Назари хеле ҷолиби Расул Ғамзатов дар бораи интихоби мавзуъ

Мавзуъ монанди моҳии мурда чаппа шуда, дар рўйи об шино намекунад. Вай дар қаъри рўд, дар ҷойи тезоби он, дар ҷараёни аз ҳама соф ва тези он мешавад. Онро дар ҳама ҷо, аз мағзи гирдоб, аз таги об бояд дастгирифта тавонӣ. Оё қимати пули бо заҳмати зиёде бадастомада ва пули тасодуфан аз кўча ёфтшуда баробар аст?

Мардуми кўҳистон мегуянд: мумкин аст, ки кас сайди бисёре ба даст оварад, аммо ҳамааш шағолу харгўш бошад. Одам як сайд гираду рўбоҳ бошад, намедонӣ, ки аз куҷо онро ба даст меорӣ. Шарт нест, ки сайди беҳтарин дар дараи дуртарин бошад.

Як сайёд орзу доштааст, ки рўбоҳи бўри сиёҳтоб ба даст оварад. Тамоми умр ў дар кофтукови чунин рўбоҳ қуҳу дараҳоро саросар гашта мебарояд. Вақте ки солхўрда мешавад, барои дур рафтан қувваташ намемонад, аз ин рў, дар дараи назди деҳа шикор карда мегардад. Рўзе рўбоҳи бўри сиёҳтобро ба дом меафтонад. Сайёд аз рўбоҳ мепурсад:

-То ин вақт куҷо будӣ, ман туро тамоми умр мекобам?

Ман як умр дар ҳамин дара ҳастам.-ҷавоб медиҳад рўбоҳ,-магар намедонӣ, ки барои ҷустуҷў тамоми умр сарф шавад ҳам, барои пайдо кардан як рўз, ҳатто як лаҳза кифоя аст?

Оре, дар ҳаёти ҳар як нависанда рўзе мешавад, ки ў худро худ кашф менамояд, мавзўи асосии худро меёбад. Сипас нависанда набояд ба чунин мавзуъ бевафоӣ бикунад. Агар бевафоӣ бикунад, қиссаи бо як шиноси ман рўйдода мумкин аст ба ў низ рўй диҳад.

Инак, дар боби намоишномаи як шиносам. Як нависандаи доғистонӣ аз ҳаёти колхоз намоишномае навишт. Ҳарчанд асар дар мавзўи муҳим иншо шуда буд, театр онро қабул накард.

Сабаби рад карданаш беасос буд, яъне: намоишнома умуман маъқул нашуд.

Шояд ба каси дигаре ин сабаб асоснок намояд, аммо ба худи-драматург ҳаргиз не. Ў ранҷида, ба ҷойи дахлдор ариза навишт. Ҳамон замон барои санҷидани масъала ва дидани чора комиссия ташкил шуд. Дар вақти санҷиш ошкор гардид, ки намоишнома мазмуни зерин дорад: ду бригада сурудҳои шўх хонда, барои ҳосили баланди гандум байни худ мусобиқа мекунанд.

Чунин мазмун ба камиссия пурра писанд меомад ва намоишнома оби равон барин мегузашт, аммо вазъияти дигаре ба миён омад: ҳамин вақт қарор баромад, ки дар Дашти Қумиқ (бригадаҳои хушбахт маҳз дар он ҷо мусобиқа карда ҳосил меғундоштанд) ба ҷойи гандум пахта кошта шавад. Дар ин шароити «пахта» намоишномаи «гандум»-ро ба саҳна гузаштан ҳеҷ мумкин набуд.

Драматург бисёр андеша ронда нанишасту дар пайи аз нав кор кардани асари худ шуд. Ҳанўз пахтаи навкишт гул накарда асар тайёр шуд. Намоишномаро боз барои хондан ба театр гирифтанд. То онро хонданд, ки боз қарори нав баромад. Дар қарор гуфта мешуд, ки пахтакорӣ дар Дашти Қумиқ ҳанўз аз гандумкорӣ фоиданоктар нест, бинобар ин, ҷуворимакка коридан лозим аст. Драматурги бечора боз барои дигар кардани намоишнома ба сари кор нишаст. Намедонам, оқибат ин кор ба чӣ анҷом меёфт, аммо дар ҳамин вақт театр сўхт. Шиноси ман аз иқболи пасташ ғазаболуд шуд ва лаби рўд рафта, дар сари қаҳр намоишномаро ба об ҳаво дод. Ҳоло он намоишнома ба ёдаш ояд, дилаш намесўзад.

Қиссаи намоишномаи дигареро ҳам дар омади гап ҳикоят бикунаму монам.  Ин намоишномаро як адиби рус навишта, ба он «Одамони пурҷўшу хурўш» ном гузошта буд. Ин намоишномаи «пахта», «гандум» не, балки намоишномаи «моҳӣ» буд. Ҳатто «моҳӣ» ҳам не, балки дар ин бора буд.

