Назари хеле ҷолиби Расул Ғамзатов дар бораи намуди адабӣ

Расул ҒамзатовНодон бо фарёд мот мекунад,
доно ба мақоли муносиб.

Баҳор, ки омад-суруд хон.
Зимистон, ки расид-афсона гўй.

Инак, ман дар пояи кўҳе истодаам, ки аз он бояд бигузарам. Аспи хуб маро аз ҳар ағба мегузаронад. Кӯҳ-мавзўи ман, асп-забони ман. Акнун бояд роҳеро интихоб намоям, ки бо он аз кўҳ гузарам. Ҳамаи аҷдоди куҳистонии ман роҳи ростро меписандиданд. Роҳи рост душвортару хатарноктар аст… аммо кўтоҳтар …Роҳи рост одамро нобуд карданаш ҳам мумкин, аммо ба манзил зудтар расониданаш ҳам. Ё дар назди қалъае истодаам, ки онро бояд фатҳ намоям. Силоҳи басе хуб дорам, ки дар ҷанг маро ба кор меояд. Қалъа – мавзўи ман, силоҳ-забони ман. Аммо бояд роҳе интихоб намуд, ки ба воситаи он ба даст овардани қалъаи фатҳнопазир осонтар гардад. Якбора ҳуҷум орам, ё ки муҳосира карда, оҳиста-оҳиста ба даст дарорам? Киштзор ҳаст, дар дарёчаи кўҳӣ об ҳам. Аммо он обро ба ин киштзор чӣ хел бояд овард?

Ҳезуму оташдон, дегу табақ ва баъзе аз чизҳои пухтагӣ ҳаст. Вале ба ҳар ҳол чӣ хўроке бояд пухт?

Муҳаррир дар мактубаш иҷозат додааст, ки намуди адабии дилхоҳамро интихоб намоям: ҳикоя ё повест, шеър ё мақола. Имкони интихоб ҳар қадар зиёд бошад, худи интихоб ҳамон қадар душвор мешавад.

Аз дафтарчаи хотирот. Дар курси якум бист шоир, чор носир ва як драманавис мехонд. Дар курси дуюм понздаҳ шоир монд, носирон ҳашт нафар шуданд, драманавис ҳамон як нафар ва як мунаққид пайдо шуд. Дар курси сеюм ҳашт шоир монд, шумораи носирон ба даҳ расид, драманавис боз ҳамон як кас, мунаққид шаш нафар шуд. Дар охири курси панҷум як шоир, як носир, як драманавис монд, дигарон ҳама мунаққид шуданд.

Ин гап, албатта, муболиға ва латифа аст. Аммо рост, аст, ки бисёриҳо аз шеър сар карда, баъд ба наср мегузаранд, сипас ба намоишнома, дар охир-ба мақола. Ин вақтҳо ба филнома гузаштан расм шудааст.

Баъзе шоҳу амирон барои он занашонро дигар мекунанд, ки аз онҳо фарзанд намерўяд. Вале пас аз дигар кардани чанд зан, яқин пайдо мекунанд, ки дар нашудани фарзанд занҳо гунаҳгор нестанд. Деҳқоне то охир бо як зан умр ба сар мебарад ва як не, бист фарзанд дорад. Ақидаи ман чунин аст: шароб бинўшу аз нон ҳам рў нагардон. Суруд бихону афсонаро ҳам гўш кун. Шеър навису ҳикояи одиро ҳам аз худ дур накун.

НАСР. Замоне буд, ки ман дар гаҳвора мехобидаму модарам алла мегуфт. Ў фақат як суруди алла дошт, суруди дигареро намедонист. Ҳарчанд падари мо шоири машҳур буд, барои писаронаш ягон суруди алла нанавиштааст. Ў ба мо ҳар хел қиссаву воқеа ва ривоятҳо нақл мекард. Ин қиссаҳо насри ў буданд.

Падарам аз шеърҳои худ гап заданро дўст намедошт. Ба фикрам, вай шеъргўиро кори ҷиддӣ намешуморид. Кори ҷиддии ў аз инҳо иборат буд: ҷуфтронӣ, соз кардани хирманҷо, нигоҳубини гову асп, бел кардани барфи бом, сонитар дар корҳои авул ва ҳатто ноҳия алоқадри ҳол иштирок намудан.

Падарам шеърро менавишту аммо чандон ғами дар куҷо чоп шудани онро намехўрд. Барои ў фарқе надошт, ки шеъраш дар рўзномаи марказӣ чоп мешавад ё дар рўзномаи девории пионерони авул. Ман пай мебурдам, ки дар рўзномаи деворӣ чоп шавад, бештар хурсанд мегардад.

