Назари хеле ҷолиби Расул Ғамзатов дар бораи намуди адабӣ. Охираш

Расул ҒамзатовШавқи суруд дар дили ҳалқи мо, чун меҳри фарзанд, табиӣ ва сареҳ аст. Оре, мо ҳама шоирем, Фарқи мо танҳо дар он аст, ки баъзеҳо шеър менависанд, чунки навишта метавонанд. Дигарон низ шеър менависанд, чунки навишта метавонем гуфта мепиндоранд.

Гурўҳӣ сеюм ҳастанд, ки тамоман шеър аменависанд. Шояд, шоирони ҳақиқӣ ҳамин сеюмиҳо бошанд?

Замоне буд, ким ан шеър наменавиштам. Магар он вақт ман шоир набудам? Магар тапиши дилам сусттару гармии хунам пасттар буд? Магар маро ғаму ғусса камтар азоб медоду шодиву сурур камтар шод мекард? Магар азми донишҷўйии ман сусттар буд? Магар чашмонам ҳусну зебоии заминро аз ҳозира камтар медиданд? Ҳангоме ки пардаи абрҳои сиёҳ медариду аз кадокашон ситораи калони нилуфариро медидам, магар дилам камтар ба шавқ меомад? Магар шилдирроси оби ҷўйборон ба гўшам оҳанги сурудеро намерасонид? Магар аз шунидани садои парвози турнаҳо ва шиҳаи аспҳо дилам беқарор намешуд? Даме ки суруди қадимӣ ва қиссаҳои шуҷоати аҷдодамонро мешунидам, магар ба чашмонам ашк чарх намезад? Ёдам меояд, дар овони бачагиам аспи ҳамсояро бонӣ мекардам. Мукофот ҳамин буд, ки ҳамсоя бар ивази се рўзи аспбониам як афсона мегуфт.

Ёдам меояд, ки он вақтҳо ба қуҳ назди чўпонҳо мерафтам. Ним рўз рафту ним рўз омад буд. Барои он мерафтам, ки як шеър шунавам.Ноки унсукулӣ бошаду ангури нимринӣ, асали бусринию суруди аварӣ.

Ёдам меояд, ки вақти синфи дуюм хонданам аз авуламон-Сада баромада, бо пайроҳаи фарозу нишебӣ кўҳистон ба авули Бусра, ки бист-километра роҳ буд, рафтам. Он ҷо як пирамард, ошнои падарам, ки шеъру суру два ривоятҳои диниро бисёр медонист, зиндагонӣ мекард. Пирамард чор рўз аз пагоҳ то бегоҳ шеъру суруд мехонду ҳидоят мекард, ман, то метавонистам, гуфтаҳои ўро навишта мегирифтам. Ду чашми хўрҷинро пури шеъру суруд карда, хурсандона бармегаштам. Болои авули Бусра кўҳест. Вақте ки сари он кўҳ баромадам, чанд саги калон-калони гиранда аз куҷое пайдо шуда, сўям ҳамла оварданд. Камаш даҳ-дувоздаҳ саг буд. Онҳо аз рўйи сабзазор, мисли торпедаҳое, ки рўи мавҷҳо ба девори сиёҳи киштӣ парида мераванд, сўям метохтанд. Даҳони кушода ва дандонҳои зарди сагҳоро баръало медидам. Агар як дақиқаи дигар мегузашт, онҳо маро пора – пора мекарданд, вале ҳамин дам фарёди чўпоне ба гўшам расид:

-Хоб рав! Наҷунб!

Худро ба замин партофта, парў хобидам. Аз тарс ақаллан мўямро намеҷунбонидам, ба фикрам, ҳатто нафас намекашидам. Фақат дилам гурс-гурс мезад ва гумон мекардам, ки садои онро дар атроф мешунаванд. Сагҳо наздам омада, ҳайрон шуда истоданд, худам ва хўрҷини пур аз шеърамро бўй кашиданд. Онҳо гумон карданд, ки савҳ шуд ва бо ҳайрат ба якдигар нигоҳ карданду тохта рафтанд: сурати ман дар пеши назарашон буд, бинобар ин мехостанд маро дастгир кунанд. Сагҳо пас аз мудатте дар гардиши кўҳ ғоиб шуданд. То ба рамаи гўсфандонаш расида омадани чўпон, наҷунбида хобидам.

– Ту писари кӣ?

– Ман-Расул, писари Ғамзати садагӣ.

Ман қасдан номи падарамро гирифтам, ки чўпон шунида, шояд ба ман   меҳрубонтар шавад ва тарафамро гирад.

-Дар ин кўҳ чӣ кор мекунӣ?

-Ба Бусра барои шеър рафта будам, ана, дар хурҷинам.

Чўпон шеърҳоро аз хурҷин гирифта, варақ зада дид.

-Ту ҳам шоир шуданӣ? Ин хел бошад, чаро аз сагҳо тарсидӣ?

Сагҳо чӣ! Дар роҳат сагҳое ҳамла меоваранд, ки гуфтан надорад!..

онҳо ин сагҳои ман барин шеърҳо бўй кашида монда намераванд.

Лекин ту натарс, аз ҳеҷ чиз тарсидан даркор нест. Медонӣ, ин кадом кўҳ аст? Ҳоҷи Мурод дар вақташ бадрақаҳоро фиреб дода, аз ин кўҳ паридааст. Бадракаҳо ду даст ба бинӣ монданду Ҳоҷи Мурод наҷот ёфтааст. Дар кишварат ҳатто кўҳҳо мадад мекунанд.

Пештар гумон доштам, ки ҳиссиёту ҳаяҷони дилам, муҳаббатам ва ҳатто ҷўшиши хунам-ин ҳама мувақкатианд ва зуд гузашта мераванд. Инак, мўйи сарам сафед, фарзандонам калон, китобҳоям куҳна шудаанд, аммо ҳеҷ кадоми ин ҳиссиёт маро тарк намекунад. Назмам бароям аз ҳама содиқтар баромад. Акнун ман ба он рў меоварам.

Назм, ту маро ҳангоми сиёсатҳои дурам дар рўйи замин ва дар зиндагӣ танҳо нагузоштӣ, ва ҳоло, ки ба баҳри беканору ҳамвори наср шино кардан мехоҳам, низ танҳо намегузорӣ.Медонам, ки ҳикояро ба қифоя даровардан маънӣ надорад. Ҳикояи хуберо ба шеъру сусте мубаддал намудан мумкин. Аммо назм дар ҳикоя, чун намак дар ош аст. Охир, назм намаки тамоми ҳаёти ман аст. Ҳаётам бе назм бенамак ва бемаза мебуд. Дар кўҳистони мо ҳангоме, ки пеши меҳмон таом мегузоранд, овардани намакдонро низ фаромўш намекунанд. Наср дуртар парвоз мекунад, назм баландтар. Наср ба ҳавопаймои калоне шабоҳат дорад, ки кураи заминро оромона давр зада метавонад. Аммо назм, чун ба ҳавопаймои қиркунанда ва қатъкунанда, аз ҷояш тир барин рост осмон мебарояд ва дар як мижа задан ба ҳавопаймои наср, ҳарчанд он баландпарвоз бошад, расида мегирад.

Дар китобам намудҳои гуногуни адабиро бо  ҳам омехта ва ин китобро берун аз ҳудуди Аваристон фиристоданиам. Чаро нафиристам? Шеърҳои мо ба дили хонандагони берун аз ҳудудҳои Доғистон кайҳо роҳ ёфтаанд. Баъзе ҳикояҳо низ роҳномаи сафар гирифтаанд. Аммо драматургияи мо ҳанўз дар хона нишастааст. Шояд, анкетаҳояшро аз назар мегузаронанд, ё рафтору услуби хубро каме ёд гирифтанаш лозим аст.

БАХШҲОИ ҚАБЛӢ:

Назари хеле ҷолиби Расул Ғамзатов дар бораи намуди адабӣ

Назари хеле ҷолиби Расул Ғамзатов дар бораи намуди адабӣ. Идома

Агар ман хаёли драма навиштан мекардам, ҷои воқеаи он тамоми Доғистон, авулҳо, шаҳрҳо, инчунин ҳамаи мамлакатҳо ва тамоми ҷаҳон мешуд. Ороиши он кўҳсорон, замину осмон, дарёҳои равон, баҳрҳои дамон мешуд. Замони воқеаи он асрҳои гузашта, рўзҳои ҳозира ва тамоми оянда мешуд, ҳазорҳо солро бо лаҳзаҳо меомехтам. Иштирокчиёни он ҳам худам мешудам, ҳам падарам, ҳам фарзандонам, ҳам дўстонам, ҳам дўстонам, ҳам одамоне, ки кайҳо аз олам чашм пўшидаанд, ҳам одамоне, ки ҳанўз ба дунё наомадаанд.

Он драма китоби асосии ман- « Ҷанг ва сулҳ»-и ман, «Дон-Кихот»-и ман, «Мазҳакаи илоҳӣ»-и ман мешуд. Вале ман на фақат ба навиштани драма ҷуръат намекунам, балки ба девори китоби ояндаам ҳатто як хишти «драмавӣ» гузоштанро раво намедонам. Драманависиро ба вақти дигар, балки ба нависандагони дигар вомегузорем. Ман ба шеъру наср қаноат мекунам, ба навбат гоҳ из ину гоҳ аз он менависам. Шеър-аспсавориву наср-пиёдагардӣ. Пиёда бошӣ, дуртар меравӣ.

Аспсавор бошӣ, зудтар ба манзил мерасӣ. Гоҳ пиёда мегардам, гоҳе зинсавор. Тавонистаамро ҳидоят мекунам, натавонистаамро месароям. Ҳам ҷўшу хурўши ҷавонӣ дорам. Ҳам хиради пирӣ. Бигзор ҷавонӣ бисарояд, хирад ҳидоят бикунад. Дар вуҷуди ман хислатҳои мухталифе ниҳоданд; ман гоҳ ба дастмолчаҳои оҳарӣ лабу даҳон пок карда, ангуштаро ба дасти чап гирифта, бовиқорона таом мехўрам, гоҳе бо ҳамдиёронам рўи сабза нишаста, дудаста гўшти гўсфанд мехўрам ва аз болояш бўзаро нўши ҷон мекунам. Вақти аз шахр ба кўҳ рафтан ҳамроҳам майи ноб ва меваҷот мебарам. Ҳангоме ки аз назди чўпонҳои меҳмоннавоз ба шаҳр бармегардам, гўсфанди бутунро ба рўйи зин партофта меоям.

Охир, баҳр ҳам гоҳ меҳрубону гоҳ маккор, гоҳ бадхашму гоҳе ғазаббор аст. Монанди ҳамин, дар вуҷуди ман хислатҳои мухталифе ниҳонанд.

Боре дидам, ки дар лаби ҷар ҷавоне ва духтаре дар оғуши ҳамдигар менишастанд. Фақат тарҳашон менамуду бас, онҳо якдигарро чунон сахт ба оғўш гирифта ва ба ҳам омехта буданд, ки якеро аз дигаре фарқ кардан номумкин буд. Айнан монанди ҳамин, дар дили ман ғаму шодӣ, ашку ханда, қуввату заъф ҳаммаконанд.

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.