Ҳаракате ҳаст барои мардум кўҳистонро аз авулҳои қадимиашон ба поён, ба ҷойи ҳамвори лаби баҳр муҳоҷир кардан. Инро бо ба “ҳамворӣ” кӯчонидан меноманд. Ҳоло аз паси ҳамаи ҷиҳатҳои ин масъалаи мураккаб намешавем, фақат ҳамин қадарашро мегўем, ки мардуми якумр ба чорводорӣ машғули кўҳистон ба ҳамворӣ фуромада, гоҳе моҳидор мешаванд.Моҳидори ноуҳдабаро аз чўпони хуб чӣ бартарӣ дорад- фаҳмидани ин масъала низ душвор аст, вале ба ҳар ҳол, дар намоишномаи «Одамони пурҷўшу хурўш» маҳз дар ин хусус сухан мерафт, ки мардуми ин авули дурдаст ба ҳамворӣ фуромадаи кўҳистон чӣ хел моҳидори Хазар шуданд. Иштирокчиёни намоишнома ҳама аварҳо буданд, бинобар ин, драматург асари нави худро ба театри авар нишон дод. Театри аввал намоишномаро бекор кард.

Аз дасти драматург чӣ ҳам меомад? Ба ҷойи вай каси дигаре мешуд, чӣ кор карданашро надониста, маъюсу руҳафтода мегардид. Аммо дар бозии шатранҷ ҳам чунин ҳолат рўй медиҳад: сиёҳҳо, масалан, чунон ба танг меоянд, ки ҷойи рафтан ва ҳатто илоҷи нафас рост кардан надоранд; дар ҳамин лаҳза онҳо бо асп гашти одии ногаҳоние мекунанд ва боз якбора ранги дигар мегиранд; акнун сафедҳо маҷбур мешаванд, ба мудофиа гузаранд ва ҳанўз, ки сари вақт аст, пояшонро гирифта гурезанд.

Муаллифи намоишномаи «Одамони пурҷўшу хурўш» ҳам дар он вақт чунин гашти одие кард. Ў нохост ҳамаи номҳои авариро ба номҳои қумиқӣ иваз намуд ва намоишномаро ба театри қумиқ пешниҳод кард. Аммо гашти асп ҳам вазъияти корро беҳ карда натавонист. Театри қумиқ ба саҳна гузоштани намоишномаро, ки дар он чўпонҳо моҳидор мешаванд, рад намуд.

Дар Доғистони мо қавмҳои бисёре ҳастанд. Қаҳрамонони ин намоишнома дарғӣ ҳам шуданд, лазгӣ ҳам, аммо, ба фикрам, моҳигири хуб шуда натавонистанд. Драматург намоишномаи худро монанди саги гушна, ки дар хонаи соҳибаш хўрдание нест, ба даргоҳи одамон бароварда сар дод. Саг чандин ҳавлиро давр зада баромад, вале устухонпорае ҳам наёфт. Пас аз чанд сол драматург ба Маскав, ба курси олии адабиёт хонданӣ рафт. Баъдтар ба Махачкала овоза расид, ки моҳидорони ў ба лўлиён табдил ёфтаанд. Намоишнома таваҷҷуҳи театри лўлиён-«Ромэн»-ро ба худ ҷалб намудааст. Хайрият, ки оқибат  арўси ланг ба худ шавҳаре ёфт, лекин хонадорӣ ҳам дер напойид…

Инак, ман якбора ду намоишномаи шиносҳоямро ба зери тозиёнаи танқид гирифтам. Агар ҳозир ин гапҳоро аз минбари маҷлиси нависандагон баромада мегуфтам, кайҳо чунин садоҳоро ба унвони худ мешунидам: «Дар барои худат гап зан! Худтанқидкунӣ шавад

Дар ҳаққи худ чӣ бигуям? Ман, агар танҳо чунин гуноҳҳои нависандагӣ медоштам, хушбахт мебудам. Вале ман гуноҳе дорам, ки дар пеши он гуноҳҳои «пахта», «моҳӣ» ва дигар гуноҳони чандин сол аз ин пас мешудагӣ ҳам ҳеҷу ночизанд. Дар ҷавонӣ коре кардаам, ки онро ба хотир оварданам басе пуразоб аст. Баъди ин дўстонам маро бисёр ҷанг карданд ва ҳамаи он гапҳо бароям ҷазо буд. Аммо ҷазои асосие, ки онро сазоворам, ҳамеша бо ман аст ва ҳеҷ кас, ҳеҷ гоҳ ба ман аз ин сахт-тар ҷазое дода наметавонад.

Падарам мегуфт: «Агар кори носазое ва нанговаре бикунӣ, баъди он чӣ қадар тавбаву тозарро кунӣ, тири аз камон ҷаста барнамегардад».

Падарам боз мегуфт: «Шахсе, ки кори нанговаре карда баъди чанд сол пушаймон хўрдааст, ба одаме мемонд, ки қарзашро бо пули кўҳнаи пеш аз ислоҳот адо карданӣ мешавад».

