Назари хеле ҷолиби Расул Ғамзатов дар бораи интихоби мавзуъ. Идома

Расул ҒамзатовЁДДОШТ. Боре ба Иттифоқи нависандагони Доғистон аз Абутолиб мактуб омад. Шоир ба мактубаш хоҳиш менамуд, ки ўро ба авулҳои дурдасти кўҳистон ба сафари хидматии якмоҳаи эҷодӣ фиристанд. Дар маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагон аз Абутолиб пурсиданд, ки ў чӣ навиштанӣ ва дар кадом мавзуъ навиштанист. Шоири куҳансол ба қаҳр омад ва гуфт:

– Сайёд аз куҷо медонад, ки ба ў харгўш меафтад ё қоз, гург ё рўбаҳи кори калон? Оё ҷанговар қаблан медонад, ки дар корзор чӣ қаҳрамонӣ мекунад?

Дар он маҷлис ман ширкат доштам. Суханони Абутолиб дар дилам нақш баста монданд.

Ман ба рафтори касоне, ки аз нақшаҳои эҷодиатон нақл кунед гўён, нависандаро безор мекунанд, ҳамеша дар ҳайратам. Албатта, нависанда нақшаи умумии кори худро фикр карда мегардад. Шояд, навиштани роман ё трилогия (асари сегона)-ро ба нақша гирифтан мумкин бошад, аммо шеърро… Шеър ногоҳ, чун мукофоте, меояд. Кори шоириро ба нақшаи  аниқу дақиқ даровардан намешавад.

Масалан, чунин нақша кашидан мумкин нест, ки имрўз соати даҳи пагоҳ духтари дар кўча дучоромадаро дўст хоҳам дошт. Ё ин ки пагоҳ соати панҷи бегоҳ ягон нобакорро бад хоҳам дид.

Шеър монанди гулҳои чамани рўйи ҳавлӣ нест, ки кадомеро хоҳӣ, пеши назарат ояд ва ҷустуҷў кардан ҳоҷат набошад; шеър мисли гулҳои саҳро ва марғзору кўҳҳост, ки он ҷо дар сари ҳар қадам гулҳое падид меоянд, ки яке аз дигаре раънотару зеботаранд.

Эҳсос мусиқиро ба вуҷуд меоварад, мусиқӣ эҳсосро. Кадоми инҳоро аввалин шуморем? Масалаи тухм аввал пайдо шудааст, ё мурғ, ҳанўз ҳал нагардидааст. Ҳамчунин: нависанда мавзуъро ба вуҷуд меорад ё мавзуъ нависандаро? Мавзуъ тамоми олами нависанда, тамоми вуҷуди нависанда аст. Бе мавзуъ нависанда намешавад. Ҳар нависанда мавзуи худро дорад. Андеша ва эҳсос паранда бошад, мавзуъ осмон аст; андешаву эҳсос оҳу бошад, мавзуъ беша аст; андешаву эҳсос нахчир бошад, мавзуъ кўҳсор аст; андешаву эҳсос роҳ бошад, мавзуъ шаҳрест, ки ин роҳ ба он шаҳр мебарад.

Мавзуи ман ватан. Онро ҷустуҷўю интихоб кардани ман ҳоҷат нест. Ватанро ба худ мо интихоб намекунем, балки ватан аз аввал моро интихоб намудааст. Уқоб бе осмону оҳу бе кўҳсорон моҳӣ бе рўди софи шўхобу ҳавопаймо бе аэродром намешавад. Ҳамчунин нависанда бе ватан намешавад. Уқобе, ки дар байни мурғони хонагӣ коҳилона мегардад, уқоби беҳунар аст. Бузе, ки дар рамаи колхоз аст, бузи кўҳӣ нест. Гулмоҳие, ки даруни шишаи об шино дорад, гулмоҳӣ нест. Ҳавопаймое, ки дар осорхона аст, ҳавопаймо нест. Ҳамчунин булбуле, ки хониш надорад, булбул нест.

Боз дар боби мавзуъ. Аз овони бачагиам як манзара бароям азиз аст. Ҳамин ки тирезачаи хонаи падарамро мекушодам, дар назарам чаманзори фараҳфизое ҷилвагар мешуд, гўё ки дар домани авул дастархони зебое густурда бошанд. Шахҳои атроф бар сари чаманзор сар хам карданд. Аз қабати шахҳо пайраҳаҳои пурпечутоб намудоранд, ки дар бачагиам онҳо морро ба хотирам меоварданд. Даҳони ғорҳо ҳамеша даҳони ҳайвоноти ваҳширо ба ёдам меовард. Аз паси як қаторкўҳ қаторкўҳи дигаре менамуд. Кўҳҳо гирда, тира ва ба мисоли қуҳони шутур паҳмоқ метофтанд. Акнун медонам, ки дар Швейтсария ё Неапол барин ҷойҳо манзараҳои зеботаре ҳаст, аммо куҷое равам, чӣ зебоиҳои рўйи заминро бинам, чизҳои дидаи худро бо манзараи овони бачагиам, бо сурате, ки дар чорчўбаи тирезачаи падарам ҷо гирифтааст, муқоиса мекунам ва тамоми зебоиҳои олам дар пеши он ҳеҷ мешавад. Агар бо ягон сабаб ман чунин авул ва чунин манзара намедоштам, агар ҳамаи он зебоиҳо дар лавҳи хотирам нақш намебастанд, тамоми олам бароям тани беҷон, даҳони безабон, чашми  бегавҳар, лонаи бемурғ мебуд. Ин гапҳо чунин маънӣ надоранд, ки ман мавзуи худро дар ҳудуди танги авулам, хонаам нигоҳ медорам ва атрофи мавзуи муққадаси худро бо девори баланде печонида мегирам.

