Наврӯзи ҳувийятсоз ва ваҳдатофарин
Наврӯз-таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Вижагии барҷастаи ҷашни Наврӯз барои тоҷикон, пеш аз ҳама, мутобиқ шудани ҷашни баҳор бо тақвими миллӣ ва расмӣ мебошад. Ин хусусияти барҷаста ва намоёни Наврӯз онро аз ҳамаи ҷашнҳои сол ҷудо карда, мӯҷиб шудааст, ки аз қадим то ба имрӯз мардум Наврӯзро на дар толорҳои дарбаста, балки дар оғӯши табиат ҷашн бигиранд ва ба ин васила аз пайванди деринаи инсону табиат ҳушдор диҳанд.
Ба ин далел, Наврӯз хостгоҳи сарзаминӣ ва миллии тоҷикон буда, ҷашн ва оинест бархоста аз маҷмуаи шароити табиӣ ва бунмояҳои суннативу эътиқодии ин миллат, ки дар паҳнои ҷуғрофиёи фарҳанги ориёӣ, бе вобастагӣ ба ҳеҷ қавму мазҳабу гурӯҳи хос дар қалби мардум нишастааст ва ваҷҳи муштараки ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва эътиқодӣ мебошад. Ба ифодаи дақиқтар, ҳамаи ақвоме, ки дар фосилаҳои гуногуни замонӣ ба ин сарзамин омадаанд ва ҳамаи ҷараёнҳои эътиқодие, ки дар ин ҷо ривоҷ пайдо кардаанд, онро пазируфтаанд, аз он баҳра гирифтаанд ва бар он асар гузоштаанд, монанди ҷӯйборҳое, ки дар масири рӯдхона ба он ворид мешаванд, вале рӯдхона ҳамчунон ҳувийяти худро ҳифз менамояд. Наврӯз дар ҷараён ва ҳузури пайвастааш дар печу хамҳо ва фарозу фурудҳои таърих ва дар паҳнои васеи ривоҷи он асли ҳувийяти собити миллӣ ва фарҳангии тоҷикон буду ҳаст ва ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.
Ҳатто дар замони каҷдору марези шӯравӣ, ки таҷлили Наврӯз манъ гардида буд ва гоҳо онро бо номи “Иди меҳнат” ҷашн мегирифтанд, ин ҷашн бунмояи эътиқодиашро аз даст надод. Мардум дар ҳар ҷо ки метавонистанд, аз он ёд мекарданд. Ҳатто сарвари рӯзномаи “Маориф ва маданият” шодравон Бӯринисо Бердиева бори аввал соли 1964 ва бори дувум 21-уми марти соли 1966 шумораи махсуси рӯзномаро ба ин ҷашн бахшид. Ин ҷараёни худшиносӣ дар солҳои навадум ба шарофати бозсозии горбачёвӣ таҳаввул пайдо карда, роҳбари вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов аз тариқи телевизиони кишвар Наврӯзро “ҷашни ҳақиқӣ ва истироҳат“ эълон кард.
Замони истиқлол барои эҳёи расму русум, ҷашну маросим ва суннатҳои миллӣ заминаи мусоид ва таърихиро ба вуҷуд овард, ки асосгузори он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. 3-уми ноябри соли 1995 пас аз таҳия ва баррасӣ дар ҷаласаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ваколати қонунии худ ба матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” имзо гузошт. Дар асоси банди якуми Қонуни мазкур 21-22-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзҳои ҷашни Наврӯз эътироф карда шуд. 29-уми апрели соли 2006 ба Қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он рӯзҳои 23-24-уми март низ ҳамчун рӯзҳои Ҷашни Наврӯз муқаррар гардид.
Баъдтар, яъне 23-уми феврали соли 2010 бо ташаббуси бевоситаи сарвари Тоҷикистон ва чанд кишвари дигари ҷаҳон Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон кардани рӯзи 21-уми март қарор қабул кард ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кард. Ҳамчунин 21-уми июли соли 2010 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 3-уми ноябри соли 1995 тағйирот ворид карда шуда, ба ҷои ибораи “Ҷашни Наврӯз” “Иди байналмилалии Наврӯз” навишта шуд ва бо ҳамин Қонуни мазкур ба қарори Маҷмаи Умумии СММ мутобиқ гардид. Ҳамзамон, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар “Нишони Наврӯз” таъсис гардида, ҳамчун рамз тасдиқ када шуд.
