа тартиб дода, барномаҳои фарҳангию фароғатии идона таҳия намоянд.

Омодагӣ ва таҷлили ҷашн ба фикри мо бояд дар давоми сол аз Наврўз то Наврўз давом кунад. Ин имкон медиҳад, ки аҳли зиё, олимону шоирон ва эҷодкорон неъматҳои тозаю нави маънавӣ эҷод намоянд. Дар як ё ду моҳ таҳияи барномаҳои асили Наврўзӣ тадқиқотҳои илмӣ, шеъру суруд ва оҳанг аз имкон берун аст.

Дар раванди эҳёи анъана ва оинҳои наврўзӣ нақш ва мақоми муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ хело бузург аст. Онҳо метавонанд тавассути таҳияи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ анъаноти таҷлили ин иди бостониро пешкаши мардум намуда, туфайли навоварии эҷодиву ҳунарӣ шукўҳу шаҳомати ҷашниро боз ҳам баланд бардоранд.

Замира Ҳомидова, корманди шуъбаи маълумотдиҳию библиогирафии МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.