Назари хеле ҷолиби Расул Ғамзатов дар бораи намуди адабӣ. Идома
Ман на қўҳро ёд доштам, на дараву на барфро. Фақат қиссаи ҳамсафари хушчақчақам ба хотир буд. Ҳикояти ў дар назарам кўҳҳои фарозро ба водиҳои ҳамвор, барфи сардро ба пахтаи гарм табдил медод. Ҳикоятҳоям, андешаҳоям! Оё шумо ҳам шаби дарози зимистонро ба касе ки интизори хешовандонаш аст, ё роҳи дури зимистонро ба шахсе, ки сўйи манзили хеш мешитобад, кўтоҳ кардан метавониста бошед?
Дар ҳар ҷо-ҳар ҷойи ҳикоятҳои камнамаки худ, мисли он ки ба оши бурида кашничу райҳон меандозанд, барои хушбўю дилкаш гардиданашон якто-дуто мақолу зарбулмасал партофта мемонам. Духтарони авули Тилух ба ду кунҷи лабони худ холи дурахшон мезананд. Бигзор мақолу зарбулмасалҳои насри ман мисли он холҳои рўи духтарон бошад. Чунон ки санги носуфтаро ба девори ҳамвор мечаспонанд, ман ҳам Ёддошт ва сатрҳои дафтарчаи хотиротамро ба ҳикоятҳоям мепайвандам. Ҳар хел санг ба девор мувофиқ намеояд. Гоҳе ки чунин сангҳоро ба девори асар чида ҳикоятамро давом медодам, дар ман ҳиссиёте пайдо мешуд, ки одамони диндор медонанд (намоз бурида шуда бошад ҳам, давом мекунад). Дар чунин ҳолатҳо санги номувофиқро аз девор кўчонида гирифтанам лозим мешуд. Инак, ман аз шеъру сурудҳои пурталотум ба ҳикояти ором, ба наср мегузарам. Вале ман аз суруд муваққатан ҷудо шуданӣ бошам ҳам, суруд аз ман ҷудо шуданӣ нест. Вай монанди гурбачаи меҳрубон, ҳангоми хобам ба бағалам медарояд, ба мисли шуоъҳои офтоб, ки субҳ аз паси қуллаҳои кўҳ пош хўрда мебароянд, баробари кушодани тирезаҳоям, наздам меояд. Вай ҳамроҳи қатраҳои охирин ва бомазатарин шароб дар таҳи ҷом маро интизор аст. Вай дар ҳама ҷо аз қафоям поида мегардад, чун зане, ки дар ҳаққаш банохост хиёнат кардаанд; поида ба даст меафтонад ва пеши роҳамро гирифта мегўяд:
– Ту бе шўхи аз ман ҷудо шуданӣ ҳастӣ? Лекин андеша намо, ки бе ман зиндагӣ карда метавонӣ. Ту-нахчирӣ ва ба кўҳсори серун одат кардаӣ, ту-озодмоҳиӣ ва дар яхоби тез омўхта шудаӣ. Наход гумон кунӣ ки кўли ороми обаш гарм маъқулат мешавад? Хайр, чӣ илоҷ, модом ки аз ман рафтанӣ ҳастӣ, биё ақаллан ҳангоми видоъ каме нишаста, ба ҳам роз бигўем.
Назм, магар намедонӣ, ки ман ҳеҷ гоҳ аз ту ҷудо шуда наметавонам? Оё аз тамоми шодиву суруре, ки дар дилам пайдо мешавад, аз тамоми ашкҳои ғаму ҳасрат, ки аз дилу дидаам бурун меояд, ҷудо шудан метавонам?
Ту ба духтарчае монандӣ, ки вақти ба дунё омаданат ҳама умедвори писарча буданд. Ту ба духтарчае монандӣ, ки бо таваллуди худ гўё чунин гуфтанист: «Медонам, ки шумо маро чашмдор набудед ва ҳоло ягон кас аз байни шумо маро дўст намедорад. Хайр, майлаш, ҳоло нигоҳ карда истед, ман калон шуда, камол ёбам, кокулҳоямро бофта ба тахтапушт партоям ва суруде хонам. Баъд мебинем, ки дар рўи замин одами ба ман дил намебастагӣ ёфт мешавад ё не».
НАЗМ
Меҳнат он аст, ки дар фориғаш омсоиш ҳаст,
Сафар он аст, пас аз гардише оромиш аст.
Ту маро ҳам сафарӣ, ҳам дами роҳат ҳастӣ.
Сари гаҳвораи ман аллаи модар будӣ,
Орзуи шарафу фасли гули тар будӣ.
Тавъами ишқ таваллуд шудӣ андар дили ман,
Ишқ бо ман ба ҷаҳон омада буд, эй ҳамтан.