Падарам суханеро, ки Анасил Муҳаммад ба писари худ, сарояндаи машҳури ишқи пок шоир Маҳмуд гуфтааст, зуд-зуд ба ёд меовард. Вақте ки Маҳмуд монанди фарзанди ноқобил, аз оташи ишқ ва сурудҳои ишқӣ адову абгор шуда, гушнаву ташна, бо ранги заҳир хона меояд ва хўрданӣ мепурсад, падараш ба ў оромона ҷавоб медиҳад:

Шеър хўр, аз болояш шароби ишқ нўш. То кай ман бо ҷои ту ҷуфт меронам, монда шудам.

Албатта, ба паранда хониш ҳам даркор, аммо кори асосии паранда дар ҳар ҳол, сохтани лона, пайдо намудани хўрок ва калон кардани бачаҳои худ аст.

Падарам ба шеърҳои худ назаре дошт, чун ба хониши парандагон. Яъне дилкашу форам аст, аммо ҳатмӣ нест. Ў ба шеърҳояш назаре дошт, чун ба саломи субҳ, шаб ба хайри бегоҳ, табрики идона, изҳори ҳамдардӣ.

Ақидае ҳаст, ки шоирон мардумӣ андак хаёлианд, ҳар кадом машраби хоси хешро дорад. Аммо падари ман аз рўи феълу хў ва хислатҳои худ марди одии кўҳистонӣ буд. Ў бештар суҳбати оромонаеро, ки ҳозирон ба сухани якдигар ангушт наниҳода қиссаву ривоятҳои гуногун мекунанд, меписандид, яъне боз ҳамон насрро дўст медошт.

Падарам аввалин шеърҳои худро ба Маҳмуди машҳур нишон медиҳад. Шоир шеърҳои падарамро хонда, ҳайрон мемонад ва ба ў мегўяд, ки ман шеърҳоятро нафаҳмидам ва умуман тасаввур намекунам, ки дар бораи гов, трактор, саг ва пайроҳаи Хунзах барин чизҳо чи хел шеър гуфтан мумкин аст.

Дар бораи чӣ нависам, набошад? -бо тавозўъ мепурсад падарам.

Дар бораи ишқ ва фақат ишқ! Қасри ишқ бибояд сохт.

Шеъри Маҳмуд:

Дар замин бунёд кардам кохи ишқ.

Лек мехобам буни деворҳо.

Шаҳпул аз эҳсоси ду дил сохтам,

Даршикаст он ҳам, ману кўҳсорҳо.

Падарам қасри ишқ бино намекард. Ў ғами сохтани чунин қасрро ҳам надошт. Боиси ғамхории ў, қасри ў ва он чӣ ашъорашро ғизо медод, хонаву ҷой, оилаву фарзанд, авулу асп, мамлакату ҷаҳон замину осмон, офтобу моҳтоб, борон ва сабзаву дарахтон буд.

Вай як шеъри ишқӣ, шеъре бахшида ба маҳбубааш гуфтааст. Вале барои он, ки касе хонда натавонад, ба ҳуруфи арабӣ иншо кардааст. Он шеър фақат барои маҳбубааш ва худаш буд. Оре, падарам ҳикоятҳои ҳикматомезро дўст медошт. Бегоҳиҳо ў маро ба сари зону шинонда, бо домани пўстини гарми хушбўяш пойҳоямро печонида, ҳикояҳо мегуфт. Вай қиссаи онҳоеро, ки ҷилои ватан кардаанд ва онҳоеро, ки дар диёри азизи худ мондаанд, нақл менамуд. Инчунин дар бораи роҳҳо, дарёҳо, шукуфтани гулҳо ба сари онҳо омада нишастани занбўрони асал ҳикоят мекард. Тулўю ғуруби офтобро мегуфт. Дар хусуси урфу одатҳои қадимӣ, дар бораи ибодати пеш аз ҷанг нақд мекард. Ба осмон як назар афканда мегуфт, ки пагоҳ борон меборад ё ҳаво соф мешавад. Ў медонист, ки дар атроф борон бораду дар болои авули Телетл офтоб бошад, дар пуштакўҳи Хунзах жола задан дорад.

Вай ба ман нақл менамуд, ки як сараки ҷавдор чанд дона дорад ва рангинкамони зебо аз чӣ пайдо мешавад. Агар аз дур мусофири аз як авул ба авули дигар равандае менамуд, падарам пешакӣ ва муфассал гуфта метавонист, ки он раҳгузар кист, ба кадом кор роҳ баромадааст ва дар ҳавлии кӣ шаббош хоҳад шуд…

Эҳ, чаро падарам ҳамаи инро ба ман ҳидоят кард? Менавишт, беҳтар мешуд. Ҳамаи ин насри ў, насри шоир Ғамзат Садаса мешуд. Ҳикоят ва ҳаёт барои ў як буд. Фикрро ҳикояту ҳикоятро фикр медонист. Шеърро ба дили беқарори саркаш ташбеҳ медод. Беҳтар мешуд, агар падарам ҳамаи ҳикоятҳояшро манавишт. Зеро пас аз калон шуданам дарк намудам, ки дар ҷойи аввал маро дил аст. Вақте парандае аз наздам мегузарад, ман андеша намекунам, ки вай куҷо ва барои чӣ парвоз дорад, мехоҳам ҳангоми парвозаш даст гирам. Падарам ҳарчанд кўшиш намуда, ҳикояҳои бисёре мегуфт, аммо дар бачагиам ҳамон як аллаи модарро аз ҳамаи ҳикоятҳои падар зиёдтар дўст медоштам.

