Назари Евгений Бертелс дар бораи манзумаҳои Унсурӣ. Чаро онҳо то замони мо нарасиданд?

Ин ки метавон беш аз сӣ манзума бо чунин номе баршумурд, нишодиҳандаи шуҳрати бузурги ин мавзўъ аст. Аммо аз ҳамаи додаҳое, ки дар бораи онҳо дар дасти мост чунин бармеояд, ки ин манзумаҳо ба ҳеч рўй, назира (посух) ба манзумаҳои Унсурӣ нест ва ин ки дар садаи понздаҳуми тарсоӣ, дигар оини устуворе барои ин чистор набудааст.

Бисёре аз ховаршиносон бар инанд, ки ҳарчанд асли манзумаи Унсурӣ то ба рўзгори мо нарасидааст, аммо метавон хутути асосии мавзўи онро бозсозӣ кард. Сухан бар сари он аст, ки Ломеӣ шоири турк (вафот ба соли 937-1530/31-и тарсоӣ) ё (1531/32-и тарсоӣ) тарҷумаҳое аз манзумаҳои куҳани порсӣ дорад, ки дар миёни онҳо «Вомиқ ва Узро» ҳам мондааст.

Росташ ин аст, ки ин тарҷумаи туркӣ ҳам дар як нусха аст ва ин нусхаи хаттӣ дар партави ҷустуҷўҳои ховаршиноси номдор – Э. Ҳомер – Пуркаштол, ки онро ба китобхонаи Вена дода буд ба даст омад. Э. Ҳомер нахустин бор дарунмояи манзумаи Лоимиро дар «Таърихи манзумаҳои Усмонӣ», ки навиштаи худи ў буд, хулоса кард ва сипас А. Геб онро бозовард. Намедонем аз чи рў, пештар ховаршиносон бар ин бовар буданд, ки манзумаи Ломеӣ тарҷумаи мў ба мўи мондаи манзумаи Унсурӣ аст. Равшан нест, ки сабаби ин пиндор чӣ будааст? Бахубӣ огоҳӣ дорем, ки дар Ховари наздик, шеърро танҳо дар мавридҳои истисноӣ тарҷума мекардаанд ва бештар, назира (посух) ва ё шарҳе ба гунаи дигар меовардаанд ва муаллифони онҳо на танҳо намекўшиданд достонро дуруст мў ба мў бозгў кунанд, балки талош доштанд достони бикри дигаре биёваранд. Гумон намеравад, ки Ломеӣ ба тарҷумаи дақиқ даст бурда бошад.

Мекӯшем ин андешаро бад-ин гуна устувор созем: Матни аслии «Вомиқ ва Узро»-ро дар даст надорем, аммо матни манзумаҳои «Вис ва Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ ва «Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ ҳаст. Пас метавон дарёфт, ки оё Ломеӣ ин манзумаҳоро тарҷума карда ва ё назираҳое сохтааст. Равшан мегардад, ки агар «Саломон ва Абсол» – манзумае, ки дар партави бузургдошти Ҷомӣ дар Туркия, ки ба гумон худаш дар садаи XVI-и тарсоӣ дар он ҷо буда, бахубӣ шинохта шуда ва то андозае наздик ба матн аст (яъне бозгў шудааст, на тарҷума), аммо «Вис ва Ромин»-и Ломеӣ ҳеч гуна ҳаммонандӣ бо матни аслии Фахриддини Гургонӣ надорад. Барои ҳамин ҳам мо ҳеҷ замина ва асосе надорем ки «Вомиқ ва Узро»-и Ломеиро тарҷумаи мў ба мўи манзумаи Унсурӣ бидонем.

