Назари хеле ҷолиби Расул Ғамзатов дар бораи интихоби мавзуъ. Охир
Аз дафтарчаи хотирот.
-Уқоб, суруди аз ҳама дилписандат кадом аст?
-Суруди кӯҳҳои баланд.
-Моҳихўрак, суруди аз ҳама дилписанди ту кадом аст?
-Суруди баҳри нилгун.
-Зоғ суруди аз ҳама дилписанди ту кадом?
-Суруди лошахўрӣ дар корсор.
Адабиёт ҳам парандаҳо дорад: уқобҳову моҳихўракҳо. Яке васфи кўҳсорон мекунад, дигаре таронаи баҳри дамон мехонад. Ҳар кадом ватане дораду мавзӯе, аммо зоғҳо низ ҳастанд. Онҳо бештар худро меписанданд. Зоғ ҳангоми кофта хўрдани чашмони мурда дар корсоз андеша надорад, ки он чашмони каҳрамонест ё буздиле. Адибонеро медонам, ки имрўз коре мекунанд, ки барояшон имрўз фоида дорад, фардо ба коре даст мезананд, ки фардо нафъ меоварад.
БОЗ ДАР БОБИ МАВЗУЪ. Мавзуъ сандуқи пурбисот аст. Сухан калиди ин сандуқ аст, аммо бисоти сандуқ бояд аз они худат бошад, на моли касе.
Баъзе адибон сад мавзуъро даст мезананду ягонтаашонро ҳал намекунанд. Онҳо сарпўши сандуқро андаке кушода, латта-паттаҳои рўйи онро тит карда мепартоянду ба сари сандуқи дигаре мешитобанд. Агар сандуқро соҳибаш мекушод, медонист, ки чизҳоро боэҳтиёт якто-якто гирад, аз таг ҳамон сандуқчаи заррини орзуи дилаш мебарояд. Одамоне, ки аз сари як мавзуъ ба сари мавзўи дигар парида мегарданд, ба Далаголови серзанаи кўҳистонӣ монанд. Ў бисту ҳашт мартаба зан гирифта, оқибат тамоман бе зан мондааст.
Аммо мавзуъро бо ягон зани никоҳӣ ҳам баробар кардан мумкин нест. Ҳамчунин бо модари ягона, бо фарзанди ягона қиёс кардан дуруст нест. Зеро кас гуфта наметавонад, ки ин мавзўи ман аст ва ягон одам ба он даст назанад. Мавзуъ аз они ман, аммо ба ҳамаи дигарон низ дастрас аст. Ман боре шунидаам, ки як нависанда нависандаи дигарро барои «дуздидан»-и мавзўяш сарзаниши сахт мекард. Ў мегуфт: «Ба ту кӣ ҳуқуқ дод, ки дар бораи Ирчӣ Қазоқ (шоири асри гузашта, сардафтари адабиёти кумик) нависӣ! Ту медонӣ, ки ин мавзўи ман, дар бораи Ирчӣ Қазоқ ман навишта истодаам. Ин кори ту дуздии рўйирост!». Он нависанда чунон ба ҳаяҷон омада буд, ки гўё ҳамин ҳоло маҳбубаашро дуздида бошанд.
Ҷавобе, ки ў шунид, муносиби марди кўҳистон буд:
– Касе имом мешавад, ки шамшераш бурротару гиротар аст. Арўс на аз они шахсест, ки ўро зани худ кардааст. Бигузор мавзўи Ирчӣ, чун ҳамаи мавзўъҳои дигар, аз они касе шавад, ки беҳтар менависад.