Ба ин тартиб, бо саъйу талоши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар ҷомеаи тоҷикон ҷойгоҳи худро соҳиб шуд ва бо арзишҳои миллӣ дар дилу дидаҳо мақом пайдо кард. Дар ин замина метавон иқрор шуд, ки Наврӯз арзишҳо ва коркардҳои шохису барҷастаи бисёре дорад, ки душвор аст якеро аз дигаре бартар шумурд. Бо вуҷуди ин, яке аз муҳимтарин нақшҳои Наврӯз, ки бо вуҷуди фишорҳои замондорон аз ёди мардум нарафтааст, эҷоди ваҳдат, тақвияти ҳамбастагиҳову ягонагӣ аст. Ин арзиш аз ду хусусияти вижаи Наврӯз сарчашма мегирад, ки якеи он идомаи пайвастаи ин ид дар фосилаи чандин ҳазор сол аст. Дар натиҷаи ин сайри тӯлонӣ Наврӯз густурдатарин ва кӯҳантарин ҷашну оини муштараки сарзаминҳои ориёинажодон гардид.
Мавҷудияти бардавоми Наврӯз дар тӯли чандин ҳазор сол дар паҳнаи сарзаминҳои ориёӣ сабаби ҳамсозии мардумони ин манотиқ ба ин ҷашн гардида, онро ба нуқтаи атфи иштироки гуруҳҳои қавмӣ ва эътиқодии онҳо табдил кардааст. Имрӯз ин нуқтаи иштирок дар маҳдудаи кишварҳои ориёӣ омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар густараи сарзаминҳои ҳавзаи Наврӯз омили ҳамбастагӣ ва ҳамсозии минтақавӣ мебошад.
Вижагии дигари Наврӯз омили муттаҳидкунандагии он буда, хислати ваҳдатофаринии ҳар кадоме аз расмҳои онро мушаххас месозад, ки эҷоди муттаҳидӣ ва ҳамбастагӣ дар сатҳи мухталиф, аз хонавода то рустову маҳаллаву шаҳр ва кишвар ва то ҳавзаҳои фарҳангӣ ва ҷуғрофиёии фаротар аз онро дар бар мегирад. Ба ифодаи дигар, Наврӯз аз ҷумлаи ойинҳоест, ки дар ҷузъиёт ва куллиёти худ фарогири нируи қавии мутаҳидкунандагӣ буда, ин хислатро дар ҳамаи сатҳҳои ёдшуда ва маҳаллу минтақаҳо доро мебошад. Ба ин далел, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар 21-уми марти соли 2014 барҳақ гуфта буданд, ки “Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулпазирӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват мебошад”.
Боварҳо ва рафторҳои ойинӣ дар суннатҳои наврӯзӣ дар ҳамаи гӯшаву канори кишвари мо саршор аз унсурҳоест, ки ваҳдатофарин ва оштисозанд. Аз ин ҷиҳат Наврӯз дар ҷомеият парчами баланди ваҳдату ҳамгироист, ки дар сароғози ҳар солу ҳар баҳор дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон боло бардошта мешавад. Дар ин замина шохисаҳои расму ойини наврӯзӣ, ки ҳамбастагиву ваҳдатофаринӣ унсури бунёдии он аст, дар ҳамаи расмҳои ин ҷашн то ба имрӯз зиндаву барҷост.
Аз замонҳои қадим то ба имрӯз гирди як дастурхон гирд омадан, бо хаёли роҳат палав пӯхтан ва онро тановул кардан расми содае нест. Ин расмро аз шоҳони Сомонӣ сар карда, то Аббоси Сафавию баъдиниён пайгир будаанд. Шоҳон ба хотири он ки худро ба мардум наздик кунанд, ба ин расми наврӯзӣ такя доштаанд. Дар шаби Наврӯз дар ҳамаи хонаҳо ба ҳадди тавон афрӯхтани оташдонҳо ва гирд омадани афроди хонавода сари дастурхон ва аз гармои муҳаббат ва бо ҳам будан шод будани онҳо воқеиятест, ки ҷанбаи амиқи ваҳдатофаринӣ дорад.
Дар тамоми фосилаи замонҳо хонавода унсури асосӣ ва аввалини иҷтимоӣ будааст, ки дар шумули коркарди ҳамбастагии Наврӯз қарор мегирад. Дар Наврӯз, агар имкон бошад, мардуми мо ҳар ҷо ки бошанд, ба хонаи худ бозмегарданд, то дар соати таҳвили сол ва субҳи Наврӯз дар ҷамъи хонавода ва канори суфраи идона бошанд. Риояти ин одоб нақши пӯё дар ҳамсозӣ ва иттиҳоди хонавода дорад. Барои ҳузур дар канори суфраи идона бояд покиза буд, бояд шустушӯ кард ва ороставу пероста бар канори суфраи идона нишаст. Оинаву об, чароғи равшан, китобу шамоили муқаддас ва сабзаи навруставу сукут дар интизори оғози сол фазои рамзомез ва рӯҳонӣ эҷод мекунад, ки барои ҳамеша дар хотираи кӯдакону наврасон тасвири мондагор ва омехта бо шодиву муҳаббат аст ва бузургтарҳоро ба фаромӯш кардани дилозурдагиҳо мехонад. Сипас каломи муборакбод ва ширини суфраи идона ҳамаро ширинком ва роҳии диду боздидҳои наврӯзӣ мекунад. Дар замонҳои пеш (то манъ кардани шуравӣ) нақши муттаҳидкунии таҳвили сол дар минтақаҳое, ки макони зиёратгоҳӣ ва муқаддас доштанд, аз маҳдудаи фазои хона фаротар мерафт. Мардум дар макони муқаддас гирд омада, Наврӯзро таҷлил мекарданд. Ин расм дар тамоми минтақаҳои кишвар барҷо буд ва ҳоло фақат дар ёдҳо боқӣ монадааст.