Бача будам, ба назар бинмудӣ модари ман,
Ба дами мўйсафедӣ ту чу як духтари ман.
Меҳрубон гардию пирим гиромӣ дорӣ,
Аз ҷаҳон даргузарам, ҳурмати ман медорӣ.
Гоҳе андар назарам қуллаи понорас ту,
Гоҳ парандаи роми нағмахони дилҷу,
Ту-пари парвозам,
Ту сипари сарбозам,
Назм, ҳар чизи ман астӣ, ба ҷуз орому фароғ,
Ғофил аз табъи ту, хидмат кунамат бе ғаму доғ.
Охири кор куҷову сари роҳат ба қуҷост?
Сафарам сўйи куҷо, ку нафаси айшу сафост?
Ту маро ранҷи раҳӣ, ҳам дами роҳат ҳастӣ,
Ту маро айшу тараб, зулми асорат ҳастӣ.
Падарам мегуфт: барои он, ки даҳони одами лаққӣ баста шавад, бояд пири иззатманде ё касе аз меҳмонон сухан гирад. Агар лаққӣ баъди ин ҳама гапфурўшии хушкуҳолии худро бас накунад, суруд хондан лозим. Агар суруд ҳам таъсир нарасонад, дар он сурат беибо аз ҷуфти гиребонаш гирифта, аз хона берун кардан мумкин аст. Ҳар он касро, ки бо лаққиданҳои худ сурудро халалдор мекунад, як мушти обдор низ задан ҷоиз аст.
Назм, худат аз дигарон беҳтар медонӣ, ки гапфурўшиҳо дар ҳаққат туро туро беҳтар ва баландтар карда намевонанд. Оё бо гап обрўи сурудро баланд бардоштан мумкин аст? Оё аз ҷумаки чойник об рехта мавҷи дарёро пурзўр карда мешавад? Оё бо пуф кардан қувваи бодро афзудан мумкин аст? Оё бо як тўда барф ҳашамати кўҳи осмонбўсро афзудан мумкин аст? Оё бо навъу дўхти либос ва тарзи мўйлабмонӣ меҳри модарро нисбат ба писар фузунтар кардан мумкин аст?
Назм, бе ту ман ятим мебудам.
НАЗМ:
Ҷаҳон бе ту чу ғори тиратобест,
Ба ғафлат аз фурўғи офтобест.
Ва ё чун осмони бе ситора,
Ва ё чун ишқи бе бўсу канора.
Ҷаҳон чун баҳр буд, аммо на нилоб,
Ҷудо аз серунии орамишбоб.
Ва ё боғи тиҳӣ аз сабзаю гул,
На пайдо булбуле, на савти ғулғул
Дарахтон бебару баргу сарозер,
На гармою на сармо-як маҳи тир.
Банӣ одам –ҳама ваҳшию нодор.
Суруд… Асло набуд дар олами хор.
Аварҳо мегўянд: «Шоир сад сол пеш аз офариниши олам таваллуд ёфтааст» Онҳо бо ин, зоҳиран, гуфтанӣ ҳастанд, ки агар шоир дар офариниши олам иштирок намедошт, олам инчунин зебо намешуд. Мо се додару як хоҳар будем. Ҳамширамон аз ҳамаи мо калон буд. Бар дўши ў, чун бар дўши ҳар як зани кўҳистонӣ, меҳнату машаққат ва ғаму ғуссаҳои зиёде афтод.
Падарам ба мо борҳо мегуфт:
-Шумо се нафаред, хоҳаратон якто. Аз ў бохабар бошед, ғамхорӣ кунед. Дар рўи замин аз хоҳар наздиктар ва меҳрубонтар касе надоред.
Ин гап ҳақ аст, хоҳарам шахси аз ҳама азизи ман аст. Вале ман хоҳари дуюм низ дорам ва намедонам, кадоме аз онҳо бароям азизтар аст. Хоҳари дуюмам-назм. Бе он зистам намешавад. Баъзан ман худ савол мекунам, ки ҷойи назмро чӣ гирифтан метавонад Албатта, ман кўҳсорон, барфу борон, дарёҳои дамон, ахтарон, офтобу моҳ, обу нон ҳам дорам… Вале куҳсорону борон, офтобу гулзорон бе назму назм бе онҳо вуҷуд доштан метавонад магар? Назм набошад, кўҳсорон ба сангтўдаҳо, борон ба мурдоби дилнокаш, офтоб ба ҷисми гармдиҳандаи осмонӣ табдил хоҳанд ёфт.