Оре, нависандагони гуногун, бехабар аз якдигар, ҳамон як мавзуъро интихоб ва ҳал карда метавонанд. Дар адабиёт колхоз намешавад. Ҳар нависанда майдони худ, қитъаи худро дорад, ҳарчанд қитъаи ў хурд аст. Вале ман ба касе намегўям, ки азбаски акнун ҳатто худам ба қитъаҳоям қарибӣ намекунам, шумо ҳам ба майдони ман наздик наоед. Дар сари воти ман на сагро мебинед, на посбони милтиқдорро. Зимнан, куҷост он воти ман, чӣ хел онро ҷудо кунам ва атрофашро чӣ гуна девор гирам? Мавзўи ман марғзори мамнуъ ва меҳроби масҷид нест, ки даромадани одами бегона мумкин набошад.
Як вақт анҷумани нависандагони Доғистон шуд ва дар он баҳсе ба миён омад. Нотиқе гуфт:
– Дар бораи кишварҳо ва халқҳои дигар навиштани доғистониён чӣ лозим? Бигузор дар бораи Испания испаниҳо, дар ҳаққи Ҷопон ҷопониҳо, дар бораи саноати Урал нависандагони сокини Урал навиштан гиранд. Агар парандае дар боғ лона дошта бошад, оё боғи дигар рафта хониш мекунад? Оё ба водӣ, ки заминаш бе ин ҳам хубу ҳосилхез аст, аз кўҳсор хок бурда рехтан ҳоҷат аст? Агар равғани дунбаи картро об карданӣ бошӣ, ба он боз равған андохтан лозим аст?
Дар анҷуман аз ҷумҳурии дигар меҳмон буд. Ў ба нотиқ чунин ҷавоб дод:
– Ҳайвони ваҳшӣ ҳам мисли паранда лона дорад, аммо офтоб ба ҳамаи ҳайвоноти ваҳшӣ баробар гармӣ медиҳад, чунон ки борон ба ҳамаи дарахтон баробар об мепошад. Рангинкамон ба чашми ҳамаи одамон як хел менамояд. Дар кўҳҳои баланд ҳам, дар дараҳои торик ҳам, баробар раъду барқ мешавад. Аз биринҷи мамлакати дигар ҳам палави бомазае мешавад. Ман ба анҷумани шумо аз роҳи дур омадаам. Фақат барои шуморо табрик гуфтан омада будам, вале акнун пай мебарам, ки ба кўҳу баҳр, ба мардони наҷиб ва занони зебову пуршаъни шумо дил бастам. Агар дар бораи шумо чизе бинависам, ҳамдиёронам аз ман миннатдор мешаванд. Шумо ҳам дар бораи кишвари ман нависед, зарар намекунад. Нависанда дар интихоби худ мисли интихоби муҳаббат озод аст. Оё муҳаббат аввал иҷозат пурсида, баъд дар дили касе ҷо мешавад?
Аҳли анҷуман ба суханронии меҳмон кафкўбӣ карданд, зеро суханонаш чун синон рост ва тез буданд, аммо ҳангоме ман ҳам чапак мезадаму ба гуфтаҳои ў қариб розӣ будам, чунин андешаам ором намегузошт.
Дар бораи мамлакат ва халқҳои дигар навиштан хуб аст, аммо пас аз он, ки дар мавзўи худ устод шудӣ.
Доғистони хурди ман ва ҷаҳони бузурги ман. Ду наҳрчае, ки ба водӣ расида, як мешаванд. Ду донаи ашк, ки аз ду чашм бурун омада, ба бари рў ҷорӣ мешавад, натиҷаи ғам ё шодии ягона аст.
Ашк бар рухсораи шоир чакид,
Ҳам ба рӯи рост, ҳам бар рӯи чап.
Буд аз ашкаш ғаму шодӣ падид,
Ашки ҳиҷрон буду он ашки ғазаб.
Ин ду қатра ашки ором, ашки соф,
То фурӯ ғалтидани худ нотавон.
Чун бирезад, шеър хезад, бехилоф,
Оташу тӯфон дамад дар як замон.
Доғистони хурди ман ва ҷаҳони бузурги ман. Ин аст ҳаёти ман, суруди ман, китоби ману мавзӯи ман….
МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.
Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.