Дар дарунмояи манзумаи Ломеӣ диранг ва воисте нахоҳем кард ва танҳо ёдовар мешавем, ки дар он касоне, ки аз рўи даҳҳо манзумаи ҳаммонанд бо онҳо ошно ҳастем дида мешаванд: Подшоҳи Чин, хоқони Тўрон, Шоҳзода ва Шоҳдухт. Қаҳрамони достон ҳамчун ҳамеша дар ҷустуҷўи дилдор (Узро) аст, ки бо дидани нигораи вай ба ў дил бохтааст. Ў, чун ҳамеша садду бандҳои бисёреро аз сари роҳ бармедорад ва манзума ҳамонанди ҳамеша бо шарҳи ҷашну сурури арўсӣ ба поён мерасад. Агар манзумаи Унсурӣ ба ростӣ чунин буда бошад, сабаби камёбии мавзўи он норавшан ва гунг мемонад.

Иқтибосҳое, ки аз «Вомиқ ва Узро»-и Унсурӣ дар фарҳангҳои куҳан бавижа дар фарҳанги ёдшудаи Ҳофизи Авбаҳӣ ва фарҳанги Сурурӣ – «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» – омадааст гўёи он аст, ки Ломеӣ на танҳо кори Унсуриро тарҷума накарда, балки аз манзумаи ў бехабар ҳам будааст. Худ пайдост, ки бозсозии мавзўи манзума ба ёрии ин иқтибосҳо номуяссар аст, аммо инҳо то андозае рўшноӣ ба дарунмояи он метобонанд. Аз онҳо дармеёбем, ки номи падари Вомиқ – Макзитўс, номи занаш Аснастон, номи омўзгори Узро-Фалотўс ва номи савдогаре, ки Узроро рабуд, Дамхониюс будааст. Чунонки мебинем ин номҳо на ин ки эронӣ, балки юнонӣ ҳастанд ва шояд ҳам юнонигуна сохта шуда бошанд, аммо номҳое ҳастанд, ки намешавад онҳоро нашинохт. Чунончи дар яке аз иқтибосҳо аз Фулиқрот ёд шуда, ки пайдост ҳамон хунхори пуровозаи сомусӣ – Пулекрот аст. Ду дигар Ҳору ва Андрус ҳастанд, ки ногуфта намонад, гузоришгар овардааст, ки ин ду дилдогоне ҳастанд, ки дар каронаҳои гуногуни халиҷӣ мезиянд; Ҳорун дар каронаи худаш чароғе равшан мекард ва Андрус бо роҳнамоии ин чароғ ба каронаи дигар, ба сўи дилдор шиновар мешуд. Аммо боре чароғ хомўш шуд ва Андрус роҳро гум кард ва дар об хафа шуд. Душвор нест, ки дар чеҳраи ин ду дилдода Грав ва Леондрии пуровозаро бишносем ва афзуда бар он номи «Андрус» ба осонӣ метавонистааст дар паи хатонигорӣ, «Лоандрус» шуда бошад.

Саранҷом ин ки рухдодҳо дар ҷазираҳое аст, ки лонаи дуздони дарёӣ ба киштиҳои бозаргонӣ юриш мебурдаанд. Ҳамаи инҳо ба равшанӣ менамоёнад, ки «Вомиқ ва Узро» бо улгуи достонҳои аҳди атиқ, ки онҳоро мешиносем, сохта шуда будааст. Ёдоварӣ мекунем, ки аз сарчашмаҳо, чунончи «Алфеҳрист» гувоҳест бар ин гуфтаи мо. Дар он ҷо омадааст, ки Саҳл ибни Ҳорун шахсияти машҳури шуубӣ чанд китоб ва аз ҷумла «Саъла ва Уфро» (ки ба гуфтаи Алнадим ба «Калила ва Димна» монандӣ доштааст), «Алнамр ва Саъла» ва «Вомиқ ва Узро»-ро тарҷума карда будааст. Бадбахтона, ёдоварии «Алфеҳрист» бисёр гунг аст ва муяссар намесозад равшан кунем, ки Саҳл ин ду китобро аз кадом забон тарҷума кардааст (ин забон метавонистааст юнонии бостон, сурёнӣ ва ё ин ки порсии миёна – паҳлавӣ – буда бошад). Будани номҳои юнонӣ дар манзума худ ба худ чизеро устувор намекунад, зеро матнҳои сурёнӣ ва паҳлавӣ ҳам метавонистаанд аз юнонӣ бархоста бошанд. Ин нуктаро ҳам наметавонем нодида бигирем, ки достони юнонии куҳан ҳам ба навбаи худ ба гумони бисёр метавонистааст аз суннатҳои ховари миёна гирифта, бархоста бошад.

