Назари Ато Мирхоҷа ба китоби Назаршо Додхудоев “Ҳукумати замон”

 «Ҳукумати замон» асари ёддоштии арбоби машҳури давлатию сиёсии Тоҷикистон Назаршо Додхудоев буда, бо саъю эҳтимоми шахси маърифатдўст Лоҳутшо Саидҳасанов рўи чоп омадааст. Назаршо  Додхудоев дар китоби мазкур ба бисёр паҳлуҳои таърихи ҳукуматдории тоҷикон дар миёнаҳои асри бистум равшанӣ андохтааст. Миллатдўстӣ, ватанпарварӣ, талошварзӣ ва истодагарии роҳбарияти ҷумҳурӣ барои ободии он дар китоб басо муассир ва мудаллал тасвир ёфтааст.

    Адиби маъруф Ато Мрхоҷа ба китоб сарсухан навиштааст, ки онро комил ин ҷо меорем:

Онҳое, ки ба таърихи давлатдории даврони шўроии Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардаанд, бо номи Назаршо Додхудоев, албатта, бисёр дучор омадаанд. Марди далеру ватандўсте, ки аз солҳои 30-юм ба дунёи пурталотуми сиёсати ҷумҳурии мо ворид гардида, то нафасҳои охирини худ рисолати ба дўшаш гузоштаи зиндагониро бо сарбаландӣ иҷро намуд.

     Дар бораи ин даврон ва ин инсони шариф, ба монанди даҳҳо ҳамсафону ҳаммаслакони ў, метавон чанд ҷилд китоби омўзанда навишт. Ин қарзи фарзандию пасовандии мо дар назди пешгузаштагони таърихсози мост. Китоби «Ҳукумати замон» кори душвори таҳқиқу тадқиқи нависандагони таърихнигорро осон менамояд. Нависандаи он Назаршо Додхудоев худ шоҳиди бевоситаи ҳодисаю воқеаҳоест, ки барои халқу Ватани мо дар он замон бо тамоми маънояш сарнавиштсоз буданд. Кор дар мансабҳои баландтарини ҳизбию давлатӣ ин сиёсатмадори варзидаро ба тундтарин маҷрои ҳодисот афканда, аз ў ва ҳамандешонаш истодагарӣ, матонат, хирадмандии бузург ва ҷасорати бесобиқаро тақозо менамуд. Хушбахтона, ин насл ба боварии халқи худ сазовор кор кард, барои сохтани иншоотҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон иқдомҳои диловарона пеш гирифт, мамлакатро аз ҳолати назарногирию нописандии кишварҳои ҳамҷавору роҳбарони марказ берун кашид. Аз мутолиаи китоби мазкур маълум мегардад, ки ин корҳо ба чи мушкилоти саъб ба даст омадаанд ва ин, ки гўё дар замони Иттиҳоди Шўравӣ ҳама чиз нақшаи сареҳ ва саҳеҳ дошту аз роҳбарон танҳо назорати иҷро кардани нақшаҳо тақозо мешуд, афсонае беш нест.

    Назаршо Додхудоев соли 2000-ум ин китобро ба забони русӣ ба номи «Власть времени» таълиф намуда, худи ҳамон сол ба чоп расонидааст. Соли 2015 онро Лариса Додхудоева, духтари мавсуф, аз нав интишор додааст. Албатта, ба забони русӣ будани китоби мазкур хеле хуб аст, аммо замони истиқлолият тақозо мекунад, ки он ба забони тоҷикӣ низ тарҷума гардад ва ба чоп расад.

Чунин кори хайр ва муҳимро шахси ватандўсту маърифатпарвар Лоҳутшо Саидҳасанов ба уҳда гирифта, дар баргардон намудани китоб ба тоҷикӣ заҳмати вофир кашидааст.

     Лоҳутшо барои таҳриру тасҳеҳ асари мазкурро ба ихтиёри банда гузошт. Мутолиаи он донишу фаҳмиши маро дар хусуси шеваи роҳбарии ҳамдастони котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Турсунбой Улҷабоев хеле афзуд ва овозҳоеро, ки дар бораи робарияти он вақти ҷумҳуриямон ҳанўз ҳам сайр мекунанд, дар зеҳнам ботил сохт.

      Ба иқдоми ҷаноби Саидҳасанов офарин хонда, мехоҳам таъкид намоям, ки маҳз бо кўшишу  эҳтимоми чунин шахсони меҳанпараст мо симоҳои дар пардаи солиён хирашудаи абармардонеро чун Назаршо Додхудоев муҷаддадан ба ҷилва оварда метавонем.

 Ато Мирхоҷа.

  Таҳияи Шарофат  Мирзоева.