Расми дигаре буд, ки дар арафаи Наврӯз ҳамсояҳо, хешу табор ба хонаводаи сӯгвор мерафтанд, барои дилдорӣ, тасалло ва дуою фотиҳа. Ҳамчунин ҳамсояҳо, хешу табор суфраи наврӯзӣ мегустурданд, шамъу чароғ меафрӯхтанд, ба дастҳои сӯгворон ҳино мебастанд ва муборакбод мегуфтанд. Ба ин васила ашкҳои андӯҳ ва шавқ дарҳам мешуданд ва шодиву ягонагии зебо ва дилнишине ҷойгузини андӯҳу танҳои сӯгворон мешуд. Вақте ҳамроҳи онҳо ба табрики хешу табор ва аҳли маҳалла мерафтанд, ғаму андӯҳи сӯгворон фурӯ мерехт, ҷои онро кайфияти ҷузъе аз ҷамъ ва фориғ аз ғаму андӯҳ будан ва Наврӯзро бе азизи аз дастрафта ҷашн гирфтан боло мегирифт. Ба ифодаи сареҳтар, танҳоӣ ва ғами сӯгворон дар шодии ҷамъ, ҷамъе, ки дар андӯҳи онҳо низ андӯҳгин ва ғамшарик буданд, гум мешуд.
Афсӯс, ки аз он расму таомуле, ки калонсолон нақл мекунанд, ҳоло кам боқӣ мондааст. Вале лаҳзаҳое дар ёдам ҳаст, ки мо бачаҳои рустоӣ барои гирд овардани буттаҳо, гулҳои наврӯзӣ ба теппаҳои атрофи деҳ мерафтем, то тадоруки афрӯхтани оташи шаби Наврӯзро бинем, ҳамкорӣ ва ҳамёриро таҷриба ва тамрин кунем.
Ёдам меояд, вақте тухми мурғҳои идонаи рангини худро бо ҳам ҷамъ мекардем ва дубора онро байни худ тақсим менамудем, раҳо кардани “ман”-и худро дар “мо”-и ҷамъ низ таҷриба мекардем, ки ба рӯҳи мо наврасон таъсири бузурги ҳамгироӣ мегузошт.
Ёдам меояд, ки боз чӣ корҳои аҷибе мекардем, аҳли маҳалла якҷоя хона ба хона идгардак мекардем, кудуратҳоро ба миёнҷигарии мӯйсафедон ба оштӣ бадал мекардем, гулҳои шодӣ, муҳаббат ва ҳамдилиро мешукуфтондем ва болои сари ҳамдигар чош медодем ва ҳама худро ҷузъе аз як хонаводаи бузург эҳсос мекардем.
Он чӣ зикраш рафт, муште аз хирвор буд ва дар ҳадди гунҷоиши ин навиштор, аммо расму русуми наврӯзӣ фаротар аз он аст, ки ёдовар шудем. Хулласи калом ин аст, ки иштирок дар суннатҳои эътиқодӣ ва дар пайравии он расмҳое, ки бунмояи онҳо ҳастанд, муҳкамтарин пайвандҳоро миёни инсонҳо падид меоваранд ва таҳаввул мебахшанд. Ин муштаркот ҳар чӣ кӯҳантар ва решадортар бошанд ва ба вижа, агар решаи таърихӣ дошта бошанд, дар иттиҳоду ҳамгироии инсонҳо таъсиргузортар хоҳанд буд.
Наврӯз, чунонки аз назар гузашт, бо таваҷҷӯҳ ба тааллуқоти муштарак ба ҳамаи исонҳо ва бо доштани вижагиҳое, ки қисме аз онҳо зикр шуд, нируи қавии ваҳдатофаринӣ дошта, дар шумори авомили муҳими таъсиргузор ба ҳамсозиву ҳамгироӣ ва қаробати ҷомеаи миллӣ мебошад. Нақше, ки дар низоми равобити тоҷикон бо худиву бегонагон ҳанӯз зинда ва пӯёст. Яке аз розҳои мондагорӣ ва рамзи густариши Наврӯз то сатҳи ҷаҳонӣ низ ҳамин аст.
Назар Баҳрулло, мудири бахши китобҳои махсуси МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ.