Назари Евгений Бертелс дар бораи манзумаҳои Унсурӣ. Чаро онҳо то замони мо нарасиданд?
Ин бахш аз таҳқиқоти академик Евгений Бертелс, ки дар китоби машҳури ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” дарҷ шудааст, барои кулли омӯзгорон ва муҳаққиқоне, ки адабиёти тоҷик дар асрҳои X-XIII – и тарсоиро пажӯҳиш мекунанд, хеле муфид аст. Бахусус барои омӯзгорони факултаҳои филологии донишгоҳҳои кишвар ва муаллимони таърихи адабиёт.
*** *** ***
Медонем, ки Унсурӣ се манзумаи ҳамосӣ ва як девони ғаноӣ пардохтааст. Дар тазкираҳо гуфта мешавад, ки ў наздики сӣ ҳазор байт сурудааст, акнун дигар наметавон гуфт, ки то куҷо мешавад ин шумораро бовар кард. Аз ҳамаи асарҳои шоир андаке беш намондааст. Девоне бо костӣ ва норасоии бузурге ба моён расидааст. Он манзумаҳое, ки огоҳии мо аз онҳо дар асос аз байтҳое аст, ки ҳамчун намунаи ину ё он вожа дар фарҳангҳои гуногун омадаанд, ки ба сарнавиште ғамноктар дучор омадаанд. Бадбахтона, ҳатто он қасидаҳои Унсурӣ ҳам, ки ба дасти мо расида, дар намудест бисёр нохурсандиовар. Ягона нусхаи хаттие, ки то андозае ба кор меояд ва бо он ки таърих надорад, аз нишонаҳои катибашиносиаш равшан аст, ки таърихи нигоришаш наздик ба садаҳои XV-XVI-и тарсоӣ ва аз они китобхонаи академии илмҳои Ўзбекистони шўравӣ (дар собиқ. – М. А.) дар Тошканд аст. Дар китобхонаи Ленинград ҳам ин нусхаҳои хаттии қасидаҳо ҳастанд: 1) Донишгоҳи давлатии Ленинград, ш. 941 онро бо рамзи А менамоёнем); 2) ҳамон ҷо, ш. 1003, алиф, (В); 3) ҳамон ҷо, ш. (W); ҳамон ҷо, ш. 1202 (G).
Гузашта аз нусхаҳои хаттӣ, чопҳои сангӣ ҳам, ки дар зер меояд ҳаст:
1.Чопи сангии Ҳинд бо номи густардае, ки дар рўи ҷилдаш аст:
Дар аҳди давлати абад муддати қоҳираи аълоҳазрати қадр қудрати шоҳаншоҳ Ҷамxоҳсултон банулсултонони банулсултонул хоқони банулхоқон Музафариддиншоҳи қочорҷулдуллоҳи мулка ва султона. Девони қасоиди ҳакими сухандон ва ширинбаён, шамси фалаки сухандон афсаҳул фасоҳ ва ашъарушшуаро мавлоно ҳаким Абулқосим мутахаллис ба Унсурӣ алайҳа раҳматулғуфрон ба саъй ва эҳтимоми камтарин бандагон Ҳоҷиоқои Шерозӣ дар матбаи Дати пурсод ба зевари табъ ороста ва пироста гардид. Дар санаи 1321 (1321-ҳиҷрӣ баробар аст бо 20/ 1903-тарсоӣ, бо рамзҳои L-меояд).
2.Чопи сангии бетаърихи эронӣ бо номи рўи ҷилд:
Девони ҳаким Унсурӣ алайҳи раҳма ҳасбулфар мавдаи олиҷаноби қуддус, интисоби Саидсодот валаъзам оқои Саид Абулқосими Хунсорӣ самти итмом пазируфт. (рамз L).
3. Чопи ҳиндӣ бо рўи ҷилд:
Diwan-eUnsuri with Diwan-e Abu j-Farah-e Runi.
Published by Aga Muhammad Ardakani.
Девони қасоиди ҳаким Фарид сухандони бадрисамои назму баён рамузи шуъаро шоир ҳаким Абулқосим мутахаллис ба Унсурӣ алайҳи раҳма маъа девони қасоиди Абулфараҷи Рунӣ алайҳираҳма дар матбаи Гулзори Ҳасанӣ ба зевари табъ даромад, Бумбай, 1320. (1320-ҳиҷрӣ баробар бо 1902-и тарсоӣ, рамз – Lw), «ҳуруфи рамзи китобҳо ба ҳуруфи русӣ ва бо тартиби ҳамон ҳуруф буд ва мутарҷим ба ҷояш ҳуруфи лотин овардааст».
Ин се нусхаи чопи сангӣ, тафовути чандоне бо якдигар надоранд ва кайфияташон поин аст: Ҷо афтодагӣ ва хатогии бисёр зиёд ва гоҳ-гоҳ матн сахт таҳриф шудааст. Номҳои ашхос (бавижа номҳои ҳиндӣ, ки дар чакомаҳои Унсурӣ бисёр дида мешавад) нодуруст таъбир шуда, то он ҷо, ки шинохта намешавад. Вожаҳои мансухи куҳан, ки дар осори Унсурӣ андак нест ё таҳриф шуда ва ё нисох, ба пиндори худаш вожаи «муносибтар» ҷойгузини онҳо кардааст.