Худ аз худ боз савол мекунам: ҷойи назмро чӣ гирифта метавонад? Албатта, кишварҳои дур, хониши булбул, осмон, тапиши дили инсон ин ҳама вуҷуд доранд. Аммо бе назм ҳеҷ чиз аҳамияту маънии ҳозираи худро намедошт. Ба ҷои мамлакатҳои аҷиби дурдаст мафҳумоти ҷуғрофӣ, ба ҷои уқёнус обанбори нодаркор, ба ҷойи хониши мурғон ба ҳам фарёд задани парандагони нару мода, ба ҷойи осмони лоҷвардӣ омехтаи газҳои гуногун, ба ҷойи тапиши дил гардиши хун мебуду бас.
Албатта, лутфу назокат, меҳру муҳаббат, ҳусну малоҳат, диловариву шуҷоат, кинаю адоват, ифтихору сарфарозӣ барин мафҳумот низ ҳастанд. Аммо ҳамин ин мафҳумотро назм ва назмро онҳо ба вуҷуд овардаанд. Онҳо бе назм ва назм бе онҳо вуҷуд надорад.
Назмам маро ба вуҷуд меоварад, ман-назмамро. Мо бе якдигар зиндагӣ надорем, зиёда аз ин, умуман вуҷуд надорем. Ман мушаку устухон дорам. Чашми одамӣ дида ва муаян карда наметавонад, ки кадом устухони ман бутуну бақувват, кадомаш шикаставу сипас пайванд шудааст. Аммо шуоъҳои рентген мағз андар мағзи тани маро равшан мекунанд ва ҳар чӣ дар вуҷуди ман ниҳон аст, дар пеши чашми одамон падидор мегардад. Дилам аз қабурғаву сутунмуҳраю шушам дида, дар ҷойи боз ҳам амиқтару муътамадтаре ниҳон аст. Вале анвори назм вуҷудамро равшан месозанд ва тамоми ҷунбишҳои дили ман ба одамон аён мегардад. Дили ман чун дар рўи каф, кушодаву сафед аст, анвори сеҳрангези назм онро равшан сохтаанд ва мардум мағз андар мағзи маро мебинанд.
Мошини ҳозираи ҳисоббарорӣ ҳазорҳо симчаву чашмакҳо дорад. Ба он ҳалли барномаҳои мураккабтарини аз рақамҳои зиёде иборатро месупоранд. Қувваи барқ бо симчаву чашмакҳои бешумор ҳаракат мекунад. Ҳамаи протсесҳоро, ки дар ин мошини мураккаб ба амал меояд, ҳеҷ гуна чашм ва майнаи одамӣ дар бар гирифтан наметавонад. Вале баъд рақами муайяне ҳосил мегардад, ки он ҷавоб ва натиҷаи охирини ин протсес аст.
Касе намедонад, ки дар рагу рагчаҳои бешумори вуҷуди ман чӣ таассуроту муҳаббат, чӣ адовату нафрат ҷараён дорад. Вале баъд шеър ба вуҷуд меояд, ки он маҳсули охирин ва олитарини аз таассуроти ҳаёт берун овардаи дили ман аст. Ман рўйи заминро бисёр гаштаам. Гоҳ аспсавор, гоҳе дар ҳавопаймо такя бар пушти курсӣ дода, гўё пинак мерафтам, боре дар вагон, бори дигар дар автомобили давон мерафтам. Мардум маро дар пиёдараҳое ё савори аспе дида, шояд мегуфтаанд: ана Расул Гамзатов. Як худаш меравад, эҳтимол, аз танҳоӣ дилгир бошад. Вале ман ҳеҷ гоҳ танҳо нестам. Хоҳарам-назм доим ҳамроҳи ман. Мо ягон лаҳза аз ҳам ҷудо намешавем. Баъзан ҳатто дар хобам шеър менависам, ё шеърҳои пеш навиштаамро ба хотир меорам, ё шеъри шоирони дигарро аз ёд мехонам.
Пештар ман гумон доштам, ки дар рўйи замин шоир хеле кам аст. Мумкин, шоирон дар байни одамони дигар дилгир шаванд. Ҳар кас дар зиндагӣ шавқу ҳавасе дорад, яъне он чӣ дар борааш бо рафиқ ё ҳамсоя гуфтугў кардан мумкин аст, масалан: кор, зан, хона, маош, рўзи истироҳат, маҳидорӣ, киноравӣ, беморӣ… Ман гумон доштам, ки шоир, албатта, дар бораи ин ҳама бо одамон суҳбат кардан метавонад, аммо идроки шоирона ва назми ўро кӣ фаҳмидаву шарик шуда метавонад?
Сонитар фаҳмидам, ки одами ношоир набудааст. Ҳар кас каме табъи шоирӣ доштааст. Чунон ки ошно ба хонаи ошно меҳмон мешавад, шеър ҳам ба дили ҳар кас ҳатман ташриф меовардааст.
(Давом дорад)
МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.
Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.