Назари хос. Иқдоми шоистаи Китобхонаи миллӣ
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани завқи китобхонию китобдўстии ҷавонон рӯзҳои 30-31-уми марти соли 2023 чорабинии рўзи Дарҳои бозро доир намуд.
Дар ин замина барои таъмини иштироки васеи дўстдорони китоб дар ин чорабинӣ роҳбарияти Китобхонаи миллӣ аз ҳама воситаҳои иттилоотрасонӣ аз ҷумла, пахши эълонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ирсоли мактубҳои ҳамкорӣ ба вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ истифода кардааст.
Дар чорабинии мазкур дўстдорони китоб аз вазорату кумитаҳо, корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ аз ҷумла, ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» низ фаъолона иштирок намуданд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, мардумро ба китобхонӣ ва дӯст доштани китоб ҳидоят менамоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, аз 6-уми феврали соли 2020 таҳти № АП-1347, дар бораи нашри китоби академик Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ва ба ҳар оила туҳфа намудани онро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат имкон медиҳад, ки ҳар як сокини кишвар аз таърихи пурифтихори миллати тоҷик ба хубӣ воқиф гардида, дар рушду пешрафти кишвар саҳми фаъол гузоранд.
Дар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа карда шавад».
Маврид ба зикр аст, ки ирсоли туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оила пурра анҷом ёфт.
Фаромўш набояд кард, ки китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст.
Мавзуна САФАРЗОДА,
коргузори кафедраи китобхонашиносӣ
ва библиографишиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода».