Назари академик Евгений Бертелс дар бораи устод Рӯдакӣ
Дар рӯзномаи девории шуъбаи шарқшиносии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Точикистон дар соли нави масеҳии 1954, аз сӯи ҳайати таҳририя телеграфҳои шодбошӣ ба муносибати соли нав чоп шуда буд. Аз ҷумла телеграфе буд хитоб ба профессор Абдулғанӣ Мирзоюф, ки корҳои бисёре дар бораи Рӯдакӣ дорад, ба ин мазмун: «Аз ин ки номи моро зиндаи ҷовид кардаед сипосгузорем. Имзо: Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Саид Нафисӣ».
***** ***** *****
Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакии Самарқандӣ, намоёнтарин шоири он рӯзгор аст, ки асарҳояш солҳои дароз рушди пасини чакомасароии порсӣ-тоҷикиро муайян мекард ва ҳамон аст, ки дар сарчашмаҳо вайро «Одам-уш-уаро» меноманд. Г. Эте -пажӯҳишгари номдор, нахустин ховаршиноси Аврупо буд, ки нигарише дархӯр ба Рӯдакӣ кард.
Ӯ кӯшид вижагии асарҳои ин чакомасароро бинамоёнад ва нусхаи хаттиро, ки ба пиндори ӯ ҳамон девони Рӯдакӣ будааст, бозковӣ кунад. Аммо Г. Эте натавонист дарёбад, ки бештари шеърҳои ин нусхаи хаттӣ аз шоири ёздаҳуми садаи милодӣ, Қатрони Табрезӣ ва ангуштшуморе ҳам ба ростӣ аз Рӯдакӣ будааст. Дар соли 1887 масеҳӣ, Ризоқулихони Ҳидоят, донишманди эронӣ гулчини дуҷилдаи худ «Маҷма-ул-фусаҳо»-ро чоп кард. Ӯ дар ёдоварии кӯтоҳе дар бораи Рӯдакӣ ва ба гумон барои нахустин бор дар дониш гӯшзад кард, ки гулчини чакомаҳое, ки онро дере девони Рӯдакӣ мешумурданд, ба ростӣ девони Қатрон аст. Дар адабиёти Аврупо нахустин бор Э. Денисон Росса ин хаторо ёдовар шуд. Ӯ дар ҳеч ҷо ёде аз кори Ризоқулихон намекунад, аммо душвор аст бияндешем, ки аз ин асар огоҳ набудааст. Бад-ин сон барои дониши Аврупо чиҳилу шаш сол ба кор буд, то бар хулосае бирасанд, ки дар Эрон ба он расида буданд.
Пурарзиштар аз ҳама дар кори Э. Денисон Росса он аст, ки нишон дода шуда, чанд байти ростини Рӯдакӣ то ба рӯзгори мо расидааст. Андаке пас аз он Э. Денисон Росса матни яке аз беҳтарин қасидаҳои Рӯдакиро, ки ҳамон «Модари май»-и пуровозааш аст ва онро донишманди номдори Эрон М. Қазвинӣ омода карда буд, чоп кард ва тарҷумаи фаронсавии матн ҳам ҳамроҳи он буд. Сайид Нафисӣ вижаномаи бузурге дар бораи даврон, зиндагӣ ва асарҳои Рӯдакӣ анҷом додааст. С. Нафисӣ бо баҳрагирӣ аз сарчашмаҳои бисёр, мӯшикофона равшан сохта, ки аз асарҳои чакомасаро чӣ чизе мондааст ва хонандагонро бо бархе рухдодҳои зиндагиномаи Рӯдакӣ ошно кард. С. Нафисӣ асарҳои Рӯдакиро бозковӣ накард, аммо ин ҳама кори ӯ дар ҳамсанҷӣ бо – пажӯҳишҳои пешин кори бузурге аст ба пеш. Ин асари пажӯҳишии устод С. Нафисӣ то ба имрӯз низ барои ҳамаи Рӯдакишиносон маъхаз аст, бавижа ҳангоме ки дар Тоҷикистон барои баргузории ҷашни як ҳазору садсолагии зодрӯзи Рӯдакӣ омода мешуданд. Ҳамаи пажӯҳишгарон ва нависандагон аз ин асар ҳамчун маъхаз баҳра мегирифтанд ва ҳамаи донишварону нависандагон ин китобро даст ба даст мебурданд. Дар рӯзномаи девории шуъбаи шарқшиносии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Точикистон дар соли нави масеҳии 1954, аз сӯи ҳайати таҳририя телеграфҳои шодбошӣ ба муносибати соли нав чоп шуда буд. Аз ҷумла телеграфе буд хитоб ба профессор Абдулғанӣ Мирзоюф, ки корҳои бисёре дар бораи Рӯдакӣ дорад, ба ин мазмун: «Аз ин ки номи моро зиндаи ҷовид кардаед сипосгузорем. Имзо: Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Саид Нафисӣ». Саид Нафисӣ барои ин ҷашнвора шеърҳоеро, ки дар китобхонаҳои Ҳинд аз Рӯдакӣ ёфта буд ба Тоҷикистон фиристод, ки ҳамроҳ бо дигар шеърҳои тозаёфтшудаи Рӯдакӣ чоп гардид. Аз ҷумлаи онҳо шеъре аст, ки дар «Ҳолот ва суханони шайх Абӯсаиди Абулхайр» омадааст ва С. Нафисӣ аз сарчашмаҳое дигар дарёфта, ки он аз Рӯдакӣ аст: – С. Э.
Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд,
З-ӯ бӯи гулу мушку насими суман ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод,
Гӯяд, магар он бод ҳаме, аз Хутан ояд,
Не-не зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеч,
К-он бод, ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.
Ҳар шаб нигаронам ба Яман то ту бароӣ,
Зеро, ки Суҳайливу Суҳайл аз Яман ояд.
Бо ҳар кӣ сухан гӯям, гар хоҳаму гар не,
Аввал, суханам номи ту андар даҳан ояд.
Дар соли 1940 нависанда ва олими маъруфи тоҷик С. Айнӣ ҳамроҳ бо А. Деҳотӣ вижаномаи хурде дар бораи Рӯдакӣ чоп кардаанд. Дар ин китоби хурд ин достон дархӯри нигариш аст, ки чӣ гуна С. Айнӣ равшан сохта, ки зодгоҳи Рӯдакӣ дар деҳкадаи Панҷрӯдак дар наздикии Самарқанд аст. (Сайид Нафисӣ дар асарҳои ёдшуда ёдовар гардидааст, ки Рӯдакӣ, яъне мансуб ба ҷое ба номи Рӯдак ва агар аз вожаи рӯд «асбоби мусиқӣ» мебуд, мебоист рӯдӣ мешуд на Рӯдакӣ. – С. Э.). Асари С. Айнӣ муяссар сохта, ки барои ҳамеша ҳама решаҳои ночасб нисбати Рӯдакӣ, ки онро ба вожаи рӯд (номи як соз) мерасониданд, канор гузошта, бипазирем, ки ин як нисбати маъмули ҷуғрофиёӣ аст.
Аз он ҷо ки Панҷрӯдак дар вилояти Самарқанд будааст, равшан аст, ки Рӯдакӣ метавониста самарқандӣ ҳам номида шавад. С. Айнӣ ва А. Деҳотӣ ба дурустӣ нисбати Рӯдакиро бо адабиёти точик намоёнида, ёдовариҳои хубу пурарзиши бисёре кардаанд. Бадбахтона, онҳо аз навиштаҳои С. Нафисӣ ноогоҳ буданд ва барои ҳамин ҳам бархе аз хатоҳои гузашта, чунончи афсонаи кӯр будани чакомасароро, ки С. Нафисӣ бепоягии онро нишон додааст, такрор кардаанд. Дар даст набудани бархе аз сарчашмаҳо бад-он анҷомид, ки С. Айнӣ ва А. Деҳотӣ намунаҳои бисёр ночиз ва афзуда бар он, пур аз инҳирофи фаровон дар вижанома даровардаанд.
Кори С. Айнӣ ҳамаи гумонҳоро дар бораи зодгоҳи шоир аз миён бурд, зодгоҳи ӯ ҳамоно деҳкадаи Рӯдак, Панҷрӯд дар бахши кунунии Панҷаканти Тоҷикистон аст. Пас номи Рӯдакӣ на ин ки тахаллус дар маънии пасини ин вожа, балки ҳамоно нисбат аст. Росташ ин аст, ки Рӯдакӣ гоҳ-гоҳ аз ин нисбат ҳамчун тахаллус ҳам кор мегирифтааст.
Чунон ки дар ин байтҳо:
Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон,
Аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Ë:
Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.
Сарчашмаҳое, ки таърихи марги шоирро овардаанд, бино бар маъмул, 399-940/944-и масеҳиро ёдовар мешаванд. Худи Рӯдакӣ борҳо дар чакомаҳо аз пирии хеш сухан гуфтааст. Гузашта аз сӯгномаи овозадораш, дар шеърҳои ӯ ин байтро ҳам меёбем:
Ҷавонӣ гусасту чиразабонӣ
Табъам гирифт низ гаронӣ.
Ва ин байтҳое, ки менамояд аз қасидае бошад, ки дар он хоҳиши ёрӣ кардааст:
Раҳе савору ҷавону тавонгар аз раҳи дур,
Ба хидмат омад некӯсиголу некандеш.
Писанд бошад мар хоҷаро пас аз даҳ сол,
Ки бозгардад пиру пиёдаву дарвеш.
Идомаи ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”