Овони бачагиам бо суруд гузашт, давраи наврасиамро низ бо суруд гузаронидам, бо суруд ба воя расидам ва бо суруд мўйи сарам сафед шуд.

Вале акнун донистам, ки дар куҷое гардам, чӣ суруде хонам, сари шахе будааст ба омадани уқоб интизор, дарахте будааст ба омадану дар бағалаш лона гузоштани парандагон интизор, хонае будааст ба омадану дарашро кўфтани шахсе интизор, насре будаст ба омадани шоир интизор. Инак, ман фуромада, ба сари шахе, ки маро интизор аст, менишинам, дарро мекўбам, то кушоянду маро ба хона роҳ диҳанд. Фаҳмидам, ки ҳамаи дидаву шунидаам ва тамоми андешаву эҳсосотамро ба назм овардан наметавонам. Медонам, наср суруд нест, ки рост истода ҳам хондан мумкин бошад. Остин бар зада, ба сари миз нишастан, соати зангўладорро ба вақти бармаҳал дуруст карда мондан ва барои он, ки шаб хоб ғалаба накунад, чойи талх дам карда мондан лозим.

Хайр, агар таҳкурсии иморат дуруст гузошта, хавоза мустаҳкам баста шавад, он тарафи сохтмон рафта мегирад. Намедонам, чӣ мешавад: ҳикоя, қисса, афсона, ривоят, андеша ё мақолаи одӣ.

Баъзе муҳарриру мунаққидон мегўянд, ки навиштаи ман на роман аст, на афсона, на қисса, умуман чӣ буданаш номаълум. Муҳарриру мунақиқидони дигаре баҳо медиҳанд, ки китоби ман ҳам ин асту ҳам он, ҳам сеюмин, ҳам панҷумин, ҳам даҳумин.

Ман зид нестам. Баъди китобро навиштанам онро чизе, ки меномед, ихтиёратон. Ман аз рўйи қонуну қоидаҳои китобӣ не, балки бо амри дил асар менависам. Дил ба қонуне итоат надорад. Балки ба қонунҳои худ итоат мекунад, ки он қонунҳо на ба ҳама мувофиқ меоянд.

Дар дил мегўям: агар ба як дег гўшт, биринҷ, мева, қаланфур андозам, намаку асал низ ҳамроҳ кунам, оё хўрок вайрон намешавад? Ё, баръакс, таоми фавқулода лазизе мебарояд? Бигзор онҳое, ки сари дастархон нишаста, аз ин таом мечашанд, баҳо диҳанд. Ҳикояам, фикру андешаам, афсонаам! Ёд дорам, ки дар айёми бачагӣ ба роҳи бародаронам ё падарам чашм дўхта, шабҳои дарози зимистон хобам намебурд. Шарфаи по ё хишир-хишири паси дарро шунида, гўш ба қимор мешудам ва дақиқаҳо гўё соатҳои дароз мешуданд. Дар чунин шабҳо бобоям пешам нишаста, оҳиста-оҳиста ҳикоят мекард. Ў гоҳ афсона мегуфт, гоҳ суруд мехонд, дам ҳикмате мефармуд, дам алла мегуфт. Қиссаҳояш гоҳ хандаовар буданд, гоҳе ваҳмангез. Вақту соатро фаромўш мекардам, ба гўшам фақат овози бобоям мерасиду ба назарам манзараҳои қиссаҳои ў ҷилвагар мешуданд. Падар ё бародаронам, ки омаданд, риштаи ҳикояти бобоям бурида мешуд. Ҳайфам меояд, ки онҳо афсонаи аҷибро қатъ карданд. Вақте, ки худам калон ва ҷаҳонро давр мезадагӣ шудам, монанди падар ё бародаронам, дар сари вақт ба хонаи худ мешитобидам, ҳар қадар ба хона наздик мешудам, дилам беқарортар мешуд тез-тез метапид, дараҳоро мешумурдам, дар чунин лаҳза ҳамсафаре ба ҳикояти қисса ё воқеа, афсона ё ҳикмате сар мекард, ман бо шавқи тамом гўш медодам, аммо ҳикоят тамом нашуда, ба манзил мерасидем ва каме дилам месўхт, ки қисса нотамом монд.

Падарам мепурсид:

-Ку гап зан, аз ағба чӣ хел гузаштед, дара чӣ тавр, барф зер кардааст?

(Давом дорад)

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.