Вазни шеърҳо дар ҳама ҷо дуруст аст, аммо ағлаб ҳеч мафҳуме дар онҳо нест, ки менамояд нисох ононро одӣ бар мешумурдаанд. Бад-ин сон заминаи матншиносӣ, ки бояд ҷустуҷўҳо бар бунёди он устувор бошад, бисёр ларзон аст. Аммо ин набояд моро аз талош барои бозсозии чакомаҳои шоире боздорад, ки шеърҳояшро садаҳо намунаи сабки мадҳиясароӣ бармешумурдаанд ва бисёр дуртар аз сарзамини Унсурӣ нигоҳҳо ба ў духта шуда будааст. Барои мо Унсурӣ аз ин рў ҳам шоистаи нигариш аст, ки ў натанҳо муосир, балки рақиби Фирдавсӣ ҳам будааст ва бозковии осораш метавонад бинамоёнад, ки ғазнавиён кадомин шеърҳоро аз чакомаҳои офарандаи «Шоҳнома» бартар медонистаанд.
Пеш аз бозковии қасидаҳои Унсурӣ ба манзумаҳояш менигарем. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки номи манзумаҳои Унсурӣ чунин будааст: «Вомиқ ва Узро», «Ҷанги Бут ва Сурхбут», «Шодбаҳр ва Айнулҳайва». Донистаниҳои мо аз манзумаҳои дувум ва савум баробар аст бо ҳеч, аз он ҷо, ки метавон устуворона гуфт, ки чанд сатре аз ин манзумаҳоро дар ихтиёр дорем. Пиндори бархе аз ховаршиносон, ки бунёдаш ҳамоно тафсири худсаронаи номҳои манзумаҳост, баробар аст бо фолбинӣ дар қаҳвахона, барои ҳамин ҳам дар ин ҷо дирангвоистӣ нахоҳем кард. Аз номҳои манзумаҳои нахуст ва савум танҳо як чиз бармеояд: Ин номҳо аз ду ном мард ва зан сохта шудаанд. Аз ин ҷо метавон ба чунин паёмаде расид, ки мавзўи асосии онҳо ҳамоно достони ду дилдода ва ё ба сухане дигар ҳамон мавзўе аст, ки беш аз ҳазор сол пеш аз Унсурӣ дар осори мардумии тираҳои ховарии эронӣ будааст. Ногуфта намонад, ки дар оғози садаи ёздаҳуми гоҳшумории тарсоӣ, барои чакомаҳои ҳамосии порсӣ, дугуна ном пой гирифта будааст. Номе бо афзудани вожаи «нома» (чакомаҳои паҳлавонӣ) ва ду номи мард ва зан (дар манзумаҳои дорои дарунмояи романтик). Ин ду гунаро дар офаридаи Фирдавсӣ ва манзумаҳои Унсурӣ мебинем.
То он ҷо ки метавон доварӣ кард, «Вомиқ ва Узро» дар миёни ин се манзума, беш аз ҳама дархўри нигариштар будааст. Менамояд, ки решаи достони ин манзума дар жарфои рўзгори бостон бошад. Муаллифони садаҳои миёна чунин бармешумурдаанд, ки ин достон дар даврони пеш аз ислом ҳам будааст. Чунонки Давлатшоҳ (дар Тазкират-ул-шуаро”, саҳ.30) менависад: «…Пас, бар ин тақрир маълум шуд, ки пеш аз ислом шеъри форсӣ низ мегуфтаанд. Аммо чун мулуки Аҷам ба дасти араб афтод ва он қавми муборак ба дини ислом ва зоҳир кардани шариат мекўшиданд мешояд, ки манъи шеър низ карда бошанд ва ё аз ҷиҳати футарот шеър маҷҳул шуда бошад ва дар замони бани Умая ва хулафои ибни Аббос, худ ҳукоми ин диёри араб буданд ва шеъру иншои амсоли ин ба забони араб буда ва Хоҷа Низоммулмулк дар «Сайрулмулук» ҳикоят мекунад, ки аз замони хулафои Рошидин ризвонуллоҳи алайҳим аҷмаин, то ба вақти Султон Маҳмуди Fазнавӣ, қонун ва амсала ва маношир аз даргоҳи салотин ба арабӣ менавиштанд ва ба форсӣ аз даргоҳи салотин амсала навиштани араб буд. Чун вақти вазорати Умедулмулук Абунасри Кандарӣ расид, ки ў вазири Алпарслони ибни Чақарбеки Салҷуқӣ буд, аз камбизоатии худ фармуд, то он қоидаро бартараф сохтанд ва аҳкому амсала аз давовини салотин ба форсӣ навиштанд. Ва низ ҳикоят кунанд, ки амир Абдуллоҳ ибни Тоҳир, ки ба рўзгори хулафои Аббосӣ амири Хуросон буд, рўзе дар Нишопур нишаста буд, шахсе китоб овард ва ба тўҳфа пеши ў бинҳод. Пурсид, ки ин чӣ китоб аст? Гуфт: «Ин қиссаи «Вомиқ ва Узрост» ва хуб ҳикояте аст, ки ҳукамо ба номи шоҳ Нўшервон ҷамъ кардаанд» Амир фармуд, ки мо мардум Қуръон хонем. Ба ғайр аз Қуръон ва ҳадиси пайғамбар чизе намехонем. Моро аз ин навъ китоб даркор нест ва ин китоб таълифи муғон аст ва пеши мо мардуд аст. Фармуд то он китобро дар об андохтанд ва ҳукм кард, ки дар қаламрави ў ба ҳар ҷо ки аз тасонифи аҷам ва муғон китобе бошад ҷумларо бисўзонанд».
(Идома дорад)
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Башира Умарова,
мутахассиси пешбари
Маркази “Тоҷикшиносӣ.