Назари Евгений Бертелс дар бораи девони Унсурӣ. Идома

Вопасин намунаи таърихие, ки Унсурӣ дар қасидааш оварда, ҳамоно моҷарои Хоразмшоҳ аст. Абулаббоси Маъмун пас аз бародараш Абулҳасани Алӣ вориси тахту гоҳи Хоразм шуд ва пас аз марги вай беваи ўро, ки хоҳари Маҳмуд буд, ба занӣ гирифт. Муносибати ў бо Маҳмуд яксара дўстона буд ва ҳатто гироиш дошт Маҳмудро сарвари хеш бишносад. Аммо бузургони Хоразм ба аз даст рафтани истиқлолу ғорату тороҷи кишвар, ки паёмади кишварашон буд, гиройиш надоштанд ва ба Маъмун рой заданд, ки ба Қарахонӣ дасти паймон бидиҳад. Маҳмуд, ки дар ҳамаи сарзаминҳои ҳамсоя гурўҳи бузурги ҷосусон дошт ва аз ин андеша огоҳ шуд ва аз намоёнидани эҳсосоти дўстона, ба таҳдиду нишон додани чанг ва дандон гузашт. Маъмун дар зери фишори Маҳмуд ба даровардани хутба ба номи ў дар масҷидҳои Нисо ва Фарова оғоз кард.

Маъмун дар шаби 18 марти соли 1017-и тарсоӣ ба дасти як одамкуш кушта шуд. Гумон намеравад акнун дигар муяссар бошад равшан созем, ки ўро бузургони нохушнуд аз миён бурданд, ё ин ки Маҳмуд «дасти кайфар»-ро фиристода будааст. Як чиз равшан аст: Маҳмуд дубора имкон ёфт, ки дар нақши «кинхоҳ» даст аз остин бадар кунад. Лашкаркашӣ ба Хоразм ба рағми душвориҳои бузурге, ки дар роҳ буд, ба нобудии комили сипоҳи Хоразм ва тасарруфи пойтахт анҷомид, ки хунрезии ҳароснок ва беҳамтое ҳам ба ҳамроҳ дошт. Маҳмуд намояндаи хеш, Олтунтошро бар тахти Хоразм нишонид ва Хоразм ба зери тасаллути Султон даромад.

Мебинем, ки Унсурӣ нигораҳои таърихии хешро сахт бо тартиби санавотӣ меоварад. Пас бояд ба чунин бароянде расид, ки ин қасида пас аз соли 1017 навишта шудааст. Акнун бубинем сохтани ин қасида, чӣ дастовезе доштааст? Менамояд шоир бар андешаи яке аз қоиммақомҳо барои канор кашидан аз Маҳмуд огоҳ гардида, қасидаро барои тарсонидани ў сохта бошад. Бофта шудани «воқеият»-ҳои дастхўрда бо аҳкоми дин, бод кардани беандозаи Султон, ки наздик аст ҳолае аз қудасот ҳам гирдогирдаш бикашад, аз вижагии ин қасида аст. Ба ёд биёварем, ки ҳадаф аз шеърҳое аз ин даст ҳамоно мардумони ғарқа дар хурофот буданд, ки сафсата ва тардастиҳои Унсурӣ мебоист таъсире бузург бар онон дошта бошад. Афзун бар ин содагии забону равонии баён тазмини густариши бузурги ин шеърҳо будааст. Яксара равшан аст, ки ҳатто Маҳмуди тангчашм ҳам мебоист дарёфта бошад, ки «Малик-уш-шуаро»-яш чӣ суди саршоре барои ў меовардааст ва ба хидматҳояш арзиш диҳад.

Унсурӣ аз ин шеърҳо, боз ҳам дорад. Таърихчаи ростини пирўзиҳои Маҳмуд ҳамоно мадҳияи бузурге аст аз як саду шасту ду байт, ки чунин оғоз мешавад:

Ай шунида ҳунарҳои хусравон ба хабар,

Баёзи хусрави машриқ аён бубин ту ҳунар

Худи ҳамин даромад шоистаи нигарише аст вижа ҳушёрона. Ба пиндори мо ин даромад, ҳадафи яксара мушаххасеро дунбол мекунад: Ин «ахбор»-ро рў дар рўи ахборе дигар-таърихи шаҳриёрони бостон, яъне «Шоҳнома» мегузорад. Агар аз байтҳои нахуст ҳанўз яксара равшан нест, ки аз вожаи хабар (мо дар ин ҷо онро ба русӣ «риоят» тарҷума кардаем) чӣ чизеро бояд фаҳмид, аммо байтҳои шасту якум ва пас аз он маънии ин вожаро равшан мекунанд:

Ҳикояти сафари Мултон ҳаме донӣ,

Ва гар надонӣ «Тоҷ-ул-футуҳ» пеш овар.

