Назаре ба таҷрибаи ҷаҳонии Паёми Президент ба парламент. Бахши 2

Паёми ПрезидентДар баъзе давлатҳо Паём аз ҷониби дигар мақоми давлатӣ ва ё шахси мансабдори давлатӣ бидуни Роҳбари давлат роҳандозӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар давлатии Япония ба сифати намояндаи Ҳукумат дар бораи вазъи умумии корҳои давлатӣ ва муносибатҳои хориҷӣ Сарвазир дар парламент баромад мекунад (моддаи 72 Конститутсия), ки ин шаҳодати вогузор набудани салоҳияти император тибқи Конститутсия ба иҷрои вазифаи ҳокимияти давлатӣ мебошад (моддаи 4 Конститутсия).

Дар қисми 7 моддаи 93 Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон ( минбаъд – ҶУ ) сараввал муқаррар гардида буд, ки Президенти ҶУ ҳамасола оид ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат бо Олий Маҷлиси ҶУ маъруза ирсол менамояд. Сипас ба Конститутсияи ҶУ 16-уми апрели 2014, №ЗРУ-366 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва қисми 7 моддаи 93 дар таҳрири нав ифода гардид, ки тибқи он Президенти ҶУ “ҳуқуқ дорад ба Олий Маҷлиси ҶУ дар бораи масъалаҳои муҳимми амалисозии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муроҷиат намояд. Яъне, бо Паём ба Олий Маҷлиси ҶУ муроҷиат намудани Президенти ҶУ ҳуқуқи конститутсионии ӯ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, Президенти нахустини ҶУ  Ислом Каримов аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ боре ҳам ҳам истифода набурдааст. Президенти дуюми ҶУ Шавкат Мирзиёев бо истифода аз ҳуқуқи конститутсиониаш бори нахуст 22-юми декабри соли 2017 бо Паём дар назди Олий Маҷлисӣ ҶУ баромад намуд: Ӯ зимни ироаи Паём махсус зикр намуд:“Имрӯз ҳамаи мо иштирокчии воқеаи муҳимми сиёсӣ дар ҳаёти Ватанамон мебошем, ки Президенти ҶУ бори аввал бо Паём дар Парламенти мамлакатОлий Маҷлис баромад мекунад”.

Ҳатто дар давлати аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ пешрафтаи Ҷумҳурии Фаронса (минбаъд – ҶФ) то соли 2008 Президенти ҶФ ҳуқуқи баромад кардан бо Паём дар парламентро надошт ва он танҳо дар шакли хаттӣ ирсол карда мешуд. Тавре Д. Гусев менависад: “То соли 2008 Президенти ҶФ ҳуқуқи мустақилона муроҷиат кардан бо парламентро надошт ва танҳо Паёми хаттии Сарвари давлат пешниҳод карда мешуд. Танҳо бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶФ дар давраи президентии Никола Саркозӣ ба Сардори давлат ҳуқуқи баромад кардан дар назди вакилони парламенти мамлакат дода шуд Саркозӣ аз ин ҳуқуқ соли 2009 ҳангоми буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ истифода бурд. Франсуа Олланд ҳарду палатаи парламенти Фаронсаро пас аз амали террористие, ки 13-уми ноябри соли 2015 содир гардид, дар шаҳри Версал ҷамъ оварда буд”.

Президенти 25-уми ҶФ Эммануел Макрон 3–юми июли соли 2017 бо Паём дар назди ҳарду палатаи парламент дар шаҳри Версали ҶФ баромад кард. Ӯ муносиб донист, ки дар давоми президентиаш бо истифода аз ваколати констутсиониаш ҳамасола бо Паём дар назди парламент баромад намояд.

Қобили зикр аст, ки дар баъзе аз давлатҳои шакли идоракуниашон парламентӣ Сарвари давлат дар мувофиқа бо Ҳукумат бо Паём ба парламент ва халқ муроҷиат менамояд. Масалан, мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Ирландия ҳар як Паём ё муроҷиати Президент ба парламент бояд аз тарафи Ҳукумат тасдиқ карда шавад (моддаи 13 Конститутсия). Дар Ҷумҳурии Юнон бошад, Президент бо розигии раиси Ҳукумат, бо Паём ба халқ муроҷиат карда метавонад. Паёмҳо бо имзои Сарвазир тасдиқ ва дар рӯзномаҳои Ҳукуматӣ интишор карда мешаванд (қисми 3, моддаи 44 Конститутсия).