Замине мешавад, ки бо ҷуфт як қабати ғафсашро бардорӣ, аз тагаш санг мебарояд. Замине мешавад, ки ҳанўз ҷуфт накарда, сангҳояш намуда меистанд. Ин хел заминро ман заҳмат сарф карда, корам намекунам, зеро медонам, ки аз он ҳосили фаровон намерўяд.

Ман намехоҳам ишқи ватанамро дар банд андозам ё монанде аспе, ки хуб кор кардаасту акнун бояд дар ялангии сералаф чарад, кишан монам. Ман ҷавзӣ аз даҳони асп мебарорам, ба гардани гарми арақолудаш навозишкорона тап-тап мезанам ва мегўям: бирав, алаф хўр, қувват гир. Дар меҳри ба ватан доштаи ман як навъ оромию накўие ҳаст, чунон ки аспи озод дорад.

Ман тамоми воқеаҳои оламро дар бунаам, авалум, Доғистонам, дар муҳаббати ватанро дар тамоми ҳодисоти олам тамоми гўшаву канорҳои он мебинам. Ба ҳамин маънӣ мавзўи ман тамоми ҷаҳон аст. Ёд дорам, ки дар шаҳри дур ва аҷибу ғариби Сантяго як саҳарӣ аз ҷеғ задани  хурўсон бедор шудам. Аз хоб бедор шуда, чанд лаҳза пиндоштам, ки дар авули хурди хонаҳош сангин хобидаам. Ҳамин тариқ, хурўсони Сантяго мавзўи ман шуданд.

Дар Ҷопон, дар шаҳри боз ҳам зеботари Камакура дар маросими интихоби маликаи ҳусн иштирок доштам. Нозанинони ҷопонӣ аз назди мо қатор-қатор мегузаштанд. Ман онҳоро беихтиёр бо он нозанини ягонаи худ, ки дар аваристон аст, киёс менамудам ва он чиро, ки маликаи ман дошт, дар инҳо намедидам. Ҳамин тариқ нозанинони ҷопонӣ ва ҳатто маликаи ҳусни Ҷопон мавзўи ман шуданд.

Дар Непал маъбадҳои буддоӣ, қасрҳои шоҳӣ, бисту ду чашмаеро, ки обаш ба ҳама дарду балоҳои ҷаҳон давост, муддаои табъ тамошо карда, дар охир ба кӯҳҳои баланди Катаманд баромадам. Онҳо кўҳҳо Доғистонамро ба ёд оварданд ва аз тамошояшон дилам чунон гарм шуд, ки аз дидани маъбаду қасрҳои бошукўҳу пурҳашамат ин тавр нашуда буд. Кўҳҳои муқаррарӣ ба назарам аз иншооти ғароиби меъморӣ азизтар намуданд. Аз дил гузаронидам, ки на оби он чашмаи сеҳрангез, балки ин кўҳҳо бо ҳамаи дарду балоҳо давоянд. Ҳамин тариқ, маъбадҳои буддоӣ ва кӯҳҳои Непал ногоҳ мавзўи ман шуданд.

Маро пас аз тамошои шаҳрҳои калони серодами Ҳиндустон бо як деҳачаи назди шаҳри Калкатта бурданд. Дар хирманҷои васеъ ғалла мекӯфтанд, барзаговҳо аз болои дарзаҳои гандуми тиллороанг давр мезаданд. Онҳо оҳиста оҳиста давр мезаданд ва бо сумҳои худ ғаллаи тиллоранг мекўфтанд. Аз дидани ин манзара дилам чунон болид, ки аз тамошои ягон осорхона, ягон театри ҷаҳон инчунин шодӣ накарда будам. Авули худамон, овони бачагии худро дидагӣ барин шудам. Ҳамин тариқ, деҳачаи назди Калкатта мавзўи ман шуд.

Дидам, ки кўҳистониёни Индонезия мисли кўҳистониёни мо даф мезананд, дар кўчаҳои Ню-Йорк марди қафқозие чакмани чаркасӣ дар тан мегашт; дар Истамбул ва Париж кўҳистониёни ғамгини тарки ватанкарда истиқомат доранд ва онҳо бадбахтарин одамони рўйи заминанд; дар Лондон афзорҳои кўзагарони машҳури балхарӣ намоиш дода мешуд; дар Венетсия дорбозҳои авули Совкра тамошобинонро моту мабҳут мекарданд; дар дукони китобҳои кӯҳна дар Питтсбург китоберо дар бораи Шомил дучор омадам.

Ба қуҷое равам, дар куҷое бошам, риштаҳои нозуке маро ба Доғистон мепайванданд.

Душвор аст ҳоли он ҷанговар, ки сўяш якбора чанд шамшерзан ҳамла меорад. Ў худро ҳам аз пешу ҳам аз қафо мудофиа кардан наметавонад. Агар шахе бошад, ки ҷанговар тахтапушт бар он диҳад, кораш он қадар бад намешавад; ҷанговари чолок ба шах такя намуда, ду-се душманро зада меафтонад.

Доғистон барои ман чунин шах аст. Дар лаҳзаҳои душвортарин ба ман мададгор мешавад.

Сайёҳон бо худ таассуроти кишварҳои тамошокардаашонро меоранд. Аммо фақат бахти ман наметобад-куҷое равам ҳамеша сурудҳои Доғистон меорам. Дар ҳар шеъри навам Доғистонамро гўё аз сари нав мешиносам, дарк мекунам ва ба он дил мебандам. Меҳри Доғистони азизам дар дилам бепоён аст.

(Давом дорад)

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.