Агар зи Даҷла Фаридун гузашт бе киштӣ,

Ба «Шоҳнома» мар инро ҳикоят аст самар.

Самар дуруст бувад, нодуруст низ бувад,

Ту то дуруст надонӣ сухан макун бовар.

Ба чашми хеш басе дидаам, ки шоҳи замин,

Ба некў рўз ва ба нек ҷаҳшу нек ахтар.

Ба чандроҳа зи Ҷайҳун…

Бурун гашт на киштияш буд на лангар.

(поёни ин сатри мисраи аввали байти охир вайрон шуда ва муаллиф, яъне Бертелс мегӯяд “на умеде ба бозсозии он доштем ва на ин ки тавонистем онро бозсозӣ кунем”)

Ин ҷо ҳамаи захми забон ва пархошҳо ба сарояндаи «Шоҳнома» аст. Нигаристанӣ аст, ки Унсурӣ офаридаи Фирдавсиро самар, яъне афсонае мехонад, ки барои достонгўӣ шабҳои хоб аст, аммо ҳеч дарунмояи ҷиддӣ надорад. Унсурӣ мегўяд, ки шояд ҳамаи достонҳои Фирдавсӣ нодуруст бошад, аммо диловарии Маҳмудро худ бо чашм дидам. Унсурӣ ва ҳамаи шоирони зердасташ, дўст медоранд баробарниҳодиҳои махабар-манзур (он чӣ ривоят мекунанд-он чӣ мешавад онро дид)-ро дар қасидаҳои худ ба кор баранд. Аммо барои Унсурӣ ин «исбот» қаҳрамонии Маҳмуд басанда нест, ў мекўшад ба гунаи дигар ҳам, суди куниш ва кирдори Маҳмудро устувор кунад ва онро бад-ин гуна анҷом медиҳад (байтҳои 141-142-и ҳамон қасида):

Бубаст раҳгузари куфру бехи ширк биканд,

Ба ҷои буткада бинҳод магзиту минбар.

Наxуст аз ин ҳама кофаристон, ки вайрон кард,

Ба ҷуз ризои Худову ризои пайғамбар.

Ин ки Маҳмуд афзун бар «ризои Худо» чунон сарватҳои саршореро, ки менамоёнад на пешу на пас аз вай ба чанги ҳеч ғоратгаре наёфтода буд, ҷустуҷў карда ва ёфта ба Fазнин оварда буд, Унсуриро шарманда намесозад. Унсурӣ танҳо инро медонад, Султон дар роҳи дин пайкор мекунад. Аммо паҳлавонони Фирдавсӣ на танҳо дар роҳи истиқрори ислом наразмида буданд, балки ҳатто бар он шуданд, ки бо оварандагони ислом биҷанганд ва аз истиқлоли худ дифоъ кунанд. Унсурӣ он зиракиро дорад, ки бемиёнҷӣ ба Фирдавсӣ натозад: Охир дар он рўзгор ишқ ба риоятҳои куҳан, ҳанўз бисёр неруманд буд ва чакомаҳои пурожанги Фирдавсӣ наметавонист хонандаро гирифтори хеш насозад ва ба дил наншинад. Заҳрро пўшида ва пинҳон оварда буд, аммо бад-он сон, ки андешаи на чандон бузург мебоист бедиранг ба ин паёмад бирасад, ки «Шоҳнома» «куфр» аст.

Унсурӣ дар адабиёт ҳамон вазифаҳоеро анҷом медод, ки Маҳмуд дар сиёсат дар баробари хеш ниҳода буд. Медонем Сомониён пойбанде чандон ба мазҳабу суннат надоштанд ва огоҳем, ки яке аз онҳо, бо қарматиён ҳамдарӣ ва ҳамдилӣ ҳам доштааст. Аммо Маҳмуд набарди сангдилона ва бераҳмонаеро бо қарматиён роҳ меандозад ва ин набардро зери алами риояти бечуну чарои мазҳабу суннат анҷом медод. Ҳазорон тан аз ононро ба дор овехтанд, ё сангсор карда, куштанд ва ё ба занҷир кашида, ба асорати ҳамешагӣ ба Хуросон бурданд… Ҳамаи китобҳои вобаста ба мазҳаби «Алҳоди»-и ононро ба оташ супурданд. Панҷоҳ бор шутури китоб дар зери чўбаҳои доре, ки танҳои шиканҷа шудаву пора-пораи қарматиёнро овехта буданд, оташ заданд. Дар Рай, ки яке аз паноҳгоҳҳои асосии қарматиён буд, як китобхонаи бузургро сўзонданд.

Унсурӣ ва ҷамъи шоирони дарборӣ, ки зердасташ буданд, ҳамаи ин «диловариҳо»-ро тараннум ва ситоиш мекарданд. Вазифаи асосии инон ҳамоно он буд, ки касонеро, ки ангезаҳои ростини Маҳмудро медиданд водорашон созанд, ки ба чеҳраи Маҳмуди қаҳрамон ва муборизи роҳи ҳақ ва ғозиву кинхоҳе, ки онон сохта буданд, бовар кунанд. Бавижа дар намунаи Унсурӣ ба равшанӣ дида мешавад, ки султонҳо ба ҳеч рўй барои ишқ ба сухан набуда, ки шоиронро мехўронидаанд. Онҳо танҳо барои ин нон пеши шоирони дарборӣ меандохтанд, ки инон барои таҳкими қудрати худовандони хеш бикўшанд. Бахши бозмондаи девон ин заминаро ба мо медиҳад, ки Унсуриро як шоири намунаи дарборӣ бишморем. Чакомаҳои дарборӣ дар партави шароити дарборӣ, таърихӣ, дар адабиёти порсии дарӣ нақше бисёр бузург доштааст. Аз ин рў, барои намоёнидани роҳҳои рушди ин адабиёт, мебоист чакомаҳои дарбориро бозковии бунёдӣ кунем. Овозаи бузурги Унсурӣ, иқтибоси ҳамешагӣ аз шеърҳои ў дар девонҳои шоирони пасин аз ў моро водошт, ки дар осори ин мадеҳасарои дарборӣ ба тафсил диранг карда бошем.

Чунонки гуфта будем, аз ин девони Унсурӣ танҳо панҷоҳ қасида монда будааст. Дар миёни инҳо шонздаҳ қасида ҳаст, ки муҷаррад ном доранд, яъне насиб дар онҳо нест ва бемиёнҷӣ бо мадҳ оғоз мешаванд. Дар нуздаҳ қасида, дар оғоз насибе ошиқона меояд (яъне гилояи суннатӣ аз сангдилии рабояндаи дил), дар шаш қасида насиби баҳория аст ва танҳо дар ду қасида насиби хазон. Ду қасида бо мунозира оғоз мегардад ва ду қасида бо чистон. Дарунмояи яке насиб-нигораи чароғоне аст ва дигаре нигораи пилони султон ва савумӣ нигораи майдон. Як насиби саршор аз ғами Худой ва дар дигаре вижагии «марди диловар» омадааст. Андозаи насибҳо аз панҷ то ҳаҷдаҳ байт аст, аммо насибҳои дорои ҳафт-ҳашт байт, ки менамояд тўдаи мардум ҳанўз сахт ба он часбида буданд ва дар рўзҳои зимистонии «фаргашти баҳорон», шаҳрҳоро бо машъалҳо озин мебастанд ва дар майдонҳо, хирманҳои оташ равшан мешуданд ва дар ситеғи кўҳсорон дарахтҳои бузургро ба нафт олуда, оташ мезаданд.

Аз он ҷо ки ба гумонам шарҳи ин ҷашнро барои адабиёти клоссик надидаем, бад нест дар ин ҷо бо яке аз ин қасидаҳои Унсурӣ ошно шавем:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афаридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин имшаб ту гўйи кўҳи Тўр аст,

К-аз ў нури таҷаллӣ ошкор аст.

Гар ин рўз аст шаб хондан-ш набояд,

Ва гар шаб рўз шуд худ рўзгор аст.

Ҳамоно к- ин диёр андар биҳишт аст,

Ки бас пурнуру рўҳонӣ диёр аст.

Фалакро бо замин анбозие ҳаст,

Ки фаҳми ҳар ду тан дар як шумор аст.

Чи чиз аст он дарахти рўшноӣ,

Ки баргаш аслу шохаш сад ҳазор аст.

Гаҳе сарви баланд асту гаҳе боз,

Ақиқин гунбади зарриннигор аст.

Ар эдун гар ба сурат равшан омад,

Чаро ин тираваш ҳамранги қор аст.

Гар аз асли зимистон аст Баҳман,

Чаро имшаб ҷаҳон чун лолазор аст.

Ҳаме мар мавҷ дарёро бисўзад,

Бад-он монад, ки хашми шаҳриёр аст.

Ин пораи бисёр шоистаи нигариш аст, қасида менамоёнад, ки дар он ҳангом ҷашни садаро дар моҳи Баҳман (ки аз миёнаи январ то миёнаи феврал аст) баргузор мекардаанд ва дар ин миён, шабҳангом, хирманҳои бузурги оташ бармеафрўхтаанд, ки Унсурӣ нигораи онро ба шакли муъҷаз овардааст. Ёдовар мешавем, ки ин қасида меномоёнад, ки барои Наср суруда шудааст, пас аз сохтаҳои оғозини Унсурӣ аст. Медонем, ки «мазҳаби барҳақ суннати Маҳмуд» сипас ўро бар он дошта, ки ҷашни садаро мамнўъ кунад. Аммо Унсурӣ пас аз он ки ба хидмати Маҳмуд даромад, ҷашни куҳанро ҳамчунон ёдовар мешавад, аммо ин корро бо эҳтиёти бештар мекард:

Худойгоно, гуфтам, ки таҳният гўям,

Ба ҷашни деҳқон оини зиннати баҳман.