Бад-ин сон, бо он ки додаҳое дар даст аст, ки Берунӣ ҳам достони «Вомиқ ва Узро»-ро ба арабӣ бозгардонида будааст, аммо аз ин ҳам наметавон ба чунин паёмаде расид, ки манзумаи Унсурӣ аз яке аз ҳамсоягон гирифта шуда бошад. Ин мавзуъ метавонистааст дар гузаштаҳои бисёр дури бостон аз эрониён ба юнониёне кўчида, пас аз садаҳое дароз, аз раҳгузари мутарҷимони шуубия, ба муаллифони садаҳои X-XI-и тарсоӣ, ки ба порсии дарӣ менавиштаанд, бозгашта бошад. Аз он ҷо ки дар ҳар байти ҷудогонаи манзумаи «Вомиқ ва Узро»-и Унсурӣ, ки бар ҷой мондааст, устодии бузурге ба чашм мехўрад, бояд сахт андуҳгин бошем, ки чаро ин ёдгор то ба рўзгори мо нарасидааст.

Э. Ҳомер ва ҳамаи касоне ки пас аз ў чизе дар бораи манзумаи «Вомиқ ва Узро» навиштаанд, сабаби нобудии онро дар ин донистаанд, ки гўё дар ситоиши оини куҳан (дини зартуштӣ) будааст. Аммо метавон пиндошт, ки будани номҳои юнонӣ дар ин достон, ба ҳеч гуна вобастагии он бо дини зартуштӣ созгор нест. Дигар ин ки на ҳар асари садаҳои X-XI-и тарсоӣ, ки нависандааш сухане ҳамдилона бо оини зартушт дошта, маҳкум ба нобудӣ шудааст. «Шоҳнома»-ро ба ёд биёварем, ғазали пуровозаи Дақиқиро ба ёд биёварем. Афзун бар ин танҳо манзумаи Унсурӣ набуд, ки аз миён рафта, бахше бузург аз девони ў низ, ки бегумон дорои суханони ҳамдилона бо Зартушт ҳам набуда, нобуд шудааст. Оё осонтар нест бипиндорем, ки ин нусхаҳои хаттӣ дар китобхонаи ғазнавиён дар Fазнин будаанд ва дар нимаи садаи XII-уми тарсоӣ, ҳаногоме ки Алоуддин Ҳусайни Ҷаҳонсўзи Fурӣ Ғазнинро ба оташу шамшер супурд аз миён рафта бошанд?

Бо ҳамаи ночиз будани огоҳии мо аз манзумаҳои Унсурӣ, як чиз равшан аст, онҳо аз сабке будаанд, ки мешавад ба гунаи машрут онро «сабки манзумаҳои романтик» бархонд. Дар ин нукта ҳеч ҷои гумоне ҳам наметавонад бошад. Ин аз аҳаммияти бузург бархўрдор аст, зеро дидмони хатои Г. Эте, ки мепиндорад ҳамаи чакомаҳои ҳамосии порсӣ аз «Шоҳнома» сарчашма мегирад ва ин ҷо чакомаҳои «романтик» ҳамоно рушди пасини рухдодҳои «Золу Рудоба», «Бежан ва Манижа» ва ҷуз инҳост, аз ҳамин ҷо бармехезад. Дидмони ў аз ин рў хато ва нодуруст аст, ки метавон гуфт манзумаҳои Унсурӣ ҳамҳангом бо «Шоҳнома» сохта шудаанд ва низ барои ин ки чунонки гуфтаем манзума (ё овардаҳое аз ин даст) дар рўзгори Ҳеродот ва Катиси ҳам дар Эрон будааст.

ПОЁНИ МАТЛАБ

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Башира Умарова,
мутахассиси пешбари
Маркази “Тоҷикшиносӣ.