Падарам боз ҳам мегуфт: «Модом, ки ту ба роҳи шайтон даромада, бадӣ кардӣ ва андешае нарондӣ, акнун мушт ба сар заданат чӣ суд?».

Баъд аз он ки барзаговҳоро дуздида бурданд, ба дари оғил қулфи ҳафтманӣ задан чӣ даркор?

Ҳамаи ин гапҳо дурустанд. Ман ҳам медонам, ки «муште ки баъд аз ҷанг ба ёд ояд, бояд ба сари худ зад». Аммо хонандаҳоям гоҳ-гоҳ дар ин бора навишта хотиррасон мекунанд ва ба ҷароҳатам намак мепошанд. Онҳо гўё ба тирезаи ман санг паронда, гуфтанӣ мешаванд:

Ку, баро, худро як нишон деҳ, Расул Ғамзатов. Ба хонандагонат бигўй, чӣ хел шуд ва чаро ин тавр шуд?

Чиро ман бояд ба шумо бигўям?

Бигўй, ки соли ҳазору нуҳсаду панҷоҳу якум Шомилро сиёҳ карда шеър навиштӣ, соли ҳазору нуҳсаду шасту якум Шомилро таъриф карда, шеър навиштӣ. Дар болои ҳарду шеър номи Ғамзатов буд. Акнун мо фаҳмиданӣ, ки ҳардуи ин Расул як аст, ё касони дигаранд. Ба гапи кадоме аз ин Расулҳо бовар бикунем?

Ин масъалаи масъалаҳост. Тири ба ман расидаро гирифта партофтан мумкин, аммо тири ба дил расидаро гирифтан мешавад?

Хонандагони азизи ман, намедонам, ту чандсолаӣ, шояд тамоман ҷавон бошӣ. Оё дар ҳаётат ҳадду ҳадуде пеш омадаанд ва ту аз онҳо чӣ тавр гузаштаӣ? Ман фақат аз як сарҳад гузаштаам-ман дўст медоштам, аммо накўшидам, ки ҳиссиётам ҷиддӣ сарфаҳм равам. Сонитар аз ин корам пушаймон хўрдам.

Баъзан аз миёни тирезаи ду ҳамсоя тангкўчае мегузарад. Тирезаҳо рўбарўянд ва ҳамсояҳо байни худ ҷанҷол мекунанд: калонӣ хурдиро ба корҳои бад гунаҳгор карданӣ мешавад ё баръаск, хурдӣ калониро. Ман ба чунин ҳамсояҳои ҷанҷолӣ монанд, аммо ҳам дар назди тирезаи худ ва ҳам тирезаи ҳамсоя худ истодаам. Фарқ танҳо дар он, ки дар як тирезаи ҷавониаму дар тирезаи дигар ҳозираам. Шукўҳи замона маро мафтун кард, чунон ки духтари соҳибҷамол ҷавони нодонро шефта месозад. Ман ба ҳама, чун домод ба арўс, менигаристам ва айбу иллате намеёфтам. Агар ҷиддӣ сухан ронем, ман сояи замона будам. Маълум ки сояи дарахт баробари дарахт аст. Расман қарор шуда буд, ки Шомил ҷосуси англис ва турк буда, мақсади асосиаш байни халқҳо низоъу нифоқ ангехтан аст. Ман ба иморате, ки дар он ин қарор тасдиқ шуда буд, инчунин ба соҳиби он иморат эътиқод доштам. Ана, дар ҳамон вақт як шеъри Шомиламонро фош мекардагӣ навиштам.

Ҳоло баъзан маро тасаллӣ доданӣ шуда, мегуянд:

Мо шунидем, ки ту он шеърро бо супориши махсус навиштаӣ, туро маҷбур карда нависонидаанд.

Ин гапи дурўғ! Маро касе зўрӣ ҳам накардааст, маҷбур ҳам. Ман дар ҳаққи Шомил худам, ихтиёран шеър навиштам ва худам ба редаксия бурда додам. Ман умуман, он вақт ба кўҳистониҳое монанд будам, ки

ягон ҳарфи арабиро намешиносанду Қуръонро варақ мезананд ва чизеро аз он намефаҳмонанду бо вуҷуди ин завқ мекунанд.

Ман сояи замона будам. Он вақт намедонистам, ки шоир соя шуданаш мумкин нест, вай ҳамеша оташ, манбаи нур аст, хоҳ оташи хурд бошад, хоҳ хуршеди бузург. Нур соя надорад, нур фақат равшанӣ мепошад.

Шояд ман инро андаке дертар фаҳмидам. Хайр, чӣ илоҷ навъҳои себ ҳам гуногун мешаванд. Баъзе себҳо барвақт мепазанд, навъи дигаре тирамоҳ шира мегирад. Ман, зоҳиран, аз навъи тирамоҳӣ будаам.

Воқеа ана, ҳамин тавр шуда буд, вале ҷароҳати ман дар ман аст…

(Давом дорад)

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
 мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
 ба шахсони имконияташон маҳдуд.