Ки андар ў ба фарзанди мардумон маҷлис,

Ба гавҳаре, ки буд сангу оҳанаш маъдан.

Ба барзане, ки аз ў андаке барафрўзанд,

Ба нур то фалаки моҳ барзанад барзан.

Чунинки бинам оини ту қавитар буд,

Ба давлат андар з-ойини хусравву баҳман.

Ту марди диниву расими[расм] габрон аст,

Раво надорӣ ба расми габргон рафтан.

Ҷаҳониён ба расми ту таҳният гўянд,

Туро ба расми касон таҳният нагўям ман.

«Дар бораи найрангбоз», дар ин чакома ў худро тамоми камол ба гунаи шигифтбарангез менамоёнад. Шоир ба ҳар гуна хотирнишон месозад, ки назму орасти навин беҳтар аз пешин аст ва ин ки ў бар равиши манфии Маҳмуд дар бораи ҷашнҳои куҳан огоҳ аст ва ҷашнро ба ў шодбош нахоҳад гуфт, аммо… росташ ин аст, ки бо ин ҳама ин ҷашнро ба ў шодбош гуфтааст. Ин нигораи хазон ҳам дархўри нигариш аст:

Агар ба тирмаҳ аз xайши xома бояд тир,

Чаро бараҳна шавад бўстон чу ояд тир.

Ва гар зираҳ набарад бод бар ҳавои латиф,

Чунин ки бурд зи раҳ порҳо сағиру кабир.

Агар фурў шавад оҳан ба об табъ ин аст,

Чаро барояд ҷавшан ҳаме бар вай ғадир.

Ин ёдоварӣ дархўрӣ нигариш аст, ки метавон гуфт дар бахши бозмондаи девони Унсурӣ, аз бода ва боданўшӣ ёде ҳам дида намешавад. Ба гумон ин бароянди талош барои хушхидматӣ ба Султон Маҳмуд аст, ки дўст дошт зуҳди риё бифрўшад. Ҳарчанд Султон, чунонки гуфтем бадаш намеомад, ки даме хуш хуш бизанад, аммо аз ситоиши ошкори шароб рўйгардон буд. Набояд аз ёд бибарем, ки дар чакомаҳои муосирони кеҳтари Унсурӣ-Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ – оҳанги бода, ҳамвора бо оҳангҳои додаҳои куҳан ва ёди «муғон» дар ҳам меомезад. Аммо аз он ҷо, ки Маҳмуд ҳамеша ба равиши манфӣ нисбат ба дини бостон пой мефишорад, дар ин ҷо ҳам Унсурӣ намехост аз хате, ки таъйин шудааст, гоме вопас гузорад. Дар бахшҳои бозмондаи девони Унсурӣ, танҳо чаҳор ғазал дида мешавад. Аммо ин ғазалҳо чунинанд, ки мешавад ба осонӣ онҳоро ҳамчун насибҳои ҷудо афтода аз қасидаҳои бузург пазируфт, ки ба гумон чунин чизе низ ҳастанд. Дар Девон танҳо як қитъа ҳаст ва наздик ба бист рубоӣ низ ҳаст. Заминае дар даст надорем, ки бипиндорем касе метавониста ниёз дошта бошад, ки рубоие ба ин девон нисбат диҳад. Аз ин рў онҳоро бояд аз Унсурӣ донист. Ин нуктае аст бисёр пураҳмият, зеро менамояд, ки ҳатто шоире чун Унсурӣ, ҳам ки чакомасарои хоси дарбор буда, боз ҳам гоҳ-гаҳ ба шакли ноби мардумӣ рўй овардааст. Бархе аз ин рубоиҳо, бино бар афсонаҳои марсум, филбадеҳӣ будааст, вобаста ба достонҳои мушаххас чунончи ҳангоме ки рўзе Султон, дар бозии чавгон аз асб ба замин ғалтид, гўё Унсурӣ гуфта бошад ки:

Шоҳо адабе кун фалаки бадхўро,

К-осеб расонид рухи некўро.

Гар гўй хато рафт ба чавгонаш зан,

В-ар асб ғалат кард ба ман бахш ўро.

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Башира Умарова,
мутахассиси пешбари
Маркази “Тоҷикшиносӣ.