Дар Ҷумҳурии Федератавии Бразилия Паём ҳамчун ҳуқуқи махсуси Президенти кишвар муқаррар карда мешавад. Масалан, мувофиқи қисми XI моддаи 84 Конститутсияи Бразилия Президенти кишвар ваколати истисноӣ барои муроҷиат бо Паём ба Конгресси Миллиро дорад.

Дар як қатор кишварҳо сарварони давлат ва ҳукумат бо паёмҳои махсус, ки ба мавзуъҳои аниқу мушаххас, маҳдудиятҳои ҷамъиятӣ, вазъияти фавқулода ва дигар масъалаҳои муҳим, инчунин, паёмҳои ғайринавбатӣ муроҷиат менамоянд. Аз ҷумла, дар ҶФ ҳангоми таҳдиди хатар ба амнияти давлат Президент бо Паём ба миллат маълумот медиҳад (моддаи 16 Конститутсия). Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Арманистон ҳангоми ба миён омадани таҳдиди бевоситаи хатар ба сохти конститутсионии кишвар Ҳукумат вазъияти фавқулодда эълон мекунад, доир ба ҳолатҳое, ки вазъиятро фаро гирифтаанд, чораҳо меандешад ва дар ин хусус бо Паём ба халқ муроҷиат мекунад (қисми 1 моддаи 120 Конститутсия). Президенти Ҷумҳурии Украина бо паёмҳо ба халқ ва бо паёмҳои солона ва ғайринавбатӣ ба Радаи Болоии Украина дар бораи вазъи дохилӣ ва хориҷии Украина муроҷиат менамояд (банди 2, моддаи 106 Конститутсия).

Президенти Ҷумҳурии Хорватия метавонад ба парламенти кишвар Паём ирсол намояд ва ҳамасола ба он дар вазъи давлат ва миллати хорватиҳо маъруза пешниҳод кунад (моддаи 103 Конститутсия). Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш низ салоҳияти муроҷиат ба парламент ва ба он ирсоли Паёми худро дорад (қисми 1 моддаи 73, Конститутсия).

Дар ҷумҳурии Португалия Президенти ин кишвар дар доираи ваколаташ ба Ассамблеяи ҷумҳуриявӣ (парламент) ва ассасблеяи қонунгузории вилоятӣ Паём ирсол менамояд (банди d, моддаи 133 Конститутсия).

Қобили тазакуур аст, ки Ҷумҳурии Қирғизистон (минбаъд– ҶҚ) пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ 5-уми майи соли 1993 Конститутсияи нахустини худро қабул менамояд. Дар банди 3) қисми 5 моддаи 46 Конститутсия муқаррар карда мешавад, ки Президенти ҶҚ “бо паёмҳои ҳарсола дар бораи вазъи корҳо дар кишвар ба халқ муроҷиат менамояд, ки дар ҷаласаи якҷояи ҳар ду палатаи Жогорку Кенеш (парламент) хонда мешавад”. Бо қабули Конститутсияи дуюми ин кишвар аз 27-уми июни соли 2010 дар ҶҚ падидаи Паёми Президенти ҶҚ ба халқ барҳам дода мешавад. Танҳо дар банди 3) қисми 2 моддаи 64 Конститутсияи ҶҚ навишта мешавад, ки Президенти ҶҚ “ҳуқуқи баромад дар ҷаласаҳои Жогорку Кенеш (парламент)- ро дорад”. Сипас Конститутсияи ҶҚ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ аз 11-уми апрели соли 2021 маротибаи сеюм дар таҳрири нав қабул гардид. Дар асоси он падидаи Паёми Президенти ҶҚ дубора барқарор мешавад, масъалаҳои баррасишаванда фарох ва доираи субъектҳое, ки ба онҳо Паём ирсол мегардад, зиёд мегардад. Чунончи, дар банди 3) қисми 3 моддаи 70 Конститутсияи ҶҚ муқаррар гардид, ки Президенти ҶҚ бо паёмҳои ҳарсола дар бораи вазъи корҳо дар кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ба халқ, Жогорку Кенеш (парламент), Курултайи халқӣ (Маҷлиси намояндагии ҷамъиятӣ) муроҷиат менамояд”.

МАНБАЪ: Фирӯз Сайнозимзода: “Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ”. Душанбе, 2024.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,
сармутахассиси Медиатека
Президенти Тоҷикисон.